Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САНОАТИ ТАМОКУ

САНОАТИ ТАМОКУ

САНОАТИ ТАМОКУ, як соҳаи саноати хӯрокворист, ки ашёи хом ва маҳсулоти тамокую махорка тайёр мекунад. Аввалин фабрикаҳои тамоку дар Англия ва Голландия (асри 17) пайдо шудаанд. Дар Россия Саноати тамоку аввали асри 18, вақте ки дар Петербург ва дарёи Ахтирка (Украина) фабрикаҳои тамоку пайдо шуданд, ба вуҷуд омад. Соли 1860 шумораи корхонаҳо ба 551 расид. Дар Россия бори аввал дар ҷаҳон маҳсулоти нави тамоку — папи- росро истеҳсол карданд. Охири асри 19 консентрасияи истеҳсолот вусъат ёфт, шумораи корхонаҳо 2 баробар кам шуда, истеҳсоли папирос ва дигар маҳсулоти тамоку 10 баробар афзуд.
Баъди Револютсияи Октябр (1917) фабрикаҳои тамоку ба ихтиёри давлат гузаштанд. Солҳои Ҷанги Гражданӣ (1918—1920) истеҳсоди маҳсулоти Саноати тамоку муваққатан кам шуд. Соли 1926—1928 истеҳсоли маҳсулоти махорка ва тамоку вусъат ёфг. Механиконии истеҳсолот ба роҳ монда шуд. Соли 1927, дар Краснодар аввалин дар ҷаҳон заводи ферментасияи тамоку сохта шуд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1941—1945 дар Поволжия, Урал, Сибир фабрикаҳо сохта, корхонаҳои Осиёи Миёна васеъ карда шуданд.

tabacco
Аввали солҳои 50 корхонаҳои вайроншудаи Саноати тамоку дар асоси техникаи нав аз нав барқарор карда шуданд. Истеҳсоли сигарет, аз он ҷумла сигарети филтрдор афзуд. Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СОСР аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти тамоку дар ҷаҳон (пас аз Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва Хитой) ҷои 3-юмро ишғол мекунад. Солҳои 1950— 1980 иқтидори фабкаҳои тамоку афзуд; истеҳсоли папиросу сигарет ба ҳисоби миёна аз 2,9 миллиард ба 8,1 миллиард дона расид. Самараи меҳнат 36% афзуд. Соли 1980 дар Саноати тамоку ҳазорҳо кас кор мекард. Соли 1980 дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР 284 ҳазор тона ашёи хоми тамоку тайёр карда шуд. Дар давоми солҳои 1965—1970 истеҳсоли тамоку 105 ҳазор тонна, замини кишт 45 ҳазор гектар афзуд.
Дар Тоҷикистон аввалин фабрикаи тамоку соли 1945 (шаҳри Душанбе) ба кор даромад. Дертар дар шаҳри Панҷакент фабрикаи ферментасияи тамоку сохта шуд. Дар ин корхонаҳо зиёда аз садҳо нафар коргарон кор ва ба маблағи 72,1 1миллион сӯм маҳсулот тайёр мекунанд. Вазни қиёсии Саноати тамоку дар саноати хӯроквории республика аз рӯи шумораи коргарон миқдори фондҳои асосии истеҳсолӣ ва миқдори маҳсулот он қадар калон нест. Соли 1982 (дар республика 4878 миллион дона папирос ва сигарет тайёр карда шуд.
Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР ҳоло 67%-и маҳсулоти тамокуро сигарет, 28%-ашро папирос ва 5%-ашро махорка ташкил ме- диҳад. Соли 1980 дар ҷаҳон 3950 миллиард дона сигарет (қариб 70%-аш дар 11 мамлакат: Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Республикаи Халқии Хитой, Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР, Япония, Республикаи Федеративии Германия, Британияи Кабир, Бразилия, Франсия, Полша, Италия, Ҳиндустон) истеҳсол шудааст.
М. Нурназаров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …