Главная / Ҷамъият / САНОАТИ ВАЗНИН

САНОАТИ ВАЗНИН

САНОАТИ ВАЗНИН, гурӯҳи соҳаҳои саноат, ки асосан воситаҳои истеҳсолот мебароранд. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР ба Саноати вазни саноатҳои элсктроэнергетика, сӯзишворӣ, металлургияи сиёҳу ранга, мошинсозӣ ва коркарди металл, химия ва нефт, ҷангал, чӯбу тахта, селлюлозаю коғаз ва масолеҳи бинокорӣ дохил мешаванд.
Саноати вазнии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР дар инкишофи қувваҳои истеҳсолкунандаи мамлакат, барпо кардани базаи моддию техникии коммунизм мавқеи муҳим дошта, он асоси такрористеҳсоли васеи сотсиалистӣ, такмили техникаи хоҷагии халқ ва иқтидори мудофиавии давлат, баландшавии самаранокии истеҳсолот ва афзоиши дараҷаи некӯаҳволии халқ мебошад.

sanoat
Дар Россияи тореволютсиони Саноати вазнин бинобар қафомонии иқтисодии мамлакат суст тараққӣ мекард. Соли 1913 қариб 1/3 ҳиссаи маҳсулоти умумии саноатро Саноати вазнин баровард. Вазни қиёсии мошинсозӣ дар маҳсулоти саноатӣ қариб 9% ва саноати химия камтар аз 3% буд. Як қатор соҳаҳои Саноати вазнин (дастгоҳсозӣ, асбобсозӣ, истехсоли таҷҳизоти металлургӣ, автомобил ва трактор) вуҷуд надоштанд. Бисёр навъҳои маҳсулоти истеҳсолиро аз хориҷа меоварданд. Дар иқтисодиёти Саноати вазнин вазни қиёсии капитали хориҷӣ мавқеи асосӣ дошт. Ҳиссаи он дар металлургияи сиёҳ 75%, саноати нефт 60%, саноати химия 40% буд.
Баъди Револютсияи Октябр Партияи Коммунистӣ ва Ҳукумати Советӣ плани ленинии сохтмони сотсиализмро ба ҳаёт татбиқ намуда, тараққии муттасили Саноати вазнинро ба роҳ монданд. Плани ГОЭЛРО ба амал бароварда шуд. Индустронии мамлакат ба ташкили истеҳсолоти калони мошинӣ имкон дод. Махсусан мошинсозӣ, электроэнергетика, саноати химия ва дигар соҳаҳои Саноати вазнинС. в., ки ба пешрафти тех- никии тамоми хоҷагии халқ таъсир мерасониданд, тараққӣ ёфт. Дар панҷсолаҳои пешазҷангӣ (1929—40) бисёр корхонаҳои калон сохта шуданд, соҳаҳои нави Саноати вазнин (авиасия, автомобил, тракторсозӣ, комбайнсозӣ, дастгоҳсозӣ, мошинсозии металлургӣ ва ғайра) ба вуҷуд омаданд, дараҷаи техникии истеҳсолот афзуд. Соли 1940 маҳсулоти умумии саноат ннсбат ба дараҷаи пешазҷангӣ 7,7 баробар, Саноати вазнин бошад, 14 маротиба зиёд шуд. Дар натиҷаи тараққии Саноати вазнин Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР ба мамлакати пуриқтидори индустриалӣ табдил ёфт. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) Саноати вазнин фронтро бо яроқу аслиҳа таъмин кард.
Дар панҷсолаҳои баъдиҷангӣ Саноати вазнини Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР босуръат тараққӣ кард. Соли 1975 ҳаҷми умумии маҳсулоти саноат нисбат ба соли 1940-ум 17 баробар, истеҳсолӣ маҳсулоти мошинсозӣ ва коркарди металл 49, саноати химияю нефт 44, саноати масолеҳи бинокорӣ 38 ва электроэнергетика 26 баробар афзуд. Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР аз ҷиҳати истеҳсоли умумии навъҳои муҳимми маҳсулоти Саноати вазнин (нефт, ангишт, ҷӯян, пӯлод, маъдани оҳан, кокс, нуриҳои минералӣ, чӯбу тахта, семент, конструксияҳои оҳанубетон васлшаванда, тепловозу электровозҳои магистралӣ, тракторҳо) дар ҷаҳон ҷои якумро (1975) гирифт. Динамикаи инкишофи соҳаҳои Саноати вазнин ва истеҳсоли навъҳои муҳимми маҳҳсулот дар ҷадвалҳои 1 ва 2 нишон дода шудааст.
Саноати Тоҷикистони тореволютсионӣ хеле қафомонда буд. Дар тамоми Тоҷикистони Шимолии тореволютсионӣ ҳамагӣ аз ду се ҳиссаи корхонаҳои саноатӣ кор мокарданд. Корхонаҳои калони ин ноҳия кони нефти САНТО, кони ангиштсанги Шуроб ва кони озокерити Селроҳа буданд. Соли 1913 ҳамагӣ 28 ҳазор тонна ангишт ва 10 ҳазор тонна нефт истеҳсол шуд. Дар Бухорои Шарқӣ (ҳозира Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷануби Шарқӣ) то охири солҳои 20 ягона корхонаи саноати набуд.
Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ ба ташкилу инкишофи Саноати вазнини республика диққати калон дода шуд. Дар панҷсолаи 1-ум 58,9% маблағи умумии саноат ба Саноати вазнин сарф шуд. Дар панҷсолаҳои пешазҷангь Саноати вазнини республика тараққь кард. Соли 1940 ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноати сӯзишворӣ назар ба соли 1918-ум 32 баробар, мошинсозӣ ва коркарди металл 28, чӯбу тахта 3,4 баробар афзуд.
Саноати вазнини республика баъди ҷанг боз ҳам тараққӣ кард. Соҳаҳои нави Саноати вазнин — саноатҳои химия, злектротехника, газ, бофандагӣ, мошинсозӣ хоҷагии қишлоқ ва ғайра ба вуҷуд омаданд. Саноат ба истеҳсоли нуриҳои минералӣ, трансформатор, маснуоти кабелӣ, яхдон, дастгоҳҳои бофандагӣ, мошинҳои хоҷагии қишлоқ, гази табиӣ шурӯъ намуд. Солҳои охир дар ҷойгиршавии Саноати вазнин тағйироти куллӣ ба амал омад. Дар Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷануби Шарқӣ бисёр корхонаҳои Саноати вазнин бунёд гардиданд. Дар панҷсолаҳои баъдиҷангӣ корхонаҳои калони Саноати вазнин — комбинати сементу шифер, заводҳои яхдон, «Тоҷиктекстилмаш”, «Тоҷиккабелл», трансформаторбарорӣ, нуриҳои нитрогендор, алюминий, стансияҳои олавии Душанбе(225 ҳазор килоВатт) ва Ёвон (180 ҳазор килоВатт), Гидро Электро Стансияи Норак (2,7 миллион килоВатт), Комбинати сурбу руҳи Адрасмон, Комбинати маъдантозакунии Анзоб,конҳои ангишти «Тоҷикугол» (Шӯроб) сохта шуданд. 3аводи арматурбарории ба номи С. Орҷоникидзе васеъ карда шуд. Дар панҷсолаи 9-ум истеҳсоли маҳсулоти металлургияи ранга 2,3 баробар, мошинсозӣ ва коркарди металл 1,7, саноати химия 2,1, электроэнергетика зиёда аз 1,5 баробар афзуд. Соли 1980 стансияҳои электрии Тоҷикистон 13,6 миллиард килоВатт-сония энергияи электр истеҳсол намуданд, ки назар ба энергияи электри Россияи тореволютсионӣ (1913) 5,4 баробар зиёд буд. Заводҳои арматурбарории ба номи С. Орҷоникидзе, «Тоҷиктекстилмаш», 3аводи трансформаторбарории Қӯрғонтеппа ва ғайра барои зкспорт маҳсулот мебароранд. Ҳоло Тоҷикистон ба 42 мамллкат беш аз 50 навъи маҳсулоти Саноати вазнинро экспорт мекунад. Инкишофи истеҳсолоти соҳаҳои Саноати вазнини респуб- лика дар ҷадвали 3 акс ёфтааст.
Адабиёт: Очерки истории народного хозяйства Таджикистана, Душанбе, 1967: Ефимов А. Н., Экономика и планирование советской промышленности, Москва, 1970; Шарипов В., Рахматуллаев X.. Шаги нашего развития, Душанбе, 1976: Народное хозяйство Таджикской Советской Социалистической Республики 1978 года. Стат ежегодник, Душанбе, 1980; К а п у с т и н М. Д., Итоги экономического и социального развития Таджикской Советской Социалистической Республики на четыре года десятой пятилетки и задачи на 1980 год, Душанбе, 1980. И. Раҳматоав.

Инчунин кобед

Сулолаи САФФОРИЁН

САФФОРИЁН, сулолаи амирони эронӣ (861—900), ки дар пароканда шудани хилофати Аббосиён ва озод кардани Эрон …