Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САНОАТИ АСБОБСОЗӢ

САНОАТИ АСБОБСОЗӢ

САНОАТИ АСБОБСОЗӢ, як соҳаи мошинсозиро гӯянд, ки асбобҳои буранда, ченак, челонгарию монтаж, фишор, сӯҳон ва таҷҳизоти техникӣ (олот, қолиб ва ғайра) мебароранд.
Россияи тореволютсионӣ Саноати асбобсозии махсус надошт. Сехҳои асбобсозии заводҳои калони мошинсозӣ (Тула, Путилов, Коломенск ва ғайра), ки дар асри 19 ва аввали асри 20 сохта шудаанд, қисман асбоб мебароварданд. Асбобҳои буранда ва ченакро асосан аз Британияи Кабир, Франсия, Швесия ва Германия меоварданд. Дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳон (1914—1918) аз хориҷа овардани асбоб кам шуд, ки ин зарурати васеъ намудани сехҳои мавҷуда ва сохтани сехҳои нави асбобсозиро ба миён овард. Соли 1916 дар шаҳри Миасс аввалин заводи махсуси асбобсозӣ, ки сӯҳон мебаровард, сохта шуд.

659
Баъди Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар мамлакат истеҳсоли асбоб афзуд. Дар заминаи 3аводи ба номи С. П. Воскови Сестрореск (соли 1721 сохта шудааст) истеҳсоли асбобҳои буранда ва ченак ба роҳ монда шуд. Соли 1919 3аводи асбобсозии Москва (ЗАМ) ба кор даромад. Дар панҷсолаи 1-ум (1929—1932) дар Москва ду заводи калони асбобсозии «Фрезер» (асбобҳои буранда) ва •«Калибр» .(асбобҳои ченак) сохта шуд. Дар панҷсолаҳои 2- юму 3-юм иқтидори заводҳои мавҷуда хеле афзуд. Соли 1940 истеҳсоли асбоб назар ба соли 1932-юм 7 баробар ҳосилнокии меҳнат дар Саноати асбест қариб 4 баробар зиёд шуд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) дар натиҷаи ба Щарқ кӯчонидани як қисми таҷҳизотп заводҳои асбобсозии «Фрезер», «Калибр», ЗАМ, Сестрореск ва ғайра заводҳои асбобсозии Оренбург, Томск, Новосибирск, Тошкент, Свердловск, Челябинск, Киров таъсис ёфтанд. Дар ин давра истеҳсоли асбоб (соли 1944 назар ба соли 1940 2 баробар) зиёд шуд. Афзоиши шумораи заводҳо имкон дод, ки мах- сусгардонии онҳо, усулҳои муттасили кор, механиконӣ ва автоматонии истеҳсолот ва ғайра боз ҳам беҳтар гардад.
Ба тараққии Саноати асбобсозӣ дар ин давра Институти умумииттифоқии тадқиқоти илмии асбобсозӣ (1943), бюрои тад- қиқоти илмии ҳамдигаривазкунӣ (1935), ки конструксияҳои нави ас- бобҳои буранда, автоматҳои назоратию ченак ва ғайра сохтаанд, мусоидат карданд. Институти асбобҳои дастгоҳии “Станкин» (Москва, 1930) инженерҳои асбобсоз тайёр мекунад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …