Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САНОАТИ СПИРТ

САНОАТИ СПИРТ

САНОАТИ СПИРТ, як соҳаи саноати хӯрокворигст, ки аз ашёи хоми истеъмолӣ (ғалла, картошка ва ғайра) спирти этили омехта ва холис (ректификат) ҳосил мекупад. Спирти этилро асосан дар саноати хӯрокворӣ, тиб па радиоэлектроника истифода мебаранд. Ба мақсадҳои техники миқдори зиёди спирти этилро асосан бо роҳи гидролиз истеҳсол намуда, бо усулҳои гуногуни химиявӣ синтез мекунанд (нигаред, Спирт). Бо роҳи туршонии моддаҳои қанду оҳардор ҳосил кардани нӯшокиҳои спиртӣ аз қадим маълум буд. Ҳанӯз дар асри 11 (Италия) спиртро аввалии бор дар натиҷаи буғронии май ҳосил карда буданд. Минбаъд дар Европаи Ғарбӣ ва Россия (асри 14) истеҳсоли спирт (асосан аз ғалла) вусъат ёфт. Ба- робари тараққии капитализм дар Россия шумораи корхонаҳои истеҳ- соли спирт афзуд. Дар охири асри 19 ва аввали асри 20 заводҳои калони Саноати спирт сохта шуданд.

may
Дар натиҷаи эҳтиёҷи рӯзафзуни техникӣ Саноати спирт дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР тараққӣ кард. 3аводҳои калони спирт дар вилоятҳои Тула, Иваново, Кемерово, Полтава, Ҷамбу) ва ғайра сохта шуданд, ки бо таҷҳизоти нав таҷҳизонида шудаанд. Соли 1980 истеҳсоли спирти этил (аз ашёи хоми озуқа) нисбат ба 1940-ум 2,3 баробар афзуд.
Истеҳсоли спирти этил аз ашёи озуқа дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Сотсиалистических Республик СССР, миллион дал
Барои Саноати соат дар ноҳияҳои коркарди саноатӣ муттаҳид кардани заводҳои спирт, баробари гандуму картошка ба сифати ашёи хом истифода бурдани мелассаи лаблабуи қанд (моеъи шарбатмонанди сиёҳтоб) хос аст. Соли 1940 аз гандум 68% ҳаҷми истеҳсолот, картошка 16,8%, меласса 15,2% спирт истеҳсол карда шуд. Соли 1970 мувофиқан—50%, 9%, 41%. Солҳои 1965—1980 ҳосилнокии меҳнат дар Саноати спирт 70% афзуд.
Дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамаги як корхонаи истеҳсоли спирт (шаҳри Исфара) мавҷуд аст, ки соле зиёда аз 300 ҳазор дал спирти этили омехта мебарорад. Истеҳсоли спирт дар ин завод сол то сол меафзояд. Чунончӣ, агар соли 1940 завод ҳамагӣ 1000 дал спирт истеҳсол карда бошад, 1980 ин миқдор ба 300 ҳазор дал расид. Корхонаи спирти шаҳри Иофара соле ба маблаги 1,7 миллион сӯм маҳсулот мебарорад. Фоидаи солонаи завод зиёда аз 40 ҳазор сӯм аст.
Масъалаҳои тараққии соҳаи истеҳсоли спирт аз пурра ҷорӣ кардани просессҳои нави технологӣ, интенсивонии истеҳсолот, ҷорӣ кардани систсмаҳои автоматии идораи просессҳои технологӣ ва автоматонии комплексӣ, механиконии корҳои ҳамлу нақл ва ғайра иборатанд.
Адабиёт: Климовский Д. Н.. С м и р н о в В. А., Стабников В. Н.. Технология спирта, Москва, 1967; Справочник работника спиртовой промышленности, Киев, 1972. М. Нурназаров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …