Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САНОАТИ ШИР

САНОАТИ ШИР

САНОАТИ ШИР, саноати равғану панир ва шир, як соҳаи саноати хӯрокворист, ки корхонаҳои он аз шир маҳсулоти гуногуни ширӣ — равғани ҳайвонот, консерви ширӣ, шири хушк, панир, бринза, яхмос ва ғайра истеҳсол мекунанд.
Дар Россияи тореволютсионӣ коркарди шир хусусияти косибӣ дошт. Соли 1913 ҳамагӣ 6898 заводи хурд буд, ки 129 ҳазор тонна равғани ҳайвонот 2,3 миллион тонна шир истеҳсол мекард. Ба як корхона ҳамагӣ 318 тонна шир рост меомад. Зиёда аз 60% равған ба хориҷа бароварда мешуд.

shir
Саноати шири Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР солҳои 30 рӯ ба тараққӣ ниҳод. Дар натиҷаи коллективонӣ ва индустронии хоҷагии қишлоқ дар шаҳрҳои Москва, Ленинград, Свердловск, Сочӣ, Кисловодск ва ғайра як қатор корхонаҳои пуриқтидори дорои техни- каи навтарин ба кор даромадаид. Соли 1940 маҳсулоти ширӣ назар ба 1913-ум 3 баробар зиёд шуд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) маҳсулоти Саноати шир ду баробар кам шуд ва соли 1948 ба дараҷаи пешазҷангӣ расид.
Дар мамлакат зиёда аз 2,5 ҳазор корхонаҳои калон равғану панир ва маҳсулоти ширӣ мебароранд. Саноати шир беш аз 250 навъ маҳсулот, аз ҷумла 120 хел маҳсулоти ширӣ, 100 хел панир ва 20 хел консерви ширӣ тайёр мекунад. Соли 1980 дар мамлакат 1278 ҳазор тонна равғани ҳайвонот, 25,3 миллион тонна маҳсулоти ширӣ, 678 ҳазор тонна паниру бринза, 136,0 миллион бонкаи шартӣ консерви ширӣ истеҳсол карда шуд. Дар ҷойгиронии корхонаҳои Саноати шир тағйироти куллӣ ба амал омад. Дар Россияи тореволютсионӣ 72% равғани ҳайвонотро ноҳияҳои Сибир, қариб тамоми панирро марказ (51,5%), Олтой (32,6%) ва Арманистону Гурҷистон (15%) медоданд. Ҳоло ҷойгиронии корхонаҳои Саноати шир вобаста ба миқдори аҳолии шаҳр ва захираи ашёи хом ба роҳ монда шудааст (нигаред, ҷадвали 1).
Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР аз ҷиҳати истеҳсоли шир, равғани ҳайвонот ва коркарди саноати шир дар ҷаҳон ҷои 1-умро ишғол мекунад. Корхонаҳои Саноати шир дар як шаборӯз 50 тонна; 100 тонна, 200 тонна, инчунин аз 500 то 1000 тона ширро кор мекунад. Комбинат ва заводҳои ҳозираи Саноати шир бо хатҳои механиконидаю автоматонида, асбобҳои пастеризатсионӣ, хунуктар, паниртайёркунанда ва ғайра таҷҳизонида шудаанд.
Дар Тоҷикистони тореволютсионӣ саноати шир вуҷуд надошт. Аввалин корхонаҳои камиқтидори ширу равган солҳои 40 дар Душанбе ва Ленинобод сохта шуданд. Соли 1950 дар республика, ҳамагӣ 2,4 ҳазор тонна маҳсулоти шири (ба ҳисоби шир) ва ,1000 тонна равғани ҳайвонот истеҳсол карданд. Корхонаҳои Саноати шир дар солҳои баъдиҷангӣ афзуданд. Дар Ӯротепна, Исфара, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Панҷакент ва Хоруғ якчанд заводҳои нав сохта шуданд. Дараҷаи махсусгардонӣ ва техникии корхонаҳо баланд гардид. Тараққии босуръати Саноати шири Тоҷикистон ба базаи мустаҳками ашёи хом сахт вобаста аст (нигаред ҷадвали 2).
Қисми асосии маҳсулоти ширии ба давлат фурӯхташударо колхозҳо (60%) ва совхозҳо (37%) тайёр мекунанд.
Ҳоло Саноати шири республика дорои 8 корхонаи калон ва чанд корхонаи хурд мебошад, ки дар онҳо ҳазорҳо нафар коргар кор мекунад ва соле ба маблағи қариб 40 миллион сӯмина маҳсулот мебароранд. Муҳимтарини онҳо Иттиҳодияи саноати шири Ду- шанбе, Комбинати шири Ленинобод, комбинатҳои ширу гӯшти Қӯрғонтеппа, Панҷакент, Хоруғ, заводҳои шири Ӯротеппа, Исфара, 3аводи ширу равғани Кӯлоб, заводҳои панири Дӯстӣ ва Ғарм мебошанд. Ин корхонаҳо соле 151,9 ҳазор тонна маҳсулоти ширӣ (ба ҳисоби шир), 4521 тонна яхмос, 5425 тонна равған ва 1296 тонна панир мебароранд. Соли 1980 корхонаҳои номбурда 115,4 ҳазор тонна маҳсулоти ширӣ, 2731 тонна яхмос, 4526 тонна равған ва 713 тонна панир истеҳсол карданд. Дар Тоҷикистон 0,45% маҳсулоти ширӣ, 0,32% равғани ҳайвонот ва 0,1% панири мамлакат истеҳсол мешавад.
Адабиёт: Пищевая промышленность Союза Советских Социалистических Республик СССР, Москва, 1967; Нурназаров М. Н., Развитие и размещение промышленности Северного Таджикистана, Душанбе, 1974; Народное хозяйство Союза Советских Социалистических Республик СССР в 1980 году„ Москва„ 1981; Народное хозяйство Таджикской Советской Социалистической Республики в 1980 глду„ Москва„ 1982.
М. Нурназаров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …