Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / САПРОПЕЛИТҲО

САПРОПЕЛИТҲО

САПРОПЕЛИТҲО, ангиштҳои сапропелӣ, сарватҳои зеризаминии сахти сӯзандаро гӯянд. Сапропелитҳо дар қаъри кӯлу лагунаҳо аз тағйири боқимондаи растаниҳои дараҷаи паст ва ҳай- вонҳои соддатарин ба вуҷуд меояд. Рангаш бӯр, бӯри хокистартоб, си- ёҳ. Сапропелитҳоро аз рӯи таносуби миқдори микрокомпонентҳои сапропелӣ (алгенит) ва гумусӣ (витринит, фюзипит ва лейптинит)-и таркибаш ба Сапропелитҳои хусусӣ (богхед, сапроколит), Сапропелитҳои гумитӣ (кеннел, касянит) ҷудо мекунанд.

analysis-on-the-quality-and-safety-of-sapropel-02

Дар Сапропелитҳо миқдори моддаҳои газмонанд (60—90%), зифт (50%), гидроген (7—12%) нисбат ба гумолитҳо хеле зиёд аст. Сапропелитҳо дар ҳавзаҳои ангишти назди Москва, Иркутск (Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР), Рур (Республикаи Федеративии Германия) ва ғайра мавҷуд аст. Аз Сапропелитҳо сӯзишвории равғанӣ ҳосил мекунанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …