Маълумоти охирин

САР

САР, калла, дар анатомия қисми пеши (ё болоии) тани аксар ҳайвон ва одамро гӯянд. Дар Сар ҷузъи олии системаи асаби марказӣ, баъзе узвҳои ҳиссиёт (босира, сомеа, шомма), баъзе қисмҳои системаҳои нафаскашӣ ва ҳозима ҷойгир шудаанд. Дар сари ҳайвонҳои мӯҳрадор мағзи Сар, ки дар дохили ҷумҷума аст, узвҳои шомма, босира, сомеа, даҳон ва ҳалқ ҷой гирифтаанд. Сари гирддаҳонҳо ва аксари моҳиҳо бо сутунмӯҳра беҳаракат пайваст шудааст.

sar-sardard

Сари хазандаҳо, паррандаҳо, тирхӯрҳо (ба ғайр аз кит- шаклҳо) ба туфайли хеле инкишоф ёфтани қисми гардан аз тан нисба- тан дуртар меистад. Аз сабаби ба «дараҷаи баланд инкишоф ёфтани фаъолияти олии асаб, узвҳои ҳиссиёт (шомма, босира, сомеа) Сари паррандаҳо ва аксари ширхӯрҳо хеле ҳаракатнок мебошад. Ба туфайли нағз инкишоф ёфтани мағзи Сар, рост будани тан, бо ду пой роҳ гаштан ва ба олоти меҳнат табдил ёфтани дастҳо Сари одам дорои ҷиҳатҳои хоси анатомӣ гардидааст. Оид ба устухонҳои Сар нигаред, Ҷумҷума.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …