Маълумоти охирин

САОДАТ

САОДАТ (— хушбахтӣ, некбахтӣ, бахтиёрӣ), мафҳуми ахло- қиест, ки вазъу рӯҳия ва қаноатмандии ботинии инсонро нисбат ба натиҷаҳои фаъолияту амалаш дар ҳаёт ифода мекунад. Саодат яке аз шаклҳои ҳиссию эҳсосии идеал буда, мафҳуми он на фақат ҳолати конкретии объективӣ ё субъективии шахс, балки тасаввури ҳаёти хушбахтонаро низ инъикос мекунад. Аз ин рӯ, Саодат ба мисли бахт мафҳуми таърихию синфӣ буда, вобаста ба манфиату шароити зин- дагии ҳар як синф ба таври гуногун идрок мешавад.
Фалсафаи атиқа мафҳуми Саодатро ҳамчун категорияи ахлоқӣ таъбиру таъвил намудааст. Мутафаккирони асрҳои миёнаи форс-тоҷик Ибни Сино, Насируддини Тусӣ, Ҷалолуддини Даввонӣ ва дигар ҷиҳатҳои гуногуни мафҳумҳои ахлоқиро мавриди баррасӣ қарор дода, бахту Саодатро қисми таркибии камолоти ахлоқӣ донистаанд. Ибни Сино дар рисолаи «Мабдаъ ва маод» овардааст, ки «ҳар нируеро феъл аст, ки он ниру ба он феъл аст ва ҳусули камолаш саодати он аст. Пас камоли нируи шаҳват ва саодаташ лаззат аст ва камоли нируи ғазаб ва нируи саодаташ пирузӣ ва ғалаба аст ва камоли нируи ваҳм орзу ва умед аст ва камоли хаёл тахайюли чизҳои писандидаи нек аст».
Классикони марксизм-ленинизм қайд намудаанд, ки агар кӯшиши шахсони алоҳида барои расидаи ба Саодати шахсӣ берун аз манфиатҳои ҷамъиятӣ бошад, ӯро ба худбинӣ оварда мерасонад. Саодати ҳақиқӣ дар заминаи муносибати оқилона, муборизаи револютсионӣ барои дигаргунсозии ҷамъият, ба амал баровардани идеалҳои коммунистӣ, мубориза барои ояндаи дурахшони инсоният ба вуҷуд меояд, ки он мазмуну моҳияти зиндагии сардатмандонаро ифода мекунад. М. Ҳазратқулов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …