Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САНЖЕЕВ Гарма Дансаранович

САНЖЕЕВ Гарма Дансаранович

САНЖЕЕВ Гарма Дансаранович (таваллуд 8. 2. 1902, деҳаи Тайшини уезди Балаӯани, губернияи Иркутск, ҳозира райони Алари вилояти Иркутск —6. 12. 1982, Москва), забоншиноси советӣ. Док- тори илмҳои филологии (1948). Профессор (1953). Ходими Хизматнишондодаи Илм ва Техникаи Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Бурятия. (1962), Ходими Хизматнишондодаи Илми Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия (1973). Профессори хориҷии Академияи Фанҳои Республикаи Халқии Муғулистон (1903). Аъзои Фахрии Ҷамъияти ба номи Кёрёшчома (Венгрия, аз соли 1970). Санжеев муаллими Университети давлатии Ленинград (1929—31), Институти шарқшиносии Москва (1931—54), Институти забонҳои шарқии Университети давлатии Москва (аз соли 1968), ҳодими илмии Университети коммунистии меҳнаткашони Шарқ (1931—34), Институти забон ва тафаккур (1933—50) буд. Аз соли 1930 ходими илмии институти шарқшиносии Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР. Бо қалами Санжеев тадқиқоти зерин тааллуқ доранд: «Грамматикаи забони қалмоқӣ» (1940), «Грам- матикаи* забони бурятӣ-м уғулӣ » (1941), «Синтаксиси феъл дар забонҳои муғулӣ» (1947), «Забони имрӯзаи муғулӣ» (1951), «Грамматикаи муқоисавии забонҳои муғулӣ. Феъл» 11963), «Забони қадимии муғулӣ» (1964) ниг. Асарҳояш ба забоиҳои хориҷи тарҷума шудаанд.
Адабиёт: Исслелования по восточной филологии. К семидесятилетию профессора Г. Д. Санжеева, Москва, ‘1974; М и л и б а н д С. Д., Биобиблиографический словарь советских востоковедов, Москва, 1977.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …