Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САНОАТИ ХӮРОКВОРӢ

САНОАТИ ХӮРОКВОРӢ

САНОАТИ ХӮРОКВОРӢ, маҷмӯи соҳаҳои саноатро гӯянд, ки маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин маснуоти тамоку, атриёту пардозӣ, собун ва маснуоти ҷомашӯӣ мебарорад.
Дар Россияи тореволютсионӣ зиёда аз 300

ҳазор корхонаҳои хурди Саноати хӯрокворӣ буданд. Баъди Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр соҳаҳои гуногуни Саноати хӯрокворӣ тараққӣ карданд.
Дар панҷсолаҳои пешазҷангӣ (1929—1940) бисёр корхонаҳои Саноати хӯрокворӣ аз нав сохта, бо техникаи пуриқтидор таҷҳизонида шуданд, заводҳои нав бунёд гардиданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) истилогарони фашистӣ дар ноҳияҳои забт кардаашон бисёр корхонаҳои Саноати хӯроквориро аз кор бароварданд. Соли 1945 ҳаҷми истеҳсолот назар ба соли 1940-ум 1,9 баробар кам шуд, истеҳсоли баъзе навъҳои маҳсулот (гушт, шакар) аз дараҷаи соли 1913 ҳам паст фаромад. Баъди ҷанг корхонаҳои вайронро барқарор карда бо техникаи нав таҷҳизониданд, корхонаҳои нав бунёд гардиданд. Соли 1973 Саноати хӯрокворӣ зиёда аз 11 ҳазор корхонаи мустақил дошт, ки дар онҳо тақрибан 3 миллион нафар коргар кор мекард. Садҳо иттиҳодияҳои истеҳсолӣ ва аграрию саноатӣ ба вуҷуд омаданд. 1 июли 1973 Саноати хӯрокворӣ 2407 завод, 12634 сеху участкаи комплексии меҳаниконида ва автоматонида дошт. Солҳои 1940—1980 ҳаҷми умумии маҳсулоти Саноати хӯрокворӣ тақрибан 6,5 баробар афзуд. Соли 1980 ҳаҷми маҳсулоти Саноати хӯрокворӣ ба ҳаҷми маҳсулоти саноати сабук қариб баробар шуд. Саноати хӯрокворӣ зиёда аз 100 миллиард сӯмина маҳсулот баровард.

xurokvori
Истеҳсоли маҳсулоти Саноати хӯроквории Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик муттасил меафзояд.
Саноати хӯрокворӣ дар Тоҷикистон асосан пас аз Револютсияи Октябр пайдо шуд. Пеш аз револютсия дар Тоҷикистон якчанд заводҳои равғанкашӣ (равғани пахта, кунҷид, зағир ва ғайра) буданд. Маснуоти хӯроквориро асосан косибону ҳунармандон истеҳсол мекарданд. Дар ҷувозхонаҳо равған мекашиданд. Нимаи дуюми солҳои 20 сохтмони якчанд осиёбҳои механикӣ ва заводҳои равғанкашӣ анҷом ёфт. Солҳои 1920— 19*30 якчанд корхонаҳои нав сохта шуданд: 3аводи меватозакунии Конибодом (1928), Фабрикаи қаннодии Конибодом (1928), комбинаҳои гушту хӯрокворӣ (1930) ва заводҳои майкашии Сталинобод (1932) ва Ӯротеппа (1930), комбинатҳои равғану равғани эфир (соли 1935 барҳам дода шуд), гӯшт (1931) ва консерви Ленинобод (1932), Комбинати орди Янгибозор (ҳоло Орҷоникидзеобод, 1932), 3аводи майкашии Панҷакент (1931), 3аводи равғанкашии Қӯрғонтеппа (1932), 3-аводи майкашии Исфисхор (ҳоло Ғафуров, 1932), 3аводи равғанкашии Кӯлоб (1933) ва ғайра Саноати хӯроквории Тоҷикистон ҳанӯз дар солҳои 1930 талаботи аҳолиро бо маснуоти ҷудогона таъмин кард. Консервҳои зардолуи Комбинаи кон- серви Ленинобод соли 1937 дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии Париж ба дипломи дараҷаи 1-ум сазовор гардид. Майи «Ғончи”-и 3аводи майкашии Ӯротеппа дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии Загреб (Югославия, 1957) дипломи дараҷаи 1-ум ва медали тилло гирифт.
Саноати хӯрокворӣ бо истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ алоқаи мустаҳкам дорад. Пешрафтп хоҷагии қишлоқи республика барои тараққии минбаъдаи Саноати хӯрокворӣ, махсусан соҳаҳои равғану майкашӣ, истеҳсоли консервҳои меваю сабзавот ва гӯшту шир мусои- дат мекунад. Соли 1980 дар 6 иттиҳодияи истеҳсолии Вазорати саноати хӯроквории республика — Иттиҳодияи истеҳсолии нони Дущанбе (1974), иттиҳодияҳои консерв (1971) ва нони Ленинобод (1974), «Тоҷикпиво» (1971), «Тоҷикмасло» (1970) ва Иттиҳодияи истеҳсолии тамоку ва консерви Панҷакент (1974) 63%- коргарони Саноати хӯрокворӣ кор мекарданд. Ин иттиҳодияҳо 71,4%-и маҳ- сулоти Саноати хӯроквориро истеҳсол намуданд. Ба саноати ангуру мева иттиҳодияҳои истеҳсолии «Шаҳринав» (1971), «Хуҷанд» (1973), «Қӯрғонтеппа» (1974) ва «Истаравшан» (1974) мансубанд. Саноати хӯроквории Тоҷикистон муттасил тараққӣ мекунад.
Соли 1980 дар доираи Саноати хӯрокворӣ 77 корхона кор мекард.
Съезди 20-уми Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС дар оянда боз ҳам тараққӣ додани Саноати хӯрокворӣ ва дар ин асос баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии аҳолиро пешбинӣ кард.
Адабиёт: Материалҳои съезди 26 Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС, Душанбе., 1981; Бобосодиқова Г. Б., Пробле- маҳои самаранокии иттиҳодияҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон, Душанбе, 1981; Олейниченко Д., Соломонов Ш., Развитие пишевой промышленности Таджикистана, Душанбе, 1961; Таджикистан: эконо- мический расчёт и эффективность, Душанбе, 1972; Из истории индустриализации Таджикской Советской Социалистических Республик, Душанбе, 1972; Народное хозяйство Союз Советских Социалистических Республик СССР в 1983 г.. Москва, 1984.
В. Исоматов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …