Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САРАФРОЗ Муҳаммадамини Самарқандӣ

САРАФРОЗ Муҳаммадамини Самарқандӣ

САРАФРОЗ Муҳаммадамини Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 17). Аз Самарқанд. Соли 1667 аз гуруснагии сахт гурехта, ба Бухоро рафт. Дар ин шаҳр эҷодиёти ӯ камол ёфт ва Сарафроз мақоми баланди шоирӣ пайдо кард. Дар таз- кираи Малеҳои Самарқандӣ Сарафроз ҳамчун шахси зарифу маҷлисоро, хушҳофиза, шоири ҷӯяндаву тозасухан ва дар назму наср устод тавсиф шудааст. Миқдори ашъори Сарафрозро Малеҳо бештар аз 20000 гуфтааст. Девонаш пайдо нест. Намунаҳои осори Сарафроз дар тазкираи Малеҳо ва дигар баёзу ҷунгҳо дарҷ шудаанд. Сарафроз сабки ҳиндиро дар равияи соддаи он ривоҷ додааст. Шеърҳои ӯ бисёр образҳои тоза доранд ва соддаву фаҳмо навишта шудаанд:
Бувад бе холи абрӯи ту бо ман,
Ситора сангу мох, фалохан.
Агар гӯям сухан аз шӯрбахтӣ,
Даҳонам пурнамак гардад чу ҳован.
Адабиёт: М и р з о е в А., Сайидо Насафи и его место в истории таджикской литературы, Душанбе, 1954; Суханварони Сайқали рӯи замин, Душанбе, 1973.
С. Саъдиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …