Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САНОАТИ ХИМИЯ

САНОАТИ ХИМИЯ

САНОАТИ ХИМИЯ, як соҳаи саноатн вазнин, ки базаи моддию техникии химиконии хоҷагии халқро таъмии мекунад. Саноати химия аммиак, кислотаҳои минералӣ, ишқорҳо, нуриҳои минералӣ, сода, хлор ва ҳосилаҳои он, газҳои моеъ, пластмасса ва зифтҳои синтезӣ, наху ресмонҳои химиявӣ, масолеҳи рангубору фотохимиявӣ, реактивҳои химиявӣ, маҳсулоти химияи маишӣ ва ғайра истеҳсол мекунад. 3аводҳои истеҳсоли кислотаи сулфат, сода, нуриҳои сунъӣ дар асрҳои 16—19 дар мамлакатҳои гуногуни Европа сохта шуда бу- данд. То аввали асри 20 Британияи Кабир, Германия ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка мамлакатҳои Саноати химияашон тараққиёфта ҳисоб мешуданд. Соли 1913 дар Россияи подшоҳӣ 349 корхонаҳои майдаи химиявӣ мавҷуд буданд. Он вақт Россия дар ҷаҳон аз рӯи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти химиявӣ ҷои 8-умро ишғол мекард. Аз нисф зиёди маблағгузорӣ ба фирмаҳои хориҷӣ тааллуқ дошт. Баъди ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Ок тябр бо ташабуси Владимир Илич Ленин дар назди Совети олии хоҷагии халқ (ВСНХ) шӯъбаи махсуси саноати химия ташкил карда шуд, ки роҳбарии онро болшевики матин, инженер-химик Л. Я. Карпов ба ӯҳда гирифт.’

ximiya

Дар яке аз моддаҳои плани ГОЭЛРО (соли 1920) барои тараққиёти саноати химия ҷудо кардани маблағи пул (12 миллион сӯм) пешбинӣ шу- дааст. .Худи ҳамон сол дар ҳайати шӯъбап Саноати химияи ВСНХСаркомитети нуриҳои ‘минералӣ ташкил карда шуд. Дар натиҷаи тадбирҳои зиёди Совети Комиссарони Халқ Саноати химия соли 1932 назар ба 1913 қариб 5 маротиба афзуд. Дар мамлакат заводҳои калони аммияки синтезӣ ва нуриҳои минералӣ сохта ва корхонаҳои майда ба корхонаҳои пуриқтидор табдил дода шуданд. Ба туфайли ин тадбирҳо Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР соли 1940 аз рӯи истеҳсоли маҳсулоти химиявӣ ва нефту химия дар ҷаҳон ба ҷойи 5-ум баромад. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Саноати химия талафи калон дод. Соли 1941 истеҳсоли кпслотаи сулфат 77%, аммиак 50%, содаи калсиронида 83% кам шуд. Барои қонеъ гардонидани талаботи ҷанг як қисми заводҳои химия онро ба шарқи мамлакат кӯчонданд, Баъди ҷанг истеҳсоли навъҳон нави зифтҳои син- тезӣ ва пластмасса, рангҳои бадошт, нахҳои химиявӣ ва ғайра ба роҳ монда шуд. Солҳои 1961—1970 барои тараққиёти Саноати химия ва саноати нефту химия қариб 20 миллиард сӯм маблағгузорӣ шуд. Дар ин муддат химкомбинатҳои Щёкинск (1961), Невилномысск (1962), Навоӣ (1965), заводҳон нуриҳои азотии Фарғона (1962), Гродно (1963), Дорогобуж (1965), заводҳои суперфосфати Чорҷӯ (1960), Сумгант (№61), Ҷамбул (>1/968) ва ғайра сохта ва ба истифода дода шуданд. Солҳои 1971— 1975 Саноати химия босуръат тараққӣ кард ва Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (соли 1973) яз рӯи истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар миқёси ҷаҳон ба ҷойи 1-ум баромад.
Истеҳсоли муҳимтарин навъҳои маҳсулоти химиявӣ дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР
Конҳои апатити нимҷазираи Кола (Мурманск), фосфорити Қазоқистони Ҷанубию вилояти Ленинград ва ғайра намакҳои калии Урал, Белоруссия ва Украина, як қатор конҳои намаки ош (аз ҷумла конҳон намаки оши Тоҷикистон) базаҳои асосии ашёи хом ва энергетикию сӯзишвории Саноати химия мебошанд. Дар Саноати химия маҳсулоти коркарди нефт, гази табиӣ ва ангишт низ васеъ истифода мешавад.
Дар айни замон Саноати химия на танҳо талаботи хоҷагии халқи мамлакатро қонеъ мегардонад, балки ба 70 мамлакати ҷаҳон маҳсулоти химиявӣ содир мекунад. Дар заводу фабрикаҳо дараҷаи механиконӣ ва автоматонии истеҳсолот баланд шудааст, ки ба хушсифат шудани маҳсулоти Саноати химия ва беҳтар гардидани шароити иҷтимоии коргарон оварда расондааст. Тоҷикистон, ки то давраи советӣ корхонаҳои калони саноати химия надошт, алҳол дорои саноати мутараққии ҳимия мебошад. Корхонаҳои химияи республика барои бисьёр соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат маҳсулоти муҳим мебароранд. 3аводи нуриҳои нитрогении Вахш ва Комбинати электрохимиявии Ёвон аз ҷумлаи чунин корхонаҳо мебошанд.
Соли 1980 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти Саноати химия дар Тоҷикистон назар ба соли 1978 8% зиёд шуд.
Адабиёт: Л е л ь ч у к В. С., Создание химической промышленности Союза Советских Социалистических Республик Союза Советских Социалистических Республик СССР, Москва. 1964; Костандов Л. А„ Химическая промышленность Союза Советских Социалистических Республик СССР к 25 съезду Коммунистической Партии Советского Союза. Москва, 1976. Т. Идрисов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …