Маълумоти охирин
Главная / Биология / САРЪ – эпилепсия

САРЪ – эпилепсия

САРЪ, эпилепсия (аз юн. ерБ 1атЬапо — медорам, ҳуҷум мекунам), як навъ бемории музмини майнаи сари одамро гӯянд, ки сабабҳои пайдоишаш гуногун буда, асосан дар шакли хурӯҷи (эҳтидоди) такроршаванда зоҳир мегардад. Саръ яке аз бемориҳои маъмули асабию рӯҳӣ мебошад. Ба он қариб 1%-и аҳолии ҷаҳон гирифтор аст. Бештар дар синни 10—15 ба вуҷуд меояд. Саръро аз рӯи шакл ба ирсӣ ва алоимй (Саръҳое, ки дар натиҷаи инҳирофи органикии мағзи сар ва дигар бемориҳо ба амал омадаанд) ва аз рӯи сабабҳои пайдоиш ба реаксияҳои саръӣ, синдромҳои (алоими) саръӣ васаръи аслӣ ҷудо мекунанд.
Омилҳои асосии Саръ: инҳирофи инкишофи дохилибатнии ҷанин ва тавлиди инҳирофӣ; латхӯрии мағзи сар; бемориҳои аз саргузаронидаи парда ва моддаҳои мағзи сар (сарсом, арахноидит ва арахноэнсефалит); заҳролудшавии шадид ва музмин.

sardard
Хурӯҷҳои саръӣ характери гуногун доранд. Хурӯҷи калони саръӣ якбора ё (баъзан) аз аура (ҳис ё андӯҳи рӯҳии кӯтоҳмуддати махсус) сар мезанад. Одатан хурӯҷ ба ҳисоби миёна 2—3 дақиқа давом мекунад. Ҳамлаҳои Саръ дар намуди ногаҳон беҳущ шудан ва афтодани бемор ва ё дар дигар ҳолатҳо якҷоя бо ҳамлаҳои ве- гетативӣ, пароксизм ва ғайра ба амал меоянд. Дар баъзе ҳолатҳои Саръ агар ихтилоҷ танҳо гурӯҳҳои муайяни -мушакҳоро фаро гирад, дар ҳолатҳои дигар психози саръи (ихтилоли изтироб, таваҳҳумот, васваса) сар мезанад. Хурӯҷи Саръ дар тамоми умр як бор, рӯздармиён ё ҳар шаборӯз якчанд маротиба такрор мешавад. Саръи ихтилоҷӣ вазнин мегузарад. Истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, сари вақт истеъмол накардани препаратҳои зиддисаръӣ, бемориҳои сироятӣ ва ғайра омилҳои пайдоиши Саръ мебошанд.
Муолиҷаи Саръ ба шаклу сабаби пайдоиииш ва рафти беморӣ вобаста аст. Истифодаи фенобарбитал (люминал), гексамидин, бензонал, дифенин (дилантин), хлоракон, феналон, триметин (тридион, птимал) ва ғайра; дар баъзе ҳолатҳо ҷарроҳӣ равост. Соли 1967 олимони Институти химияи Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон карбатин ном доруеро ихтироъ карданд, ки барои муолиҷаи Саръ истифода мешавад. Барои пеш- гирӣ ва муолиҷаи беморони Саръ барқарор намудани шароити хуб дар коллектив ва оила „омилҳои муфиданд.
Адабиёт.: Б о л д ы р е в А. Им Эпилепсия у взрослых, Москва, 1971; Сараджяшвили П, Мм геладзе Т. Ш. Эпилепсия, Москва 1977; Пулатов А. Мм Никифоров А. См Эпилепсия, дар китоби: «Кли- ническая неврология», 1979. А. М. Пулодов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …