Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САНОАТИ СӮЗИШВОРӢ

САНОАТИ СӮЗИШВОРӢ

САНОАТИ СӮЗИШВОРӢ, маҷмӯи соҳаҳои саноатест, ки ба истеҳсол ва коркарди намудҳои гуногуни сӯзишворӣ — ангишт, нефт, газ, торф ва сланес машғул аст. Саноати сӯзишворӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини саноати вазнин мебошад. Аҳамияти сӯзишворӣ дар натиҷаи прогресси техникӣ баланд шуда, бо механиконӣ, автома- тонӣ, электриконӣ ва теплофикасияи истеҳсолот, ки ба истифодаи бошиддати энергияи электр дар хоҷагии халқ мусоидат мекунанд, алоқаи мустаҳкам дорад. Моддаҳои сӯзанда, хусусан нефту газ ҳамчун ашёи хом дар саноати химия низ истифода мешаванд.

gas
Дар Россияи тореволютсионӣ (1913) умуман 48,2 миллион тонна сӯзишворӣ (аз он ҷумла ҳезум зиёда аз 20%) истеҳсол карда буданд. Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ Саноати сӯзишворӣ рӯ ба тараққӣ ниҳод. Дар натиҷаи иҷрои плани панҷсолаҳои пешазҷангӣ (1929—1940) истеҳсоли сӯзишворӣ нисбат ба 1913 қариб 5 баробар афзуд. Сохти Саноати сӯзишворӣ низ ба куллӣ тағйир ёфт. Соҳаи нав — саноати газ ба вуҷуд омад. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 —1945) фашистони истилогар ба Саноати сӯзишворӣ зарари калон расонданд. Дар солҳои панҷсолаи 4-ум корхонаҳои Саноати сӯзишворӣ аз нав барқарор карда шуданд. Истеҳсоли сӯзишворӣ соли 1975 нисбат ба 1950-ум 5 маротиба афзуд (нигаред, ҷадвал).
Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР аз ҷиҳати пстеҳсоли сӯзишворӣ дар ҷаҳон (баъд аз Штатҳои Муттаҳидаи Америка) ҷои 2-юмро ишғол мекунад. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР соли 1977-ум 546 миллион тонна, яъне нисбат ба соли 1950-ум 14,4 маротиба зиёд нефт (бо конденсати газ) истеҳсол шуд. Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР аз ҷиҳати истеҳсоли нефт дар ҷаҳон ба ҷои 1-ум баромад. Соли 1980 истеҳсоли газ аз 3,2 миллиард метр3 (1940) ба 435 миллиард метр’3 расид. Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР аз рӯи истеҳсоли газ дар чаҳон ҷои 1-умро ишғол мекунад. Саноати ангишт бомуваффақият тараққй мекунад. Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР аз ҷиҳати истеҳсоли ангишт аз соли 1958 ин ҷониб дар ҷаҳон ба ҷои 1-ум баромад. Соли 1980 дар ‘ Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР 716 миллион тонна ангишт истеҳсол карда шуд. Усули прогрессивии тарзи кушоди истеҳсоли ангишт хеле вусъат ёфт. Ҳоло 32,2% ангишти мамлакати мо бо ин усул истеҳсол мешавад.
Дар Тоҷикистон соли 1913 ҳамагӣ ҳазор тонна сӯзишворӣ истеҳсол кардаанд. Инкишофи ҳақиқии Саноати сӯзишворӣ дар Тоҷикистон баъд аз ғалабаи Револютсияи Октябр ба амал омад. Дар панҷсолаи 1-ум экспедитсияи комплекспи Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР дар Тоҷикистон захираҳои зиёди сарватҳои табиӣ, аз ҷумла сӯзишвориро муайян кард. Соли 1940 дар республика 147,5 ҳазор тонна сӯзишворӣ истеҳсол шуд, ки ин нисбат ба соли 1913-ум 5 маротиба зиёд буд. Дар паиҷсолаҳои баъдиҷангӣ Саноати сӯзишвои республика босуръат тараққӣ кард. Сохти Саноати сӯзишворӣ тағйир ёфт. Соҳаи нав — саноати газ ба вуҷуд омад. Соли 1976 дар Тоҷикистон умуман 1218 ҳазор тонна сӯзишворӣ истеҳсол карданд, ки нисбат ба 1940 қариб 9 маротиба зиёд буд. Истеҳсоли нефт ва газ дар Тоҷикистон, хусусан аз нимаи дуюми солҳои 60 бо суръати баланд афзуд. Соли 1976-ум 311 ҳазор тонна нефт истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба 1955-ум 15,5 маротиба зиёд аст. Корхонаҳои нефту газ асосан дар шимоли республика ва водии Вахш ҷойгиранд. Захираи нефти республика ба милллионҳо тонна баробар аст.
Саноати газ яке аз ҷавонтарин соҳаҳои Саноати сӯзишвории республика мебошад. Истеҳсоли газ дар Тоҷикистон асосан соли 1964 сар шудааст. Ҳамон сол 23 миллион метр3 газ истеҳсол карданд. Соли 1980 ин рақам ба 222 миллион метр3 расид. Дар панҷсолаи ёздаҳум истеҳсоли газ дар республика боз ҳам афзуд. Захираи ҳафт кони гази республика — Комсомол, Қизилтумшуқ, Андигон, Шамбарӣ, Работ, Конибодом ва Айритон муайян карда шудааст. Ҳоло аз конҳои Қизилтумшуқ, Андигон ва Комсомол газ истеҳсол мекунанд. Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ истеҳсоли ангишти республика бештар аз 32 маротиба афзуд. Ҳоло саноати ангишти республика ба хоҷагии халқ садҳо ҳазор тонна ангишт истеҳсол мекунад. Бештар аз 1/3 ҳиссаи захираи ангишти Осиёи Миёна дар Тоҷикистон ҷойгир шуда аст. Захираи 7 кони ангишити республикаро муайян кардаанд. Тақрибан 78%-и ангишти республика аз кони Фон-Яғноб ва Шӯроб ‘йстеҳсол мешавад.
Адабиёт: К о р т у н о в А. К.. Газовая промышленность Союза Советских Социалистических Республик СССР. Москва 1967; Энергетические ресурсы Союза Советских Социалистических Республик СССР. [т. Ц — Топливно- энергетические ресурсы. Москва. 1968; Нефтедобывающая промышленность Союза Советских Социалистических Республик СССР. 1917—1968,Москва, 1968. К. Шукуров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …