Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САНОАТИ МАҲАЛЛИ

САНОАТИ МАҲАЛЛИ

САНОАТИ МАҲАЛЛИ дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик С С С Р, як соҳаи саноатест, ки корхонаҳои саноатӣ, иттиҳодияҳо, фирмаҳо, му- ассисаҳои тадқиқоти илмӣ, лоиҳакашию конструктории тобеи Саноати маҳаллии вазоратҳои республикаҳои иттифоқӣ, инчунин (ғайри корхонаҳои тобеи республика) Совети Вазирони рес- публикаҳои автономӣ ва Совети маҳаллии депутатҳои халқиро дар бар мегирад. Аҳамияти хоҷагии Саноати маҳаллӣ дар он зоҳир мешавад, қи корхонаҳои он барои пурратар қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ва хоҷагиҳои маҳаллӣ ба Советҳои маҳаллӣ ба ҳалли проблемаҳои хоҷагии вилоят, кишвар, шаҳр ва район ёрӣ мерасонанд.
Саноати маҳаллиро аз рӯи шакли тобеият ба 3 гурӯҳ ҷудо мекунанд: республикавӣ, вилоятӣ (кишварӣ), районӣ. Корхонаҳои Саноати маҳаллии тобеи республика танассути Саридораи соҳавӣ идора мешаванд ё бевосита ба вазорат итоат мекунанд. Ба корхонаи тобеи вилоятии (кишварии) Саноати маҳалли, ба корхонаи тобеи район (шаҳр) бошад, Совети комиҷроияи районӣ (шаҳрӣ) ва идораи вилоятии (киш- варии) Саноати маҳаллӣ роҳбарӣ мекунад.

sanoat
Саноати маҳаллии ресиубликаҳои иттифоқӣ соҳаҳои бисёреро дар бар мегирад. Ба ҳайати он корхонаҳои зиёди саноати мошинсозӣ, коркарди металл, дӯзандагӣ, бофандагӣ, чӯбу тахта, химия ва дигар дохил мешаванд. Қисми зиёди бисёр молҳои истеъмолии аҳолиро Саноати маҳаллӣ истеҳсол мекунад. Қариб 15% молҳои таъиноти маданию маишӣ ва таҷҳизоти рӯзгорро Саноати маҳаллӣ мебарорад. Партияи Коммунистӣ ва Ҳукумати Советӣ ба тараққии Саноати маҳаллӣ ҳамеша аҳамияти калон дода, дар давраҳои гуногуни сохтмони хоҷагӣ дар назди он вазифаҳои муайяне гузоштаанд, роҳи тараққии онро муқаррар намуда, дар бобати аз ҷиҳати ташкилию хоҷагӣ ва техникӣ мустаҳкам гардидани корхонаҳо ёрии амалӣ расонданд. Солҳои пеш аз ҷанг Саноати маҳаллӣ хеле тараққӣ кард. Ҳаҷми истеҳсол ва миқдори корхонаҳое, ки молҳои истеъмолӣ истеҳсол мекарданд, афзуд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) Саноати маҳаллӣ сахт зарар дид. Баъди ҷанг рӯ ба тараққӣ ниҳод, аз саноатҳои калони давлатӣ таҷҳизоти гуногун, мошин, ашёи хом ва масолеҳ гирифт. Соли 1957 қисми зиёди корхонаҳои Саноати маҳаллӣ ба ихтиёри Советҳои Хоҷагии Халқ гузаштанд вазоратҳои Саноати маҳаллии республикаҳои иттифоқӣ бошанд, барҳам хӯрданд. Мувофиқи қарори Пленуми сентябрии (1965) Комитети Марказии Партияи Коммунистии ИттифоқиСоветӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС дар республикаҳои иттифоқӣ вазоратҳои Саноати маҳаллӣ аз нав таъсис ёфтанд. Саноати маҳаллӣ базаи моддию техникии бузурге дорад. 1 январи 1974 Саноати маҳаллӣ зиёда аз 3 ҳазор корхона, аз он ҷумла 1000 комбинати саноатии районӣ (шаҳрӣ)-ро муттаҳид мекард ва дар онҳо беш аз 1 миллион кас кор мекард. Саноати маҳаллӣ баробари корхонаҳои хӯрду миёна, инчунин корхона ва иттиҳодияҳои калонро, ки дар онҳо аз 1,5 то 3 ҳазор кас кор мекунад, дар бар мегирад. Дар системаи Саноати маҳаллӣ 9 институти тадқиқоти илмӣ ва лоиҳакашии конструкторӣ, инчунин зиёда аз 100 бюрои лоиҳакашии конструкторӣ мавҷуданд (1974).
Ба ривоҷу равнақи Саноати маҳаллии республикаҳои иттифоқӣ аз солҳои аввали
Ҳокпмпятй Советй диққати ҷиддӣ дода шуд. Саноати маҳаллии Тоҷикистон соли 1930 ҳамагӣ 4 корхона ва 404 коргар дошт. 10 июни 1935 дар республика Комиссариати халқии Саноати маҳаллӣ, ки 18 соҳаи гуногунро дар бар мегирифт, таъсис ёфт. Соли 1939 баъзе корхонаҳои Саноати маҳаллӣ ба ихтиёри комиссариатҳои халқии саноати сабуку хӯрокворӣ гузаштанд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Саноати маҳаллӣ як қадар қафо монд. Солҳои 60 аз нав рӯ ба тараққӣ ниҳод. Соли 1965 Саноати маҳаллии республика 14 корхонаро дар бар мегирифт, ки онҳо ба маблағи 22 миллион сӯм маҳсулот мебароварданд. Бо техникаи наву пешқадам ҷиҳозониданӣ корхонаҳои Саноати маҳаллӣ сар шуд.
Солҳои 1970—1975 шаш фабрикаи калони ҳозиразамони дӯзандагӣ (дар шаҳрҳои Душанбе, Конибодом, Хоруғ, Кӯлоб, Исфара), 3аводи асбобҳои сирдори рӯзгор (Ленинобод) ва соли 1979 Фабрикаи рӯймолҳои пашмини Ленинобод (иқтидори солонааш 1 миллион рӯймол), Иттиҳодияи истеҳсолии бофандагию ресмонресии «Тоҷикатлас», 3аводи ранги Исфара ба кор даромаданд.
Вазорати Саноати маҳаллии республика 11 иттиҳодияи истеҳсолӣ ва 11 корхонаро, ки ҳазорҳо коргар доранд, муттаҳид мекунад. Дар назди вазорат, инчунин базаи автомобил ва таъмири он, бюрои лоиҳакашии конструкторӣ ва технологӣ амал мекунанд. Солҳои 1965—1980 маҳсулоти корхонаҳои Саноати маҳаллӣ зиёда аз 5 баробар афзуд. Корхонаҳои Саноати маҳаллӣ 1200 номгӯй маҳсулот (асбобҳои сирдор, алюминӣ ва пластмассии рӯзгор, асбобҳои мусиқӣ, маҳсулоти ҳунармандӣ, сафол, рангу лок, мебел, шоҳивор, қолин, қаннодӣ ва ғайра) мебароранд.
Дар панҷсолаи 10-ум Саноати маҳаллӣ боз ҳам бештар тараққӣ кард. Дар давоми чор соли панҷсола дар корхонаҳо 1300 таҷҳизоти наву сермаҳсул гузошта шуд, 9 хатти нави истеҳролӣ ба кор даромад ва 34 просесси истеҳсолӣ такмил дода шуд.
Саноати маҳаллӣ одатан дар шаҳрҳои хурд, деҳоти сераҳолӣ ташкил карда мешавад. Захираи ашёи хоми он бузург аст. Бо кӯшиши Вазорати Саноати маҳаллӣ 18 навъ ҳунарҳои халқӣ аз нав барқарор шудаанд, ки зиёда аз 250 номгӯй маҳсулот мебароранд.
Солҳои охир сифати маҳсулоти Саноати маҳаллӣ хеле беҳтар шудааст. Соли 1978 20 номгӯй маҳсулоти ҳунармандон ва тӯҳфаҳо ба диплому медалҳои Намоишгоҳи умумииттифоқии комёбиҳои хоҷагии халқи Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР сазовор гаштанд. Соли 1979 атласи навъи 29 Тад.стандарт) дар ярмаркаи байналхалқии шаҳри Пловдив (Булғория) медали тилло гирифт. Бо мақсади ба меҳнати фоиданоки ҷамъияти ҷалб кардани аҳолии деҳоту районҳо сол то сол сеху шӯъбаҳои нав ба нави корхонаҳо ташкил карда мешаванд. Саноати маҳаллӣ соли 1980 зиёда аз 120 миллион сӯмина маҳсулоти умумӣ баровард.
Л. Бойматов, Б. Исоматов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …