Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САНОАТИ ЧАРМУ ПОЙАФЗОЛ

САНОАТИ ЧАРМУ ПОЙАФЗОЛ

САНОАТИ ЧАРМУ ПОЙАФЗОЛ, як соҳаи саноати сабукро гӯянд, ки аз пӯсти ҳайвонот чарми мулоиму сахт ва аз чарми табиию сунъӣ пойафзол, либос, маснуоти сарроҷию чарчинворӣ, қисмҳои мошини бофандагӣ ва ғайра тайёр мекунад.
Нимаи дуюми асри 19 дар Саноати чарму пойафзоли мамлакатҳои мутараққӣ усулҳои индустрналии истеҳсолот ҷорӣ шуд. Солҳои 1980—1990 асри 19 дар Саноати чарму пойафзол усули босуръати бо намаки хром ошдиҳии пӯст ҷорӣ гардид, ки он усулҳои оддии бо моддаҳои даббоғии растанигӣ ошдиҳиро аз миён бардошт. Дар истеҳсолоти пойафзол просесси механикони солҳои 1950 асри 19 оғоз ёфт, барои тайёр кардани рӯчарми пойафзол мошинҳои дӯзандагиро истифода бурданд. То охири асри 19 дигар мошинҳои махсуси пойафзолдӯзиро низ ихтироъ карданд.

poyafzol
Дар Россияи тореволютсионӣ Саноати чарму пойафзол соҳаи қафомонда буд. Чармгарӣ дар корхонаҳои нимкосибии камиқтидори дорои техникаи содда ба амал бароварда мешуд. Просесси технологии пӯстощдиҳӣ то 180 шаборӯз (ҳозир 20—30 шаборӯз) давом мекард. Пойафзолро асосан дар артелҳо, дӯконҳон косибӣ тайёр мекарданд.
Соли 1913-ум 68 миллион ҷуфт пойафзоли чармин бароварданд. 80% корҳои истеҳсолии фабрикаҳои пойафзол дастӣ иҷро мешуд. Мошинсозии чарму пойафзол вуҷуд надошт. Барои заводҳо ва фабрикаҳои пойафзол таҷҳизоту асбобҳо, инчунин маҳсулоти чарми хромии тайёр ва моддаҳои даббоғиро аз хориҷа меоварданд. Аввалин заводҳои калони чарми Россия соли 1739 дар шаҳри Осташков (ҳоло вилояти Калинин) ва соли 1847 дар Петербург (ҳозира заводи ба номи А. Н. Радищев) сохта шуданд.
Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР Саноати чарму пойафзол ба соҳаи калони механиконида табдил ёфт. Корхонаҳои кӯҳна аз нав таҷҳизонида ва васеъ карда шуданд. Дар Москва, Елс, Кузнеск, Новосибирск, Иркутск, Фрунзе, Семипалатинск ва ғайра заводҳои нави чарм, дар Свердловск, Тбилиси, Новосибирск, Киев ва ғайра фабрикаҳои пойафзол бино ёфтанд. Мошинсозии чарму пойафзол, истеҳсоли моддаҳои даббоғй, масолеҳи чарми хромӣ, инчунин чарми сунъӣ ба вуҷуд омад.
Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 —45) баробари барқароркунӣ ва аз нав таҷҳизонии корхонаҳои кӯҳна дар Ворошиловград, Гродно фабрикаҳои пойафзол, дар Ҷамбул, Ульяновск комбинатҳои чарму пойафзол, дар Лвов, Харков, Боку, Тошкент, Самарқанд, Душанбе ва ғайра заводҳои чарм сохта шуданд. Саноат бо техникаи ҳозиразамон таҷҳизонида шуд, технологияи он такмил ёфт, ташкили истехсолот беҳтар гардид.
Дар Саноати чарму пойафзоли Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР истифодаи чарми сунъӣ торафт меафзояд. Ҳоло 42%-и пойафзоли чарминро аз чарми сунъӣ тайёр мекунанд.
То рсеолютсия Саноати чарму пойафзол бештар дар ноҳияҳои шимоли ғарбӣ, ғарбӣ ва марказии Россия ҷойгир буд. Солҳои Ҳокимияти Советӣ дар ҷойгиронии Саноати чарму пойафзол тағйироти куллӣ ба амал омад. Дар ҳамаи республикаҳои иттифоқӣ Саноати чарму пойафзол тараққӣ мекунад. Соли 1980 Саноати чарму пойафзоли Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР 744 миллион ҷуфт пойафзоли чармин баровард.
Соли 1928 Институти марказии тадқиқитии илмии Саноати чарму пойафзол (ЦНИИКП), соли 1930 Институти тадқиқоти илмии Саноати чарму пойафзоли Украина (Укр. НИИКП) таъсис ёфт. Дар Москва, Киев мактабҳои олӣ ва дар ноҳияҳои гуногуни мамлакат омӯзишгоҳҳо кушода шуданд. Соли 1939 Институти тадқиқоти илмии таъвизи чарм (ҳозира Институти умумииттифоқии тадқиқоти илмии масолеҳи плёнкагӣ ва чарми сунъӣ), соли 1956 Хонаи марказии қолиби пойафзол- маркази таълимии мамлакат оид ба қолибсозӣ (Москва) ба вуҷуд омад.
Саноати чарму пойафзоли Тоҷикистон дар солҳои сохтмони сотсиалистӣ ташаккул ёфт. Съезди 2-юми Партияи Коммунистии(болшевикон) Тоҷикистон (1934) дар шаҳри Душанбе сохтмони фабрикаи пойафзолро (иқтидори истеҳсолиаш 400 ҳазор ҷуфт) пешбинӣ намуд. Соли 1940 дар шаҳри Ленинобод фабрикаи дуюми республикавии пойафзол) ба кор даромад. Саноати чарму пойафзоли республика босуръат тараққӣ кард. Агар соли 1940 0,5 миллион ҷуфт пойафзол истеҳсол шуда бошад, соли 1965 ба 3,6 миллион ҷуфт расид, яъне нисбат ба соли 1940 зиёда аз 7 баробар афзуд. Саноати чарму пойафзоли республика соли 1970 6,1 миллион ҷуфт ва соли 1975 6,9 миллион ҷуфт пойафзоли чармин баровард, ки назар ба 1940 қариб 14 баробар зиёд аст. Истеҳсоли пойафзол солҳои панҷсолаи 10-ум (1976—80) боз ҳам афзуд. Агар соли 1976-ум 7,1 миллион ҷуфт пойафзоли чармии истеҳсол шуда бошад, соли 1978 ба 7,7 миллион ҷуфт ва 1980 ба 7,8 миллион ҷуфт расид.
Талабот ба пойафзолҳои баландсифат сол то сол меафзояд. Дар Саноати чарму пойафзоли республика оид ба таъмини истеҳсоли пойафаолҳое, ки ба талаботи имрӯза пурра чавоб дода тавонанд, як қатор тадбирҳо андешида шуданд. Соли 1972 Иттиҳодияи истеҳ- солии чарму пойафзоли Душанбе таъсис ёфт, ба он фабрикаҳои пойафзоли № 1 ва № 3, инчунин заводи чарм тобеанд. Соли 1979-ум 14 номгӯйи маҳсулоти Иттиҳодияи истеҳсолии чарму пойафзоли Душанбе Нишони давлатии сифат гирифт. Иттиҳодия соли 1979 беш аз 4,6 миллион ҷуфт пойафзол баровард.
Фабрикаи пойафзоли Ленинобод яке аз корхонаҳои пешқадами саноати сабук мебошад. Ҳоло (1979) ба 17 намуди маҳсулоти фабрика Нишони давлатии сифат ва ба 16 намунаи пойафзоли он индекси «Н» дода шудааст.
Базаи моддию техникии Саноати чарму пойафзоли республика дар солҳои охир хеле васеъ ва мустаҳкам гардид. Дараҷаи меҳаниконии истеҳсолот соли 1979 дар Иттиҳодияи истеҳсолии чарму пойафзоли Душанбе 59,2% ва дар Фабрикаи пойафзоли Ленинобод 53%-ро ташкил дод. Дар ду корхонаи соҳа (1979) 17 хатти муттасили пойафзолдӯзӣ ва 15 хатти муттасили масолеҳи буридан тайёр бароранда кор мекунад.
Адабиёт: Зыбин Ю. Пм Технология обуви Москва, 1953—1955; Мурванидзе Д. С., Основные направления развития обувной промышленности, Москва 1968; Народное хозяйство Таджикской Советской Социалистической Республики в 1980 году, Душанбе 1982.
С. Д, Комилов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …