Главная / Ҷамъият / САНОАТИ БОФАНДАГӢ

САНОАТИ БОФАНДАГӢ

САНОАТИ БОФАНДАГӢ, яке аз соҳаҳои қадима ва калонтарини саноати сабук, ки аз навъҳои гуногуни нахи растанӣ, пашми ҳайвонот ва нахи химиявӣ (сунъӣ ва синтетикӣ) матои бофта, трикотажӣ ва маснуоти дигар тайёр мекунад. Саноати бофандагӣ соҳаҳои омода намудани ашёи хоми бофандагӣ, матоъҳои пахтагин, катонӣ, пашмин, абрешимин, канабию ҷутӣ, тӯрӣ, бофандагию чарчинворӣ, трикотажӣ ва ғайраро низ дар бар мегирад. Маҳсулоти Саноати бофандагиро барои дӯхтани либосу пойафзол, инчунин дар дигар соҳаҳои саноат (масалан, саноати мебел, мошинсозӣ) истифода мебаранд.

Textile fabric rolls
Истеҳсоли маснуоти бофандагӣ дар замонҳои хеле қадим сар шудааст. Коркарди пахта ва дастӣ тайёр кардани ресмону матоъ пеш аз милод дар Ҳиндустон, Хитой ва Миср маълум буд.
Дар Россия баробари мануфактураҳои моҳутӣ ва истеҳсолоти капиталистӣ дар хонаҳо дастгоҳҳои хурди зиёде мавҷуд буданд, ки маснуоти пашмин истеҳсол мекарданд. Дар ибтидои асри 18 бисёр мануфактураҳои калони матоъҳои пашмин (моҳутӣ), катонӣ ва абрешимин пайдо шуданд. Саноати матоъҳои пахтагини Россия нисбат ба дигар соҳаҳои Саноати бофандагӣ дертар ба вуҷуд омада, дар заминаи истеҳсолоти катонбофӣ тараққӣ кардааст. Корхонаҳои нисбатан калони матоъҳои пахтагин дар нимаи дуюми асри 18 ва ибтидои асри 19 пайдо шуданд.
Соли 1913 Саноати бофандагӣ 20,5% маҳсулоти тамоми саноат ва қариб о2% маҳсулоти истеҳсолоти молхои истеъмолиро медод. Дар Осиёи Миёна ва Қазоқистон — ноҳияҳои асосии ашёи хоми бофандагӣ Саноати бофандагӣ вуҷуд надошт. Норасоии ашёи хом тараққии Саноати бофандагиро боз медошт. Саноати трикотаж ва пиллакашӣ, коркарди аввалини зағир, пашм ва ғайра нав ба вуҷуд меомаданд.
Баъди Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914 —1918), Ҷанги гражданӣ (1918—20) ҳаҷми истеҳсолот хеле кам шуд. Солҳои аввали Ҳокимияти Советӣ баробари ба кор андохтани корхонаҳои кӯҳнаи бофандагӣ фабрикаҳои нав сохта шуданд. Солҳои панҷсолаи 1-ум (1929—1932) 13 корхонаи матоъҳои пахтагин, 3 корхонаи матоъҳои катонӣ, 4 корхонаи матоъҳои пашмин ва баъзе корхонаҳои дигари бофандагӣ ба кор даромаданд. Дар панҷсолаи 2-юм (1933—1937) сохтмони навбати аввали комбинатҳои матоъҳои пахтагини Тошкент ва Барнаул, Комбинати бофандагии Душаибе, комбинатҳои матоъҳои катонии Смоленск, Орш, Кострома ва дигар корхонаҳои Саноати бофандагӣ ба охир расид.
Дар панҷсолаҳои пеш аз ҷанг дар республикаҳои иттифоқии Осиёи Миёна Саноати бофандагӣ ба вуҷуд омад. Саноати бофандагӣ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ сахт зарар дид. Бисёр корхонаҳо вайрон шуданд. Дар панҷсолаи 4-ум Саноати бофандагӣ барқарор карда шуд. Дар панҷсолаҳои минбаъда низ корхонаҳои зиёди Саноати бофандагӣ бино ёфта, бо техника ва технологияи наву пуриқтидор таҷҳизонида шуданд. Истеҳсоли маснуоти Саноати бофандагӣ сол то сол меафзояд (нигаред ҷадвали 1).
Соли 1975 Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР аз ҷиҳати истеҳсоли матоъҳои пашмину катонӣ дар ҷаҳон ба ҷои 1гум баромад. Саноати бофандагии Тоҷикистон таърихи қадиме дорад. Он дар шакли дӯконҳои косибӣ вуҷуд дошт. Истеҳсолоти косибии бофандагӣ (пахтаресӣ, пиллакашӣ, абрешимтобӣ, шоҳибофӣ, қолинбофӣ, рангрезӣ) дар ҳаёти иқтисодии кишвар мақоми махсус дошт. Соли 1916 фақат дар уезди Хуҷанд зиёда аз 1,5 ҳазор дукони косибӣ буд. Дар онҳо қариб 2,5 ҳазор кас кор мекард. Умумаи дар ҳудуди Тоҷикистони ҳозира пеш аз Револютсияи Октябр тақрибан 6 ҳазор корхонаи саноати косибию ҳунармандӣ буданд ва дар онҳо қариб 9 ҳазор кас кор мекард. Истеҳсолоти косибӣ ҳам дар шаҳр ва ҳам дар деҳот тараққӣ карда буд. Ба ресандагӣ танҳо занон (дар дастгоҳҳои ресандагии хурд) машғул буданд, мардон бошанд, матоъ мебофтанд ва онро рангу бор медоданд. Маснуоти пахтагини истеҳсолшуда навъҳои гуногун доштанд: матоъ, дока, хосса, қаламӣ, чит, карбос ва ғайра. Матоъҳои пахтагинро дар дастгоҳҳои оддии номукаммали дастӣ мебофтанд. Матоъҳои пахтагинро дар дӯкон ё хонаҳо рангубор медоданд. Яке аз соҳаҳои мутараққии бофандагии косибии Тоҷикистон пиллакашӣ ва шоҳибофӣ буд. Дар Осиёи Миёна кирмакдорӣ ва шоҳибофӣ таърихи 4 ҳазор сола дорад. Дар ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон кирмакдорӣ махсусан дар уезди Хуҷанд, водии Зарафшон, Ӯротеппа, Конибодом, Шаҳринав, Ҳисор ва Кӯлоб тараққӣ карда буд. Сои 1916 дар уезди Хуҷанд 95 корхонаи косибии матоъҳои абрешимӣ буд, ки онҳо 121 коргар доштанд ва соле 15300 сӯмина маҳсулот мебароварданд. Абрешимро аз ноҳияҳои Осиёи Миёна ба Россия, Ҳиндустон, Эрон, Афгғонистон мекашонданд.
Баъди Револютсияи Октябр дар қатори дигар соҳаҳо Саноати бофандагии Тоҷикистон низ рӯ ба тараққӣ ниҳод. Соли 1936 Совети Комиссарони Халқи Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР оид ба сохтмони Комбинати бофандагии Душанбе (аввалин корхонаи матоъҳои пахтагини республика) қарор қабул кард. Сохтмони комбинат соли 1936 сар шуд ва навбати якуми он соли 1942 ба кор даромад. Ҳамон сол 229 тонна калоба ва 402 ҳазор метр матои дурушт истеҳсол кард. Комбинат соли 1966 пурра ба истифода дода шуд ва ба корхонаи азими Саноати бофандагии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР
табдил ёфт. Он соле зиёда аз 100 миллион метр газвор мебарорад (1978). Дигар аз корхонаҳои калони саноати матоъҳои пахтагии Фабрикаи ресмонресии Конибодом мебошад, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1942—1944) сохта шудааст. Соли 1942 фабрика қариб 42 тонна ресмони пахтагин истеҳсол карда буд. Комбинати бофандагии Душанбе ва Фабрикаи ресмонрессии Конибодом 91,3% коргарон ва 95,6% арзиши ҳама фондҳои асосии Саноати бофандагии Тоҷикистонро дар бар гирифтаанд. Ин корхонаҳо 98,4% маснуоти умумии Саноати бофандагиро истеҳсол мекунанд.
Саноати бофандагии Тоҷикистон сол то сол бо техникаи нав таҷҳизонида, просесҳои истеҳсолот бештар механиконида ва автоматонида мешаваид. Ин боиси баландшавии ҳосилнокии меҳнат ва беҳтаршавии тамоми нишондиҳандаҳои техникию иқтисодӣ гар- дид (нигаред ҷадвали 2).
Саноати абрешими Тоҷикистон яке аз соҳаҳои қадимист. Соли 1928 дар Хуҷанд дӯкони косибии хурде сохта шуд, ки он минбаъд ба корхонаи индустриалӣ — Комбинати абрешими Ленинобод (собиқ «Бофандаи сурх») табдил ёфт. Сехҳои ресмонресӣ (21 ноябри 1931 бо 980 дук) ва пиллакашии (8 марти 1931 бо 40 дег) фабрика пеш аз мӯхлат ба кор даромаданд. Фабрика соли 1934-ум 289 ҳазор метр матоъҳои абрешимӣ ва соли 1935 крепдешин, рӯймол, широза, миёнбанд ва ғайра истеҳсол кард. Фабрикака 82 номгӯн маҳсулоти гуногун баровард. Соли 1940 маҳсулоти умумии он назар ба соли 1932 зиёда аз 10 маротиба афзуд. Соли 1932-юм 2,27/% (дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР 837 тонна) ва соли 1940-ум 10,9% (дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик 1816 тонна) абрешими хоми Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР-ро истеҳсол кард. Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1940 аз ҷиҳати истеҳсоли матоъҳои абрешимӣ ба ҳар сари аҳолӣ баъд аз Гурҷистон дар ҷои 2-юм меистод. Аз соли 1961 автоматонӣ ва такмили таҷҳизоти саноати абрешим муттасил ба амал бароварда шуд. Баъд аз ҷанг саноати абрешими Тоҷикистон босуръат тарққӣ кард. (нигаред, ҷадвали 3)
Маҳсулоти саноати абрешими Тоҷикистон дар натиҷаи васеъшавии корхонаҳо, азнавсозии онҳо, таҷдиди фондҳои асосӣ, махсусан таҷҳизоти истеҳсолот, инчунин истифодаи беҳтари иқтидорҳои истеҳсолӣ, такмили ихтисоси кадрҳо ва ҳосилнокии меҳ- нат хеле вусъат ёфт. Ба абрешими тоҷик на танҳо дар республика, бал- ки берун аз ҳудуди он ииз талабот калон аст.
Соли 1960 дар Тоҷикистон соҳаи навӣ Саноати бофандагӣ – қолинбофӣ ба вуҷуд омад. Комбинати қолинбофии ордени Байрақи Сурхи Меҳнатдорони Қайроққум ба номи Владимир Илич Ленин (Нигаред, Комбинати қолинбофии Қайроққум) аввалин корхонаи саноати қолинбофии Тоҷикистон мсбошад. Дар сохтан, таҷ- ҳизонидан ва ба кор андохтани он намояндагони бисёр республикаҳои бародарӣ иштирок карданд. Истеҳсоли қолин ва маҳсулоти қолинӣ дар республика муттасил меафзояд (нигаред ҷадвали 4).
Бисёр навъҳои қолини комбинат сазовори Нишоки давлатии сифат гаштаанд. Соли 1974 дар ярмаркаи байналхалқиц Лейпсиг ду навъи қолини Комбинати қолинбофии Қайроққум медали тилло гирифт.
Адабиёт: Владимирский Н. Н., От домашнего ткачества к социалистическому текстильному производству, Кострома, 1949; Корнеев А. М., текстильная промышленность Союз Советских Социалистических Республик СССР и ‘пути её развития, Москва, 1957; Вафаев А. Д., Материально-техническая база текстильной промышленности Таджикистана, Душанбе, 1965; Из истории индустриализазии Таджикской Советской Социалистической Республики, Душанбе. 1972; Статистический ежегодник, Душанбе, 1980. А. Шерназаров.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САҚАТИ ИСТЕҲСОЛӢ

САҚАТИ ИСТЕҲСОЛӢ, брак, дар ҳуқуқи советӣ маҳсулотест, ки ба стандарт, шарти техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои …