Маълумоти охирин
Главная / Илм / САПОНИНҲО

САПОНИНҲО

САПОНИНҲО (собун), пайвастҳои мураккаби бенитрогени органикиро аз гурӯҳи гликозидҳои наботӣ гӯянд. Ҳангоми гидролизи кислотагӣ ё ферментативӣ Сапониҳо ба моносахаридҳо (як ё якчанд молекула) ва қисми ғайриангиштобӣ — агликон (сапогенин) таҷзия мешаванд. Вобаста ба сохти химиявии агликон Сапонинҳо тритерпеноидӣ ва стероидӣ мешаванд. Сапониҳо бисёртар дар растаниҳо ва баъзе ҳайвонҳои баҳрӣ (ситораи баҳрӣ, голотурияҳо) мавҷуданд. Хусусияти Сапониҳо он аст, ки онҳо ба монанди собун маҳлули тезкафккунанда ҳосил мекунанд. Бо фенолҳо, спиртҳои олӣ ва ғайра, пайвасти устувори молекулавӣ ҳосил менамоянд, ки ин хусусиятро барои тоза, ҷудо ва муайян кардани миқдори худи Сапониҳо истифода мебаранд. Сапониҳо мазаи талху тунд дорад. Сапониҳои стероидӣ ҳамчун ашёи хоми арзон дар истеҳсоли гормонҳои стероидӣ истифода мешавад. Сапониҳоро инчунин барои пур кардани оташхомӯшкунакҳо ва дар истеҳсоли нӯшокиҳои газнок, пиво ва ғайра ба кор мебаранд. Бисёр растаниҳои доругӣ Сапониҳо доранд, ки онҳоро чун васоили балғамрон ва пешобовар истифода мебаранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …