Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САНОАТИ НЕФТ

САНОАТИ НЕФТ

САНОАТИ НЕФТ, як соҳаи саноати вазнин аст, ки ҷустуҷӯи конҳои нефту газ, чоҳпармакунь, истихроҷи нефту гази нефт, коркарди гази нефт, бо гулбаҳо фиристодани нефтро дарбар мегирад.
Саноати нефт баробари пайдоиши пармачоҳҳои нефт (1859, дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка) ба вуҷуд омадааст. Дар Россия аввалин пармачоҳҳои нефт соли 1864 дар Кубан аз тарафи А. Н. Новосильцев кофта шуданд ва соли 1866 аз якеи чунин пармачоҳҳо (дарёи Кудако) нефт баромад (дар як шаборӯз беш аз 190 тонна). Дар ибтидои асри 20 Россия аз ҷиҳати истихроҷи нефт дар ҷаҳон ҷои якумро ишғол мекард. Соли 1913 дар Россия 10,3 миллион тонна нефт гирифтанд.

neft
Моҳи июни 1918 Саноати нефт миллӣ кунонида шуд. Ҳукумати Советӣ оид ба барқарор намудани корхонаҳои дар солҳои Ҷанги граждании (1918— 1920) хароб гардидан нефт тадбирҳои таъҷилӣ андешид. Соли 1928 истихроҷи нефт ба 11,0 миллион тонна расид. Саноати нефт асосан дар районҳои Озарбойҷон (Боку) ва Кавкази Шимолӣ (Грозний, Майкоп) тараққӣ карда буд. Солҳои панҷсолаи 1-ум ҷустуҷӯи нефт дар дигар ноҳияҳои мамлакат низ авҷ гирифт. Дар вилояти Перм, Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Бошқирдистон, вилояти Куйбишев, Осиёи Миёна ва Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон низ конҳои нави нефт ёфт шуданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) истихроҷи нефт кам шуд. Баъди ҷанг конҳои нефти ноҳияи нефтугази Волгаю Урал ба кор даромааанд. Истихроҷи нефт (бо конденсати газ) аз 37,9 миллион тонна (1950) ба (ЮЗ миллион тонна (1980) расид. Ҳама соҳаҳои Саноати нефт бо техникаи нав ҷиҳозонида шуданд.
Саноати нефт бо инкишофи прогресси илмию техникӣ сахт алоқаманд аст. Партияи Коммунистӣ ба тараққии босуръати Саноати нефт диққати ҷиддӣ медиҳад. Мамлакати мо аз ҷиҳати истеҳсоли нефт дар ҷаҳон ҷои 1-умро мегирад. Дар 20 соли охир дар Сибири Ғарбӣ, Қазоқистон, Белоруссия, вилояти Оренбург ва Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Удмуртия захираҳои нефту газ ёфт шуданд. Афзоиши истихроҷи нефт дар ҷадвал акс ёфтааст.
Нефт дар мамлакат тавассути гулбаҳои магистралии нефтгузарон, ки ҳамаи ноҳияҳои калони нефтдорро бо заводҳои коркарди нефт, ноҳияҳои саноатӣ ва марказҳои мамлакат мепайванданд, кашонда мешавад.
Дар Тоҷикистон Саноати нефт аввали асри 20 ба вуҷуд омад. Аввалин тоннаҳои нефт дар ҳудуди республика соли 1905 дар наздики шаҳри Конибодом истихроҷ шуданд, Истеҳсоли нефтро дар ин мавзеъ Ширкати саноатию тиҷоратии нефти осиёимиёнагӣ — «САНТО» ба роҳ мондааст. Соли 1913 дар Тоҷикистон 9,7 ҳазор тонна нефт истеҳсол карданд.
Саноати нефти республика баъди Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр рӯ ба тараққӣ ниҳод. Дар республика посёлкаҳои махсуси нефту газчиён—«Нефтобод» (райони Исфара), «Дӯстӣ» (райони Қумсангир), «Хопақоҳ» (райони Ҳисор) ба вуҷуд омаданд. Соли 1980 дар конҳои нефти вилояти Кӯлоб 250 ҳазор тонна нефт истеҳсол шуд. Истихроҷу истеҳсоли нефт дар Тоҷикистон сол то сол меафзояд. Дар реслублика соли 1940-ум 30,0, 1930-ум 20, 1960-ум 17, 1905-ум 1970-ум 181, 1980-ум 330 ҳазор тонна нефт (бо конденсати газ) гирифтанд.
Дар республика барои кашондани нефт шабакаи мукаммали нақлиёт сохта шудааст. Нефти шимоли Тоҷикистон тавассути гулбаҳо ба заводҳои нефткоркунии Ӯзбекистон фиристода мешавад. Як қисми нефти ҷануби тоҷикистонро Заводи битуми Колхозобод истеъмол мекунад.
Аз мамлакатҳои сотсиалистии хориҷӣ Саноати нефт бештар дар Хитой (соле қариб 30 миллион тонна), Руминия (беш аз 14 миллион тонна), Югославия (3 миллион тонна), Венгрия (2 миллион тонна) тараққӣ кардааст.
Дар ҷаҳони капиталистӣ Саноати нефти Штатҳои Муттаҳидаи Америка ҷои якумро ишғол мекунад.
Адабиёт: Нефтедобывающая промышленность Союза Советских Социалистических Республик СССР, 1917—1967, Москва.. 1968; Ш а ш и н В. Д., Нефтяная промышленность Союза Советских Социалистических Республик СССР, Москва, 1971; Лисичкин С. М. Энергетические ресурсы и нефтегозовая промышленность мира, (Москва, 1974.
К. Шукуров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …