Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САНОАТИ ЧӮБУ ТАХТА,

САНОАТИ ЧӮБУ ТАХТА,

САНОАТИ ЧӮБУ ТАХТА, як соҳаи саноати ҷангалро гӯянд, ки коркарди механикӣ, химиявию механикӣ ва коркарди дубораи чӯбро ба амал мебарорад ва маснуоти гуногуни чӯбро ҳамчун ашёи хом дар истеҳсолот истифода мебарад. Саноати чӯбу тахта чӯбу тахта, шпаллҳо, фанер, плитачӯб, чӯби чортарош, масолеҳи бинокорӣ, қисмҳои тайёри вагон, автомобил, самолёт, ароба, киштӣ ва мошинҳои хоҷагии қишлоқ, гӯгирд, мебел, зарфҳои чӯбин, қолиби пойафзол, асбобҳои рӯзгор, асбобҳои спортӣ ва ғайра мебарорад.
Касби чӯбкорӣ аз қадимулйём маълум аст. . Саноати чӯбу тахта дар Россия аввали асри 18 ба вуҷуд омада нимаи дуюми асри 19 босуръат тараққӣ кард. Солҳои 1900—13 истеҳсоли чӯбу тахта дар Россия аз 7,7 миллион метр3 то 14,2 миллион метрэ афзуд, вале дараҷаи умумии техникии . Саноати чӯбу тахтаи Россия паст буд. Пеш аз Ҷанги якуми ҷаҳон (1914—1918) якчанд корхонаҳои калони Саноати чӯбу тахта (заводҳои чӯббурии Архангелск, Онега ва ғайра) сохта шуданд.

chubu-taxta
Саноати чӯбу тахта махсусан дар солҳои Ҳокимияти Советӣ тараққӣ кард. Тараққии Саноати чӯбу тахта дар панҷсолаҳои пешазҷангӣ (1929—1940) ба пешрафти соҳаҳои асосии “саноат — мошинсозӣ, мебелсозӣ ва ғайра, инчунин истеҳсоли молҳои сермасриф бевосита алоқаманд буд. Барои сохтани дару дарвозаю тиреза ва чорчӯбаҳои онҳо корхонаҳои махсус (комбинатҳои Двински Ғарбӣ, Лопатинск, Киев, Бобруйск, Елипан, Днепропетровск), заводҳои чӯбкорӣ (Москва, Ленинград, Саратов, Красноярск ва ғайра), корхонаҳои хонасозӣ (дар як қатор ноҳияҳои Урал, кишварҳои Шимоли Ғарби мамлакат ва ғайра), фабрикаҳои автоматонидаи гӯгирдбарорӣ бунёд шуданд. Сохтмони корхонаҳои вагонсозӣ, автомобилсозӣ, мошинсозии хоҷагии қишлоқ ва ғайра зарурати дар як қатор корхонаҳои Архангелск, Москва, Ленинград, Горкии, Ростови Дон, Волгоград аз дигар шаҳрҳо сохтани сехҳои чӯбкориро ба миён овард. Корхонаҳои Саноати чӯбу тахта дар ҳамаи ноҳияҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР мавҷуданд. Зиёда аз 2/3 ҳиссаи маснуоти Саноати чӯбу тахтаро Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Республик мебарорад. Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР аз рӯи чӯбу тахтабарорӣ дар дунё (аз 1957) Ҷои 1-умро мегирад. Прогресси техникии . Саноати чӯбу тахтаи Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР бо тадқиқоти илмии хосияти физикию механикии чӯб, нигоҳдориву муҳофизат ва хушконии он, чӯббурӣ, технологияи кор- карди чӯб вобастагии мустаҳкам дорад. Дар корхонаҳои пешқадам баъзе просессҳои ‘ чӯбкорӣ, мебелбарорӣ, фанербарориро ба таври автоматӣ ва нимавтоматӣ иҷро мекунанд.
. Саноати чӯбу тахта дар Тоҷикистон аз сабаби камии манбаи ашёи ҳом чандон тараққӣ накардааст. То Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр Саноати чӯбу тахта дар республика тамоман набуд. Ҳоло Саноати чӯбу тахта аз ҳисоби чӯби дигар ноҳияҳои мамлакатамон ва қисман аз ҳисоби чӯби хоҷагиҳои ҷангали республика кор мекунад. Маҳсулоти Саноати чӯбу тахтаи Тоҷи- кистон солҳои 1940—83-ум 25 баробар афзуд. Соли 1982 дар Тоҷикистон 256 корхонаи Саноати чӯбу тахта, аз ҷумла 99 корхонаи чӯббурӣ, 76 корхонаи масолеҳи бинокорӣ, 8 корхонаи истеҳсоли зарфҳои чӯбин, 13 корхонаи мебелсозӣ ва ғайра буд. Ии корхонаҳо соле беш аз 67,2 миллион сӯмина маҳсулот мебароранд. Соли 1982 Саноати чӯбу тахтаи республика 10,6 ҳазор метр3 маснуоти чӯбин, 10,2 ҳазор метр3 чӯбу тахта, инчунин 120 ҳазор метрэ маснуоти чӯбгарӣ, 5 ҳазор партаи мактабӣ, 2955 ҳазор метр2 қуттиҳои картонӣ ва 36 миллион сӯмина мебел тайёр кард. Комбинатҳои чӯбу тахтаи Душанбе, Ленинобод, Фабрикаи мебелсозии Душанбе ва ғайра корхонаҳои калонтарини Саноати чӯбу тахтаи республикаанд.
Адабиёт.: Клецельман У. X., Комплексное развитие промышленности Таджикистана, Душанбе, 1969; Прохорчук И. С., Лесообрабатывающая промышленность Союза Советских Социалистических Республик СССР, Москва, 1969; Советский Тад- жикистан за 60 лет. Статсборник, Душанбе, 1984. Н. Бердиева.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …