Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САНОАТИ ТРИКОТАЖ

САНОАТИ ТРИКОТАЖ

САНОАТИ ТРИКОТАЖ, як соҳаи саноати бофандагист, ки матоъҳои трикотажӣ, аз ҷумла ҷӯроб, либосҳои трикотажии таг ва рӯ, дастпӯшак, каллапӯш, шарф (гарданпеч) ва дигар маснуоти техникию саноатӣ истеҳсол мекунад. Барои истеҳсоли маҳсулоти трикотажӣ навъҳои гуногуни ресмонҳои пахтагин, пашмин ва нахҳои сиитетикиро истифода мебаранд.

sanoati-sabuk
Истеҳсоли либосҳои трикотажӣ дар Франсия, Британияи Кабир ва Германия охири асри 18— аввали асри 19 инкишоф ёфт. Дар Россияи тореволютсионӣ аввалин корхонаҳои косибии трикотажи охири асри 19 пайдо шуданд. Соли 1913 дар Россия 22 корхонаи косибии трикотажӣ буд, ки 15 миллион ҷуфт ҷуроб, 1,5 миллион адад либоси трикотажии таг, 250 ҳазор адад либоси трикотажии рӯ ва 3 миллион рӯймол мебароварданд. Соли 1928 дар системаи Саноати сабуки Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (бе корхонаҳои трикотажии саноати маҳаллӣ) 70 корхонаи тикотажӣ 67,7 миллион ҷуфт ҷӯроб, 6,9 миллион адад либоси трикотажии таг, 1,4 миллион адад либоси трикотажии рӯ истеҳсол карданд. Дар панҷсолаҳои пешазҷангӣ (1929—40) Саноати трикотаж хеле тараққӣ кард, фабрикаҳои калони трикотаж сохта шуданд.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) Саноати трикотаж басо зарар дид. Корхонаҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Украина, Республикаи Советии Сотсиалистии Болгария, республикаҳои Прибалтика ва вилоятҳои ғарби Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия, ки соли 1940 дар онҳо қисми зиёди маҳсулоти Саноати трикотаж бароварда мешуд, аз кор монданд. Дар панҷсолаи 4-ум (1946—1950) корхонаҳои трикотажи зарардидаро барқарор карда, аз нав ҷиҳозониданд. Афзоиши муттасили истеҳсоли нахҳои химиявӣ, хусусан сесмонҳои синтетикӣ ва пешрафтп оосуръати техникии истеҳсолоти трикотаж ба тараққии Саноати трикотаж мусоидат карданд (нигаред ҷадвали 1).
Саноати трикотаж дар ҳамаи республикаҳои иттифоқӣ мавҷуд аст Саноати трикотажи Тоҷикистон нисбатан хӯрд буда, фабрикаҳои трикотажи Душанбе, ҷӯроббофин Душанбе, либоси трикотажии Ӯротеппаро дар бар мегирад. Фабрикаи трикотажи Душанбе. Сохтмо- ни фабрика соли 1945 сар шуд. Сехи бофандагии он фақат мошини трикотажии МТ — «Полтавка» — 13 дошт, ки ресмони пахтагини № 34/1 мебаровард. Соли 1947 ба фабрика таҷҳизоти нав — мошини трикотажии МТ-1-и класси 26 оварданд, ки ресмони пахтагини № 54/1 (аз соли 1953 ресмони № 60/1) истеҳсол мекард. Дар сехи рангрезӣ ҳамаи корҳо дастӣ иҷро мешуданд. Матоъро дар дегҳои оддӣ мехушкониданд. Фабрика он вақт эзор, фуфайка, шалвор, майка ва ҷӯробҳои пахтагини бачагонаву мардона мебаровард. Солҳои панҷсо- лаи 9-ум (1971—1975) ба фабрика 263 адад таҷҳизоти нав, аз ҷумла 213 мошини дӯзандагӣ ва 16 мошини бофандагӣ оварданд. Соли 1973 бинои нави сехи дӯзандагию бофандагй, ки 12 конвейери дӯзандагӣ дошт, ба кор даромад. Январи 1980 дар фабрикака 357 таҷҳизоти технологии саноати сабук гузошта шуд. Ҳоло он ҷӯробуҳои занонаю мардона ва бачагона, колготкаҳои рангу бофташон гуногун истеҳсол мекунад. Афзоиши муттасили истеҳсоли пахта, нахи химиявӣ (мах- сусан нахи синтетикӣ) ва пешрафти техникии истеҳсолоти трикотаж ба тараққии Саноати трикотаж мусоидат менамояд. Саноати трикотажи Тоҷикистон сол то сол ва босуръат тараққӣ мекунад (нигаред ҷадвали 2).
Соли 1979 фабрика ба маблағи 934 ҳазор сӯмина маҳсулоти дорои Нишони давлатии сифат ва 904 адад маҳсулоти рақами (индекси) «Н» истеҳсол кард. 71,1%-аш маҳсулоти навъи 1 аст. Дар фабрика аз 779 коргар 610 нафар (597 нафар зан) дар мусобиқаи со- тсиалистӣ иштирок мекунанд. 9 бригада номи «Бригадаи меҳнати коммунистӣ»-ро гирифтааст. 222 кас (аз ҷумла 195 нафар коргар) зарбдори меҳнати коммунистианд. 1 апрели 1980 ду бригадаи участкаи либосбурӣ ба пешвози 110-солагии рӯзи таваллуди Владимир Иич Ленин плани панҷсоларо пеш аз мӯҳлат ва 95 кас планҳои панҷсолаи шахсиро иҷро карданд. Дар фабрика соли 1979-ум 64 нафар унвони «Мутахассиси беҳтарин»-ро гирифт.
Фабрикаи ҷӯроббофии Душ а н б е соли 1958 дар заминаи сехи ҷӯроббофии фабрикаи трикотаж ба вуҷуд омадааст. Он вақт дар фабрика 202 автомати модели кӯҳнаи ДТЧ-14, ЧЛ- 9Н-14 буд. Ҳамагӣ»25 автомати ДЛЦ- 14-и нав дошт. Фабрика асосан аз рес- монҳои ғафс (рақами 40/1, 54/2, 65/2) ва баъзан аз ресмонҳои борик (рақами 85/2 ва 100/2) ҷӯроб мебаровард.
Соли 1958 аз рӯи лоиҳаи Институти лоиҳакашии Ленинград азнавсозии фабрика сар шуд, ки дар натиҷа соли 1966 ф-абрика 23,14 миллион ҷуфт ҷӯроб баровард. Дар фабрика 909 автомати тамғаҳои гуногуни истеҳсоли Республикаи Сотсиалистии ЧехоСлавакия, Республикаи Демократии Германия ва мамлакати мо гузошта шудааст.
Соли 4-уми панҷсолаи 10-ум ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотл умумӣ 17,7%. ҷӯроб 4,2%, ҳосилнокии меҳнат 14,4% афзуд. Дар фабрика ба ҷои автоматҳои дусистемагии каммаҳсул автоматҳои 3,4 ва 8-системагӣ гузошта шуданд, ки барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва зиёд кардани навъҳои маҳсулот хеле кӯмак расонд. Солҳои 1976—1979 дар фабрика барои истеҳсоли колготкаҳои занонаю бачагона 262 автомати шаборӯзкоркунанда, аз ҷумла 40 автомати ЕУа -4 гузошта шуд, ки дар натиҷа ҳосилнокии меҳнат дар баъзе участкаҳо 61,5% афзуд. Барои истеҳсоли ҷӯробҳои мардона 12 автомати ДЗЧ-И ва ҷӯробҳон бачагона 10 автомати АНГЭ, барои истеҳсоли маҳсулоти пахтагини бачагона автомати АН-14 гузошта шуданд.
Соли 1979 дар фабрика 7 хатти автоматӣ, 30 таҷҳизоти дӯзандагӣ, аз ҷумла 10 оверлоки 1208 Д ва 6 просесси нави технологӣ ҷорӣ шуд.
Истеҳсоли маҳсулоти навъи 1-ум сол то сол меафзояд. Агар соли 1975 истеҳсоли маҳсулоти навъи 1-ум87,5% бошад, соли 1979 ба 89,9% расид. Дар соли 4-уми панҷсолаи 10-ум истеҳсоли маҳсулоти дараҷаи олӣ 17,7 баробар афзуд ва соли 1979-ум 3160 ҳазор ҷуфт ҷӯроб бароварда шуд. Истеҳсоли ҷӯроби хушсифати рақами «Н” аз 495 ҳазор ҷуфт (1975) то 6085 ҳазор ҷуфт (1980) зиёд шуд. Соли 1979 истеҳсоли колготкаҳои бачагона ба 517 ҳазор адад, ҷӯробҳои мардона ба 7 миллион ҷуфт, колготкаҳои занона ба 660 ҳазор адад расид. Истеҳсоли ҷӯробҳои гуногуни бачагона аз 16,7 (1975) то 19,8 миллион ҷуфт (1980) афзуд.
Адабиёт: Хромов П. А., Очерки «экономики текстильной промышленности, Москва— Ленинград„ 1040; К о р н е е в А. М., Текстильная промышлешность Союз Советских Социалистических Республик СССР и пути ее развития, Москва, 1057; Советский Таджикистан за 60 лет. Статсборник, 1984.
А. Шерназаров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …