Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САНОИИ МАШҲАДӢ

САНОИИ МАШҲАДӢ

САНОИИ МАШҲАДӢ Хоҷа Ҳусайн ибни Ғиёсуддин Му- ҳаммади Машҳадӣ (1500, Машҳад — 1588, Лоҳур), шоири эронӣ. Аз оилаи баззоз. Ба шоири ном бароварда, муддате дар Машҳаду Сабзвор зиндагӣ кардааст. Ба маълумоти тазкиранигорон «ашъори обдори он суханофари он бағоят рангин ва воридоти пуркори он маънигузин бениҳоят матин» буда, дар шеър «тарзу равиши хосе» доштааст. Ашъори шоирро дар Ироқу Хуросон ва Ҳиндустон меписандидаанд. Соҳиби «Мунтахаб-ут-таворих» мегӯяд: «Ҳусайни Саноӣ аз шеър аҷаб толее дорад. Девони ӯро эрониён ва ҳин- дустониён ба табаррук мехаранд». Нусхаҳои дастнависи девони шоир дар китобхонаҳои ҷаҳон маҳфузанд. Як нусхаи куллиёти ӯ дар китобхонаи Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических СССР маҳфуз аст, ки қасоид, ғазалиёт, маснавии «Искандарнома» ва «Соқинома»-и шоирро дар бар мегирад.
С. Асадуллоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …