Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САНОАТИ НАМАК

САНОАТИ НАМАК

САНОАТИ НАМАК, як соҳаи саноати хӯрокворист, ки ба истеҳсол ва коркарди намаки ош — муҳимтарин ашёи хоми саноат машғул аст.
Аз баҳру кӯлҳо гирифтани намак ҳатто то милод дар Мисри Қадим, Юнон ва Рим равнақ дошт (дар Россия асри 12). Соли 1913 дар Россияи подшоҳӣ 524 корхонаи хурд буд, ки онҳо зиёда аз 2 миллион тонна намак истеҳсол мекарданд. Намак бо олоти оддӣ (зоғнӯл, каланд) аз кӯлҳо ва бо роҳи хушконидани намакобаҳо ҳосил карда ме- шуд. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР ба ҷои корхонаҳои хурди намак корхонаҳои калони дорои техникаи наву пуриқтидор ба вуҷуд омаданд. Ҳоло Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР аз ҷиҳати захираи намаки ош (255 миллиард тонна) яке аз мамлакатҳои бойтарини ҷаҳон буда, бештар аз 100 кони намак дорад. 75% намаксанг дар кӯли Боскунчак ва кони намаки Донбасс истеҳсол карда мешавад. Аз ҷиҳати захираи намаки ош вилояти Перм (1/3 захира), Белоруссия ва Ӯзбекистон, аз ҷиҳатни миқдори истеҳсоли намак Украина (2/3 ҳисса), вилояти Астрахан (қариб 1/3) ва Урал мутобиқаи ҷои якум, дуюм ва сеюмро ишғол мекунанд. Корхонаҳои калонтарини Саноати намак дар Сол-Илеск, Солотвина (вилояти Закарпатияи Республикаи Советии Сотсиалистии Украина), Усоле-Сибирское, Соликамск, Қазоқистон ҷойгиранд. Дар Осиёи Миёна ва Сибири Ғарбӣ корхонаҳои начандон калони намак мавҷуданд.
Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР ду хели намаки ош бештар аст: намаксанг ва намаки таҳшиншуда (дар кӯлҳо). Намакро бо усули кушод (тавассути комбайнҳои намакғундор) ва шахтавӣ (та- вассути мошинҳои кӯҳшикоф) истеҳсол мекунанд.
Қисми зиёди просессҳои истеҳсолӣ дар Саноати намак автоматонида шудаанд. Истифодаи ҳарҷонибаи партовҳои силвинит (дар саноати калий) ва маҳлули дистиллатӣ (дар заводҳои сода) дар тараққии Саноати намак соҳаи нав ба вуҷуд овард. Хусусан истифодаи партовҳои дар натиҷаи ширинкунии оби баҳрҳо ҳосилшуда ва истифодаи комплексии обҳои гарму ҷӯш (термалӣ), рапҳои Сиваш, Қаробӯғозкӯл, кӯли Кучук, кӯлҳои Сибири Ғарби аҳамияти перспективӣ доранд. Дар давраи советӣ истеҳсоли намак дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР хеле афзуд. Агар соли 1913 ҳа- магӣ 2,1 миллион тонна намак ҳосил карда шуда бошад, пас истеҳсоли он соли 1940 ба 4,4, 1965 ба 9,5, 1970 ба 12Д 1975 ба 14,3 ва 1980 ба 14,6 миллион тонна расид.

namak
Алҳол дар ҷаҳон қариб 160 миллион тонна намак истеҳсол мешавад. 1/3 ҳиссаи онро мамлакатҳои сотсиалистӣ истеҳсол мекунанд. Саноати намак дар Полша, Руминия, Республикаи Демократии Германия, Республикаи Халқии Демократии Корея тараққӣ кардааст. Дар Булғория, Республикаи Демократии Венгрия, Хитой, Куба, Чехословакия, Югославия низ намак истеҳсол мекунанд.
Дар мамлакатҳои капиталистӣ Саноати намак бештар дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Республикаи Федеративии Германия, Британияи Кабир, Франсия, Ҳиндустон, Канада, Италия, Мексика ва Нидерландия тараққӣ кардааст.
Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР ба чанд мамлакати сотсиалистӣ, Дания, Финляндия ва ғайра соле қариб 0,5 миллион тонна намак экспорт мекунад.
Тоҷикон ба истеҳсоли намак аз қадимулайём машғуланд. То ба Осиёи Миёна омадани арабҳо (асри 7—8) аз кӯли Оқсуқон намак истеҳсол карда мешуд. Намакро то солҳои наздик дастӣ истеҳсол мекарданд, ки асосан аҳамияти маҳаллӣ дошт, Тоҷикистон захираи калони намак дорад. Дар ин ҷо қариб 1/3 ҳиссаи захираи умумии намаки оши Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (71 миллиард тонна) ва 75% намаки оши Осиёи Миёна мавҷуд аст. Қисми асосии он (73%) дар вилояти Кӯлоб (кони Хоҷамӯъмин ва Хоҷасартез), боқимондааш дар вилояти Ленинобод (Қамишқӯрғон ё худ кӯли Оқсуқон) воқеъ гардидааст. Ғафсии қабати намак дар ин конҳо ба 800—1000 метр (дар Хоҷамӯъмин боз ҳам зиёдтар) мерасад ва он то 95% намаки тоза дорад. Қатъи назар аз бузургии захира, намаки ин конҳо то ҳол кам истифода мешавад. Истеҳсоли саноатии он солҳои 60 сар шуд. Ҳоло дар республика ҳамагӣ ду корхонаи начандон калон мавҷуданд, ки садҳо коргар доранд ва соле қариб 60,0 ҳазор тонна (1978) намак истеҳсол мекунанд. Ин намак на танҳо талаботи ҳозираи республикаро пурра қонеъ мегардонад, балки ба миқдори муайян ба республикаҳои ҳамсоя (Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон ва Республикаи Советии Сотсиалистии Қирғизистон) низ фиристода мешавад. Истеҳсоли намак дар республика сол аз сол меафзояд (нигаред ҷадвал).
Намаки Тоҷикистонро ба тарзи кушод истеҳсол кардан мумкин аст. Захираи умумии он талаботи ҷаҳонро муддати 400 сол таъмин карда метавонад.
Адабиёт: Пищевая промышленность Союза Советских Социалистических Республик СССР, Москва, ‘1967; Клецельман У. X., Комплексное развитие промышленности Таджикской Советской Социалистической Республики, ’Душанбе, 1969; Нурназаров М. Н., Развитие и размещение промышленности Северного Таджикистана, Душанбе, 1974; Народное хозяйство Таджикской Советской Социалистической Республики в 1978 году, Душанбе, 1980.
М. Нурназаров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …