Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САНОАТИ ПАХТА

САНОАТИ ПАХТА

САНОАТИ ПАХТА, як соҳаи муҳиммӣ хоҷагии халқ буда, коркарди пахтаро ба ҷо меоварад ва робитаи хоҷагии қишлоқу саноат (алалхусус бофандагӣ, равғанкашӣ, саноати химия ва ғайра)-ро ба ҳам мепайвандад. Саноати пахта корҳои зеринро иҷро мекунад: қабули пахта, пахтахушконӣ (мувофиқи талаботи стандарт), тойбандӣ, тоза кардани хасу ҷуби пахта, аз пунбадона ҷудо кардани пахта, ду-се маротиба аз линтер гузаронидани чигит, тоза кардани линт (нигаред Линтеронӣ) ва ғайра.

paxta
Баъди мошини нахҷудокуниро ихтироъ кардани Эли Уитни (1793, Штатҳои Муттаҳидаи Америка) Саноати пахта инкишоф ёфт. То он вақт нахро аз пунбадона дастӣ ҷудо мекарданд. Дар Осиёи Миёна то солҳои 80 асри 19 пахтаро аз пунбадона бо ҳаллоҷӣ (рӯзе 6—8 килограмм) ҷудо мекарданд. То соли 1880 дар Туркистон ҳамагӣ 21 корхонаи пахтатозакунӣ буд ва ба фабрикаҳои бофандагии Россия соле 15—16 т пахта мефиристоданд. Соли 1915-ум 201 корхонаи коси- бии пахта буданд, ки таҷҳизоти мукаммале надоштанд. Ҳамин гуна корхонаҳо дар уезди Хуҷанд низ мавҷуд буданд. То Револютсияи Октябр дар Тоҷикистон ҳамагӣ 5 заводи пахта буд, ки дар онҳо корҳои асосӣ дастӣ ба ҷо оварда мешуданд.
Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон корхонаҳои калони Саноати пахта, ки бо техникаи нав ҷиҳозонида шудаанд, ба вуҷуд омаданд. Сохтмони заводҳои пахта дар Кировобод, Ҷилликӯл ва Душанбе сар шуд. Солҳои панҷсолаи 1-ум (1928—1932) заводҳои пахтаи Қӯрғонтеппа, Фархор, Кӯлоб ва Шаҳртуз ба кор даромаданд. Дар ин солҳо барои сохтмон ва азнавсозии техникии заводҳои пахта 4257,5 ҳазор сӯм маблағ ҷудо карданд. Ҳаҷми фондҳои асосии истеҳсолии Саноати пахтаи Тоҷпкистон ба андозаи 187,8 ҳазор сӯм афзуд. Дар панҷсолаи 2-юм (1933—1937) барои азнавсозии техникии заводҳои пахта 2,4 миллион сӯм сарф гардид ва ҳаҷми фондҳои асосии истеҳсолии Саноати пахта 1,5 баробар зиёд шуд. Соли 1937 ҳаҷми умумии маҳ- сулоти Саноати пахта нисбат ба 1932 беш аз 3 баробар ва ҳосилнокии меҳнат 1,5 баробар афзуд,
Соли 1938 заводҳои пахтаи Регару Конибодом ва солҳои панҷсолаи 4-ум (1946—1950) 3аводи пахтаи Пролетар сохта, ҳамаи заводҳои дигар бо таҷҳизоти нави техникии сермаҳсул ҷиҳозонида шуданд. 3аводҳои пахтаи Шаҳртуз (1952), Уялӣ (1954), Орҷо- никидзеобод (1955) ва ғайра ба кор даромаданд.
Дар Тоҷикистон 17 корхонаи Саноати пахта (4,3%-и корхонаҳои саноатии республика) ҳаст. Истеҳсоли нахи пахта дар республика сол то сол зиёд мешавад. Соли 1913 ҳамагӣ 0,6 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол шуда бошад, дар як рӯзи соли 1975 корхонаҳои пахтаи республика 0,7 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол кардаанд. Нишондиҳандаҳои техникию иқтисодии кори корхонаҳои пахтаи Тоҷикистон дар ҷадвал акс ёфтаанд.
Омилҳои асосие, ки инкишофи минбаъдаи Саноати пахтаи республикаро муайян мекунанд, пеш аз ҳама ҷойгиронӣ ва фаровонии манбаи ашёи хом, инчунин афзоиши талаботи корхона- ҳои бофандагии мамлакат мебошанд.
Адабиёт: Р а х и м о в Р., Развитие хлопковой промышленности Таджикистана в довоенные годы (1928—1940 годов), «Тр. Академии Наук Таджикской Советской Социалистической Республики ». том 20. 1957« Н а р з и к у л о в И. К., Проблемы развития производительных сил Таджикистана и формирование Южно-Таджикского терри- ториально-производственного комплекса, Душанбе, 1975; Р а х и м о в Р. К., Проблемы эффективности и пути развития экономики Таджикистана, Душанбе. 1976.
Қ. Одинаев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …