Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САОЛИБӢ Абӯмансур Абдулмалик ибни Муҳаммад ибни Исмоили Нишопурӣ

САОЛИБӢ Абӯмансур Абдулмалик ибни Муҳаммад ибни Исмоили Нишопурӣ

САОЛИБӢ Абӯмансур Абдулмалик ибни Муҳаммад ибни Исмоили Нишопурӣ (961, Нишопур —1038, ҳамон ҷо), олим ва адиби эронинажоди араб. Дар Нишопур таҳсил кардааст. Азбаски ба савдои пӯсти рӯбоҳ машғул шуда буд, ӯро Саолибӣ (саолиб ҷазираи саълаб, ки ба арабӣ рӯбоҳ аст) гуфтаанд.
Саолибӣ бо роҳи тиҷорат ба нимҷазираи Арабистон, Испания, Ироқ, Хуросону Мовароуннаҳр ва Хоразм сафар карда, дар ин ҷойҳо дониши худро тақмил додааст. Аз ашъори Саолибӣ, ки ба забони арабист, 23 байт боқист. Саолибӣ бештар чун муаррих ва адабиётши- нос машҳур аст. Ӯ зиёда аз 50 асар навиштааст, ки машҳуртаринашон «Ятимат-уд-даҳр», «Ғурар ахбор мулук ал-фурс ва сияруҳум («Беҳта- рин ахбор оид ба шоҳони форс ва саргузашти онҳо»; номи дигар «Шоҳнома»-и Саолибӣ) мебошанд.
Адабиёт: X а н н а а л ь-Ф а х у р и, Истории арабской литературы, том 2, Москва, 1961; А б д у л л а е в И., Абу Мансур-ас-Саодибий, Тошкент, 1972. Т. Мардонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …