Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САНОАТИ СЕМЕНТ

САНОАТИ СЕМЕНТ

САНОАТИ СЕМЕНТ, як соҳаи асосии саноати масолеҳи бинокорист, ки навъҳои гуногуни семент истеҳсол мекунад. Семент дар хоҷагии халқ асосан дар истеҳсоли бетон, оҳанубетон, инчунин дар саноати асбесту семент, нефт ва дигар соҳаҳои саноат истифода мешавад.
Дар Россия аввалин заводи портланд- семент соли 1839 (Петербург) сохта шуд. Дертар дар Рига (1865—1966), Щуров (1870),’Пунан-Кунда (1870),. Подольск (1873—1974), Новороссийск (1882), Вольск (1897) заводҳои калони семент бунёд ёфтанд. Соли 1913 дар Россия 1777 ҳазор тонна семент истеҳсол намуданд. Солҳои Ҷанги якуми ҷаҳон (1914—1918) истеҳсоли семент хеле кам шуд (соли 1920 бошад, ҳамагӣ 36 ҳазор тонна истеҳсол карданд).

sement
Саноати семент ҳамчун соҳаи калони махсус солҳои Ҳокимияти Советӣ ба вуҷуд омад. Дар панҷсолаҳои пешазҷангӣ (1920—1940) заводҳои кӯҳна аз нав таҷҳизонида ва якқатор заводҳои нав сохта шуданд. Дар натиҷа соли 1928 назар ба 1913 бештар семент бароварданд, соли 1940 бошад, он ба 5773 ҳазор тонна расид. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) як қисми заводҳои семент вайрон ва истеҳсоли семент хеле кам шуд (соли 1945 ҳамагӣ 1845 ҳазор тонна буд). Соли 1948 назар ба 1940 зиёдтар семент истеҳсол гардид.
Дар натиҷаи индустронӣ ва пешрафти сохтмони асосӣ Саноати семент босуръат тараққӣ кард, заводҳои мавҷуда такмил дода шуданд, корхонаҳои нав бино сфтанд. Солҳои 1940—1979 қариб 60 заводи нав (Пикалевск, Белгород, Қараганда, Ангара, Чимкент, Уляновск, Ачинск ва ғайра) ба кор даромад. Соли 1902 Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР аз ҷиҳати истеҳсоли семент дар ҷаҳон ба ҷои 1-ум баромад ва соли 1980 истеҳсоли семент ба 125 миллион тонна расид (нигаред, ҷадвал).
Истеҳсоли семент дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР, миллион тонна
Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР аз ҷиҳати истеҳсоли семент ба ҳар сари аҳолӣ аз Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва Бри- танияи Кабир пеш гузашт.
Манбаи ашёи хоми Саноати семент ҷинсҳои карбонатӣ ва гилдоранд. Саноати семент партовҳои дигар соҳаҳои саноат (дажгол- ҳои саноати металлургия, хокистари ГРЭС ва ТЭС, фосфогипс ва ғайра)-ро низ истифода мебарад. Солҳои 70 дар ҳамаи республикаҳои иттифоқӣ ва ноҳияҳои калони иқтисодӣ Саноати семент ба вуҷуд омад. Корхонаҳои калонтарини Саноати семент Қомбинати Новороссемент (иқтидораш 4,6 миллион тонна), Иттиҳодияи «Вольсксемент» (4,2 миллион тонна). Комбинати Балаклейск (3,7 миллион тонна), Қаменец- Подольск (3,7 миллион тонна) ва ғайра мебошанд.
Саноати семент соҳаи хуб механиконидашудаи хоҷагии халқ аст. Дар бисёр заводҳои он просессҳои технологиро ба таври автоматӣ идора мекунанд. Солҳои 1961—1976 ҳосилнокии меҳнат дар Саноати семент 2,5 баробар афзуд.
Дар Тоҷикистони тореволютсионӣ Саноати семент вуҷуд надошт. Он ҳамчун соҳаи калони махсус дар солҳои Ҳокимияти Советӣ ба вуҷуд омад.
Совети Комиссарони Халқ Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР дар қарори худ аз 1 апрели 1935 дар шаҳри Душанбе сохтани заводи сементро пешбинӣ кард. Вале то Ҷанги Бузурги Ватанӣ он сохта нашуд. Республика сементро аз дигар ноҳияҳои мамлакат мегирифт.
6 декабри 1942 дар шаҳри Душанбе заводи семент ба кор сар кард. Соли 1945 бо иқтидори пуррааш ба кор даромад ва 3 ҳазор тонна семент истеҳсол намуд.
Плани панҷсолаи 4-ум дар Тоҷикистон то 15 ҳазор тонна расонидани истеҳсоли сементро пешбинӣ намуд. Дар охири панҷсола ин нақша барзиёд (17,2 ҳазор тонна) иҷро гардид. Охири панҷсолаи 5-ум 24,5 ҳазор тонна семент истеҳсол шуд.
Дар тараққии босуръати Саноати сементи Тоҷикистон Қарори Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС ва Совети Вазирони Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР «Оид ба тад- бирҳои минбаъд таъмин намудани тараққии саноати семент ва беҳтаргардонии кори он» аз 27 апрели 1957 аҳамияти калон дошт. Мувофиқи ин қарор Заводи сементи Душанбе аз нав таҷҳизонида ва васеътар карда шуд. Соли 1960 дар ин1 завод хати сеюми технологӣ ба кор даромад. Мувофиқи директиваҳои Съезди 20-уми Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС ва плани панҷсолаи 6-ум дар шаҳри Душанбе сохтмони заводи нави семент, ки аз 4 хати технологӣ иборат буд, сар шуд. Сентябри 1960 навбати якуми Заводи нави сементи Душанбе ба кор даромад ва истеҳсоли семент то 134,2 ҳазор тонна афзуд. Соли 1962 дар 3аводи нави Душанбе хати дуюми технологӣ (иқтидораш соле 375 ҳазор тонна) ва дар 3аводи якуми сементи Душанбе хати нави технологӣ (иқтидори солонааш 140 ҳазор тонна) ба истифода дода шуд.
Дар Саноати семент ҳамаи просессҳо — аз кандани ашёи хом то ба халтаҳо андохтани семент автоматонида шудааст. Дар натиҷаи тараққии босуръати Саноати семент истеҳсоли семент дар рес- публика хеле афзуд. Агар республика соли 1958 аз дигар республпкаҳои иттифоқӣ 200 ҳазор тонна семент гирифта бошад, соли 1963 ба республикаҳои иттифоқӣ 510 ҳазор тонна семент фиристод. Тоҷикистон дар байни республикаҳои Осиёи Миёна аз рӯи ҳаҷми ис- теҳсоли семент ҷои 2-юмро (баъд аз Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон) ишғол мекунад. Тоҷикистон аз ҷиҳати истеҳсоли семент ба ҳар сари аҳолӣ аз мамлакатҳои мутараққии капиталистӣ (Англия, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Япония ва ғайра) пеш гузаштааст. Саноати сементи республика дар панҷсолаи 10-ум ба пояи баланди тараққӣ расид. Соли 1980-ум садҳо ҳазор тонна семент истеҳсол карда шуд.
Адабиёт: Гришманов И. А.. Промышленность строительных материалов на рубеже новой пятилетки, Москва, 1971; Л юсов А. Н., Цементная Союза Советских Социалистических Республик СССР. Состояние и перспективы развития, Москва. 1974. С. Фузайлов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …