Главная / Ҷамъият / САНОАТИ АВТОМОБИЛ

САНОАТИ АВТОМОБИЛ

САНОАТИ АВТОМОБИЛ, а в т о м о б и л со з ӣ, як соҳаи саноати мошинсозист, ки автомобилҳои гуногун мебарорад. Саноати автомобил охири асри 19 дар як қатор мамлакатҳо ба вуҷуд омад. Соли 1900 Штатҳои Муттаҳидаи Америка 4192, Франсия 2000, Италия 355 автомобил бароварданд.
Дар Россиляи тореволютсионӣ соҳаи махсуси автомобилсозӣ набуд. Соли 1915 заводи Ҷамъияти москвагии автомобил —АМО (Москва), заводи «Русский Рено» (Рибинск), заводи Лебедев (Ярославл), заводи Аксай (Ростови Дон) ва ғайра сохта шуд. Нимаи дуюми соли 1916 онҳо 6750 мошини сабукрав ва 3750 автомобили боркаш баровар- данд.

scale_1200
Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР борн аввал дар 3аводи АМО (1924) 10 автомобили боркаши 1,5-тоннагӣ сохта шуд. Солҳои 1927— 1928 3аводи «Спартак»-и Москва мошини сабукрави НАМИ-1 баровард. 1 октябри 1931 3аводиди автомобили Москва, ҳозира 3аводи ба номи Лихачёв (ЗИЛ) на 1 январи 1932 3аводи автомобили Горкий ба кор даромад.
3аводи автомобили Горкий соли 1932 ба баровардани мошини сабукрави ГАЗ-А (аз соли 1936 мошини сабукрави М-1) сар кард. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Миасс (вилояти Челябинск) 3аводи автомобили Урал сохта шуд, ки он аз июли 1944 автомобили боркаши 3-тоннагӣ баровард. Баъди ҷанг баробари азнавсозӣ ва васеъ кардани заводҳои мавҷуда дар Минск, Кутаиси, Уляновск заводҳои нави автомобил ба кор даромаданд. 3аводи автомобилҳои камлитражи Мо- сква (1947) (Мошинаи сабукрави камлитражи «Москвич-400», заводҳои автобуссозии Лвов (1956) ва Павлово (1953, вилояти Горкий) автобус бароварданд. Солҳои 1947—48 заводҳои автомобил ба баровардани автомобилҳои типи нав (боркаши ГАЗ-51, ГАЗ- 63, ЗИС-150, ЗИС-151, Урал-355М, ЯАЗ-210, МАЗ-200, МАЗ-205 ва ғайра; сабукрави «Победа», ГАЗ-69) сар карданд. Солҳои 1966—1970 дар шаҳри Толятти заводи калонтарини мошини сабукрав — Волжск (соле 660 ҳазор мошини сабукрави камлитраж мебарорад) сохта шуд. 3аводҳои автомобили ба номи Лихачёв автомобили ЗИЛ-130 ва ЗИЛ-131 (1967), Горкий ГАЗ-53А (1965) ва ГАЗ-66 (1966), Урал Урал- 375 (1962) ва Урал-377 (1966),Минск МАЗ-500, МАЗ-503, МАЗ-504 (1965) бароварданд. Соли 1976 навбати якуми комплекси заводи Камаз (автомобили пуриқтидори боркаш) ба кор даромад.
Автомобилсозӣ дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР босуръат тараққӣ мекунад. Дар панҷсолаи 10-ум истеҳсоли мошинҳои махсуси хоҷагии қишлоқ, савдо, хизмати маишӣ, тандурустӣ, саноат, сохтмон ва дигар соҳаҳо афзуд ва дараҷаи техникӣ, боэътимодӣ, мустаҳкамии автомобилҳо баланд гардид. Ҳоло 350 навъи ав- то,мобилҳои боркаш (аз 0,4 то 100 тонна), мошинҳои сабукрави гуногун, автобусҳо (барои 10—100 пассажир), ҳар гуна присепҳо (иқтидори борбардориашон аз 0,6 то 120 тонна) ва ғайра ме- бароранд. Соли 1980 истеҳсоли мошинҳои сабукрав 5 маротиба афзуд. Саноати автомобил 2,3 миллион автомобил, аз он ҷумла 825 ҳазор автомобили боркаш баровард. Иқтидори умумии борбардории автомобилҳо назар ба соли 1975 00% афзуд. Соли 1980 ҳосилнокии меҳнат дар Саноати автомобил назар ба соли 1970-ум 2,2 баробар зиёд шуд. Саноати автомобили Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР муттасил тараққӣ мекунад (нигаред ҷадвал).
Дар Тоҷикистон заводи «Автозапчасть» (шаҳри Конибодом) мавҷуд аст, ки барои автомобилҳои боркаш қисмҳои эҳтиётӣ мебарорад. Нигаред низ Автомобил.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САФОРАТХОНА

САФОРАТХОНА, намояндагии дипломатие, ки ба он сафир ва ё дигар намояндагони дипломатии класси 1- ум …