Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САНОАТИ ҚАННОДӢ

САНОАТИ ҚАННОДӢ

САНОАТИ ҚАННОДӢ, як соҳаи саноати хӯрокворист, ки дар фабрикаҳои махсусгардонида, сехҳои комбинати нон, заводҳои консерв ва комбинатҳои хӯрокворӣ маснуоти қаннодӣ мебарорад. Дар Россия касби пряникпазӣ (кулчаи қандин) дар асрҳои 15—16 маълум буд. Нимаи дуюми асри 18 дар Петербург ва Москва корхонаҳои махсуси «қаннодӣ» буданд, ки -дар онҳо пирожни, ҳалвои мағзи (нугу), конфет, ҳалвои бодомдор (марсипан), нӯшокии шоколаддор тайёр мекарданд. Соли 1913 дар Россия 142 корҳонаи қаннодӣ буд, ки дар онҳо 17405 нафар коргар кор мекарданд. Ин корхонаҳо 70,1 ҳазор тонна маснуоти гуногуни қаннодӣ мебароварданд. Аз корхонаҳои қаннодии тореволютсионӣ бештар фабрикаҳои Эйнем (ҳозира «Красный Октябрь»), Сиу (ҳозира «Болышевик»), фабрикаи Абрикосов (Москва) ва ғайра машҳур буданд. Дар ин корхонаҳо қариб ҳамаи корҳо дастӣ иҷро мешуданд. Рӯзи корӣ 10—12 соат буд.

kannodi
Саноати қаннодии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР-дар панҷсолаҳои пешазҷангӣ (1929—40) босуръат тараққӣ кард, бисёр корхонаҳои мавҷуда аз нав таҷҳитзонида ва дар шаҳрҳои гуногун 50 фабрикаи нави қаннодӣ сохта шуданд. Дар натиҷаи механиконӣ истеҳсоли маснуоти қаннодӣ хеле афзуд. Соли 1940 фабрикаи қаннодии «Красный Октябрь» (Москва) 55,4 ҳазор тонна ва фабрикаи «Большевик» 54,3 ҳазор тонна маснуоти қаннодӣ бароварданд.
Солҳои 1946—1970 қариб 60 фабрикаи қаннодии универсалӣ, аз ҷумла 25 корхонаи ҳаҷми истеҳсоли ҳар кадом аз 10 то 25 ҳазор тонна сохта шуданд. Соли 1969 дар шаҳри Куйбышев фабрикаи шоколад (калонтарин дар Европа) ба кор даромад. Истеҳсоли маснуоти қанно- дӣ 28,5 баробар афзуда, аз 125 то ба 3750 ҳазор тонна (1979) ва ба ҳар сари аҳолӣ аз 0,8 то ба 13,5 килограмм расид.
Просессҳои истеҳсолии Саноати қаннодии ҳозиразамон ба дараҷаи баланд механиконида шудаанд. Саноати қаннодӣ дар респуб- ликаҳои иттифоқӣ тараққӣ карда истодааст. Шираворпазӣ касби қадимаи тоҷикон аст. Ҳунармандони тоҷик аз ашёи хоми маҳаллӣ хелҳои гуногуни шираворҳои миллӣ — нишолло, мураббо, ҳалво, парварда, набот, печак, обидандон ва ғайра таиёр мекарданд. Дар Тоҷикистони тореволютсионӣ шираворро дар корхонаҳои хурди ҳунармандӣ мепухтанд. Солҳои Ҳокимияти Советӣ истеҳсоли ширавор афзуд.
Соли 1964 аввалин корхонаи калони Саноати қаннодӣ— Фабрикан «Ширин» ба кор даромад. Пас аз он фабрикаҳои якум (Душанбе) ва дуюм (Ленинобод) сохта шуданд, Иттиҳодияи «Лаззат» ба кор даромад. Саноати қаннодии республика дорои 11 корхонаи мустақил аст, ки онҳо садҳо нафар коргарон доранд. Ин корхонаҳо соле 31,9 миллион сӯмина (1982) маҳсулот мебароранд. Вазни қиёсии Саноати қаннодӣ дар саноати хӯроквории республика аз рӯи миқдори корхонаҳо, шумораи коргарон ва ҳаҷми маҳсулот хеле хурд аст. Дар корхонаи калонтарин Фабрикаи «Ширин» 77% коргарони Саноати қаннодии республика кор мекунанд. Ин фабрика 74% маҳсулоти қаниодии республикаро мебарорад.
Адабиёт: Федоровский А. Б„ Кондитерская промышленность Союза Советских Социалистических Республик СССР за годы Советской власти. Москва„ 1959; Соломонов Ш. М„ Развитие социалистической промышленности Таджикистана, Душанбе„ 1967; Справочник кондитера, частӣ 1—2, Москва„ 1966 —1970; Советский Таджикистан за 60 лет. Статсборник, Душанбе„ 1984. М. Н. Нурназаров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …