Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САНОАТИ НОН

САНОАТИ НОН

САНОАТИ НОН, як соҳаи саноати хӯрокворист, ки навъҳои гуногуни нон (нонҳои табобатию парҳезӣ, кулчаҳои ширину равғанӣ, булкаҳо ва нони қоқ) мебарорад. Беш аз 5%-и ҳаҷми умумии маҳсулоти саноати хӯроквории Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР-ро Саноати нон истеҳсол мекунад; 8%-и вазни қиёсии фондҳои асосии саноати хӯрокворӣ фондҳои асосии истеҳсолии Саноати нон аст (1976).
Дар Россияи тореволютсионӣ то Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—18) якчанд корхонаҳои механиконидаи нонпазӣ (Петербург, Москва, Киев, Одесса, Кронштадт) буд. Саноати нони ҳозираи Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР дар заминаи сохтмони заводҳои калони нонпазии солҳои 30 ба вуҷуд омад. Базаи истеҳсолии Саноати нон аз ҳисоби сохтмони корхонаҳои нав ва таҷдиди корхонаҳои мавҷуда муттасил васеъ мешавад. Соле қариб 30 заводи нонпазии давлатӣ ва дар деҳот 250 нонвойхонаҳои механиконидаи Сентросоюз ба истифода дода мешаванд. Танҳо солҳои 1956—1975 зиёда аз 850 заводи калони нонпазӣ сохта шуд. Саноати нон дар аввали соли 1976 қариб 16 ҳазор корхона, аз он ҷумла беш аз 5 ҳазор корхонаҳои давлатӣ ва қариб 11 ҳазор корхонаҳои кооперативиро дар бар мегирифт ва дар онҳо зиёда аз 510 ҳазор кас кор мекард. Иқтидори шаборӯзни як заводи нон андаряк аа 18 тонна (1940) то 54 тонна (1975) афзуд.

non-xleb
Саноати нони Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР дорои консентрасияи баланди истеҳсолот мебошад. Масъалаҳои асосии прогресси техникии Саноати нон — механиконӣ ва автоматонии комплексии истеҳсолот, кашонидану нигоҳдории нон, ҷорӯ намудани просессҳои технологии пешқадам, автоматонии нопазӣ дар танӯрҳои конвейерии сермаҳсул ва ғайра. Саноати нони Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Сотсиалистических Республик СССР соле зиёда аз 20 ҳазор номгӯй таҷҳизоти технологӣ мегирад. Навъҳои гуногуни маҳсулоти нону булка хеле афзуда, сифати онҳо сол то сол беҳтар мегардад.
Саноати нон дар миқёси саноати хӯроквории Тоҷикистон ҷои 3-юмро мегирад ва 14,3%-и маҳсулоти умумии саноатро медиҳад. Маҳсулоти Саноати нони республика гуногун аст; зиёда аз 60 номгӯй маҳсулоти нону булка, инчунин маснуоти макаронию қаннодӣ мебарорад. С. н.-п Тоҷикистон дар давраи панҷсолаи 1-ум ба вуҷуд омад. Дар шаҳрҳои Ленинободу Сталинобод аввалин заводҳои нон, ки нонҳои танӯрӣ ва маснуоти булка (ҳамагӣ 2—3 намуд) мепухтанд, сохта шуданд. То соли 1935 нонпазӣ кооперативонида шуд ва ба системаи «Тоҷикматлубот» ва артелҳои гуногун дохил гардид. Дар нонвойхонаҳои республика корҳои нонпазиро дастӣ иҷро мекарданд.
Соли 1935 дар Душанбе, Ленинобод ва Қӯрғонтеппа заводҳои нави нонпазӣ сохтанд. Дар районҳои ҷануби республика 12 нонвойхона ба кор даромад. Соли 1938 дар Сталинобод аввалин заводи механиконидаи нонпазӣ бино ёфт, ки дар он 5 печи нонпазӣ, мошинҳои хамиркунӣ гузошта шуданд.
Соли 1975 дар Душанбе ва Ленинобод ду иттиҳодияи истеҳсолии Саноати нон мавҷуд буд ва дар онҳо зиёда аз 1600 коргар ва 120 коркуни инженерию техникӣ кор мекарданд. Иттиҳодияи истеҳсолии Душанбе 3 заводи нон ва 10 нонвойхонаи шаҳри Душанбе, заводҳои нони шаҳрҳои Хоруғ, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Норакро дар бар мегирад. Ба Иттиҳодияи истеҳсолии Ленинобод 4 корхонаи ноҳияи шимоли республика — заводҳои нони Ленинобод, Конибодом, Исфара ва Ӯротеппа дохил мешаванд. Ғайр аз ин «Тоҷикматлубот» 569 корхонаи нонпазӣ дорад, ки 516-тои он нонвойхона аст. Солҳои 1971—1975 «Тоҷикматлубот» дар деҳаю районҳои республика соле 31 нонвойхонаро ба истифода додааст. Соли 1978 назар ба 1960-ум 2,3 баробар зиёд маҳсулоти нону булка истеҳсол шуд.
Дар Саноати нони республика пухтани нону маснуоти нону булка, ордбезӣ, тайёр кардани хамирмоя механиконида шудааст. Дар Комбинати булкаю қаннодии шаҳри Душанбе се хатти муттасили механиконида гузошта шудааст, ки рӯзе (1979) қариб 16 тонна булкаҳои гуногун мебарорад. Дар шаҳрҳои Душанбею Ленинобод корхонаҳои механиконидаи нонпазӣ (дар як шаборӯз 10 тонна маснуоти нону булка мебарорад) ва 16 сехи нонпазӣ ба кор даромаданд; дар заводҳои нони Конибодом ва Исфара хатҳои мут- таҳсили механиконида гузаронида шуданд. Дар натиҷа соли 1977 истеҳсоли нон назар ба 1970-ум 45,2% афзуд. Номгӯи маснуоти Саноати нон зиёд ва сифати маснуоти нону булка мунтазам беҳтар шуда истодааст. Дар истеҳсоли маснуоти нону булка равғанҳои гуногун, маҳсулоти ширӣ, моддаи сафеда, ферментҳо ва витамин- ҳоро фаровон истифода мебаранд.
Соли 1980 корхонаҳои Саноати нони республика дар як шаборӯз 395 тонна ва маснуоти нону булка пухтанд. Танҳо Иттиҳодияи истеҳсолии нонпазии Душанбе дар як шаборӯз ба ҳисоби миёна то 200 тонна маснуоти нону булка, 20 тонна маснуоти қаннодӣ, 30 тонна мас- нуоти макаронӣ, 5 тонна хамирмоя мебарорад. Иттиҳодия барои аҳолии шаҳр рӯзе (1980) 150 навъ маснуот истеҳсол мекунад.
Адабиёт: Ауэрман Л. Я., Технология хлебопекарного производства, Москва, 1972; Справочник по хлебопекарному произ- водству, том 1—2, Москва, 1972; Народное хозяйство Таджикской Советской Социалистической Республики в 1978 году Статетический ежегодник, Душанбе., 1980.
И. Раҳматов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …