Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САНОАТИ ГӮШТ

САНОАТИ ГӮШТ

САНОАТИ ГӮШТ, соҳаи калонтарини саноати хӯрокворист, ки коркарди комплексии маҳсулоти чорворо ба амал мебарорад. Дар корхонаҳои Саноати гӯшт чорво ва паррандаҳоро кушта гӯшт, навъҳои гуногуни ҳасиб, консервҳои гӯштӣ, маснуоти гӯштии нимтайёр ва дигар навъҳои маснуоти хӯрокӣ тайёр мекунанд. Саноати гӯшт С. г. баъзе навъҳои хӯроки чорво, доруҳон гаропбаҳои тиббӣ (инсулин, гепарин, липокапп ва г.), ширсш, елими шаффоф ва маспуоти пару тибитн низ мебарорад.

gusht
Дар Россияи тореволютсионӣ чорворо дар саллоххонаҳои хӯрд (қариб 5 ҳазор) дастӣ кушта, дар дӯконҳои начандон калон ҳасиб тайёр мекарданд. Саноати гӯшти Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР дар панҷсолаҳои пешазҷангӣ (1929—40) хеле тараққӣ кард, дар як қатор шаҳрҳо комбинатҳои калони гӯшт сохта шуданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 —45) корхонаҳои Саноати гӯшт пурра ё қисман аз кор баромаданд. Баъди ҷанг Саноати гӯшт босуръат тараққӣ кард ва ҳоло Иттифоқи Советӣ аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ дар ҷаҳон ҷои дуюмро (баъди Штатҳои Муттаҳидаи Америка) ишғол мекунад. Истеҳсоли саноати гӯшт соли 1980 назар ба соли 1913-ум 7,4 баробар афзуда, ба 10,5 миллион тонна расид. Шумораи корхонаҳои калон афзуд ва умуман Саноати гӯшт ба соҳаи калони саноати хӯрокворӣ табдил ёфт. Корхонаҳои Саноати гӯшт бо техникаи ҳозиразамон, хатҳои автоматӣ ва агрегатҳои мураккаб таҷҳизонида шудаанд. Ҳаҷми истеҳсолоти корхонаҳо хеле афзуд. Дар шаҳрҳои калон (Москва, Ленинград) комбинатҳое мавҷуданд, ки то 6000 нафар коргар дошта, дар як рӯз 1000 тонна гӯшт, 380 тонна ҳасиб ва 120 тонна маснуоти дигари гӯштӣ мебароранд. Саноати гӯшт даҳҳо институтҳои тадқиқоти илмӣ ва лоиҳакашӣ дорад, ки роҳҳои такмили технология ва иқтисодиёти корхонаҳоро таҳқиқ мекунанд.
Тоҷикистон то Револютсияи Октябр Саноати гӯшт надошт. Чорворо асосан дар қассобхонаҳои хурди хусусӣ мекуштанд. Аввалин корхонаи Саноати гӯшти республика соли 1930 дар шаҳри Хуҷанд ба кор даромад. Дертар дар як қатор шаҳру районҳои республика (Душанбе, Қӯргонтеппа, Кӯлоб, Хоруғ, Исфара) комбинатҳои калони гӯшт сохта шуданд. Иқтидори корхонаҳо ва истеҳсоли гӯшту маҳсулоти гӯштӣ хеле афзуд (нигаред ҷадвал).
Ҳоло Саноати гӯшт яке аз соҳаҳои муҳимми саноати хӯроквории республика аст; Дар 53 корхонаи Саноати гӯшт ҳазорҳо коргар кор мекунад. Соли 1980 ин корхонаҳо қариб 140 миллион сӯмина мақсулот бароварданд. Вазни қиёсии Саноати гӯшт дар саноати хӯроквории республика аз рӯи миқдори корхонаҳо, шумораи коргарон ва ҳаҷми маҳсулот зиёд ‘мебошад. Истеҳсоли гӯшт ба ҳар сари аҳолии республика соли 1965-ум 10,4 килограмм, 1970-ум 11,0 килограмм, 1975-ум 12,7 килограмм ва 1980-ум 12,9 килограмм буд. Алҳол 90% гӯшт аз ҳисоби захираҳои ашёи хоми давлатӣ истеҳсол мешавад. Гӯшти гов 58,9%, хук 8,9%, гӯсфанд 1*2,5%, парранда 16,7%, асп 3,0%-и ҳаҷми умумии гӯштро ташкил медиҳанд. Корхонаҳои Саноати гӯшти республика механиконида шудаанд. Соли 1979 дар Тоҷикистон 93,7 ҳазор тонна гӯшт (ба ҳисоби вазни кушташуда) истеҳсол шуд, ки 36%-и онро хоҷагиҳои давлатӣ, чорякашро колхозҳо ва корхонаҳои байнохоҷагӣ тайёр карданд, 39%-и боқимондаи он аз хоҷагиҳои шахсии аҳолӣ харида шудааст. Солҳои 1965—1980 миқдори чорвою паррандаи ба давлат фурӯхтаи хоҷагиҳо 1,9 ва коркарди саноати гӯшт 1,8 баробар афзуд.
Минбаъд тараққӣ додани Саноати гӯшт на танҳо афзоиши саршумор, инчунин баланд бардоштани маҳсулнокии чорворо талаб мекунад (нигаред Чорводорӣ). Вазне миёнаи ҳар сар чорвои ба давлат фурӯхташуда солҳои 1960 ва 1980 (мувофиқан ба ҳисоби килограмм) чунин аст: гов 207 ва 313; хук 82 ва 102; гӯсфанду буз 37 ва 39.
Дар панҷсолаи 11 -ум истеҳсоли миёнаи солонаи гӯшт бояд 23%. зиёд шуда, ба 110 ҳазор тонна расад. Дар панҷсола, инчунин зиёд намудани шабакаи ширхонаҳои чорводории байнихоҷагӣ, комплексҳои саноатии чорво ва баланд бардоштани маҳсулнокии онҳо пешбинӣ шудасст.
Адабиёт: Пищевая промышленность Союза Советских Социалистических Республик СССР, Москва., 1067; Соломонов Ш. М., Развиитие социалистического и промышленности Таджикистана, Душанбе, 1967; Нурназаров М. Н., Развитие и размещение промыш- ленности Северного Таджикистана, Душанбе, 1974; Народное хозяйство Союза Советских Социалистических Республик СССР в 1979 год. Стат. сборник., Москва, 1980. М. Нурназаров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …