Маълумоти охирин

САНТУР

САНТУР сантурн, савтир, сози зарбию мизробии чангмонанд. Аз чӯб месозанд, қуттишакл аст. Тахтаи қабати болои косахонааш сӯрохҳои овозбарорӣ дорад. Торҳояш фулузӣ (16—24), ба таври хроматикӣ ҷӯр мешавад, тавассути ду чӯбчаи нӯгаш кӯбакдор менаво- занд. Сантур аз ҷиҳати сохт ба чангҳои ҳозираи Осиёи Миёна шабоҳат дорад ва бештар ба ансамбл ҷӯр мешавад.

santur_paloma2_gross

Сантур дар Гурҷистон, Арманистон, Озарбойҷон, инчунин Ҳиндустон, Эрон, Туркия ва дигар мамлакатҳои Шарқ интишор ёфтааст. Дар байни арабҳо Сантур бо номи с а н ҷ, дар байни украину белорусҳо бо номи симбала машҳур аст. Сантури эронӣ 72 тор дорад ва аз сабаби дароз будани танааш садои фораму маҳин мебарорад. Дар рисолаҳои мусиқии асри 16-и форс-тоҷик Сантур ёд шудааст. Масалан, Дарвешалии Чангӣ дар «Тӯҳ- фат-ус-сурур» Сантур— навозии худ ва машшоқони ҳамзамонашро зикр кардааст. Нигаред, низ Чанг.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …