Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САНОАТИ СОАТ

САНОАТИ СОАТ

САНОАТИ СОАТ, як соҳаи асбобсозист, ки соатҳои дастӣ, кисагӣ, зангӯладор, руимизӣ, деворӣ, ипчунин соатҳои воситаҳои нақлиёт ва дигар асбобҳои махсуси ченаки вақт ва ғайра мебарорад
Истеҳсоли соат дар ибтидо хусусияти косибӣ дошт. Аввалин сехи соатсозӣ соли 1453 дар Париж ба вуҷуд омадааст. Асри 16 дар Герма- ния истеҳсоли саноатни соатҳои кисагии муҳаррики фанардор сар шуд. Нимаи дуюми асри 19 дар Швейсария, Германия, Япония ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка истеҳсоли саноатии соат ба вуҷуд омад. Дар Россия истеҳсоли косибии соатҳои бурҷӣ аз асри 15 маълум буд. Охири асри 10 дар Питербург истеҳсоли хронометр (соати кисагӣ) ва соати киштиро ба роҳ монданд. Дар Россияи тореволютсионӣ қисмҳои соатро асосан аз хориҷа меоварданд.

soat

Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР аввали солҳои 20 дар 3аводи «Авиаприбор» (Москва) соатҳои одии раққосакдор (соатҳои оддии деворӣ) ва зангӯладор бароварданд. Солҳои 1929—1930, Баъди ба кор даромадани заводҳои 1- уму 2-юми соатсозии Москва Саноати соат асос ёфт. Баъдтар соатҳои тамғаи «Победа», «Звезда», «Салют», «Мол- ния» хеле машҳур шуданд. Солҳои 70 Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР соатҳои дастии «Чайка», «Заря», «Слава», «Ракета», «Полёт», со- атҳои зангӯладори «Слава», «Севан» на ғайра баровард. Соли 1975 зиёда аз 15 корхонаи соатсозӣ махсус гардонида шуданд. Заводи соатсозии Пенза соатҳои дастии занона, 3аводи 1-уми Москва соатҳои дастии мардона, 3аводи Орёл соатҳои рӯимизӣ, деворӣ ва зангӯладор, 3аводи Ереван соатҳои зангӯладор мебароранд. Истеҳсоли соатҳои тақвимдор, электронӣ ва ғайра низ меафзояд.
Солҳои панҷсолаи 9-ум (1971—1975) сифати соатҳо хеле баланд ва навъҳои гулогуни он зиёд шуд. Истеҳсоли соатҳои дараҷаи якум аз 18% то 50% афзуд; истеҳсоли соатҳои дастии тақвимдор, тобдиҳаки иловагии автоматидошта ба 5,9 миллион адад расид. Ҳосилнокии меҳнат дар Саноати соат зиёда аз 1,5 баробар афзуд. Соли 1980 дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР 66,7 миллион адад соат истеҳсол карда шуд.
Дар мамлакатҳои сотсиалистӣ Саноати соат бештар дар Республикаи Демократии Германия ва Чехословакия тараққӣ кардааст. Дар ҷаҳон соле тақрибан 250 миллион соат мебароранд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …