Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САНОАТИ ҶАНГАЛ

САНОАТИ ҶАНГАЛ

САНОАТИ ҶАНГАЛ, маҷмӯи соҳаҳои саноатро гӯянд, ки ба дарахтбурӣ ва коркарди чӯб машғул аст. Таиёр кардани чӯб (чӯббурӣ, истифодаи чӯб) марҳалаи охирини истеҳсолоти хоҷагии ҷангал аст. Дар мамлакатҳо ва ноҳияҳое, ки захираи ҷангалашон кам аст, чӯбро одатан муассисаю корхонаҳои худи хоҷагиҳои ҷангал (муассисаҳои ҷангалдорӣ) тайёр мекунанд. Дар мамлакату ноҳияҳое, ки захираи калони ҷангали табиӣ доранд, барои тайёр кардани чӯб саноати мустақили дарахтбурӣ мавҷуд аст. Дар натиҷаи прогресси илмию техникӣ ва афзоиши тақсимоти ҷамъиятии меҳнат дар Саноати ҷангал соҳаҳои нав ба вуҷуд омаданд, ки минбаъд ба соҳаҳои ҷудогона табдил ёфтанд.

jangal

Саноати ҷангали Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических СССР, ки ҳазор номгӯй маҳсулот мебарорад, якчанд гурӯҳҳои истеҳсолоти коркарди механикию химиявии чӯб, маҳсулоти чӯб (саноати чӯбу тахта) ва ғайраро муттаҳид мекунад. Ба Саноати ҷангал инчунин саноатҳои селлюлозаю коғаз, гидролиз ва химияи чӯб мансубанд.
Баробари инкишофи Саноати ҷангал дар он соҳаҳои нав, ки талаботи иқтисодии мамлакатро пурра қонеъ гардонида, самарабахшии истеҳсолоти ҷамъиятиро баланд мебардоранд мавқеи муҳим пайдо мекунанд. Тараққии босуръати истеҳсоли тахтаҳои аз ар- рамайда сохташуда, картон ва ғайра, ки ба ҷои чӯбу тахта ба кор мера- ванд, барои бо маснуоти ҳархелаю ашёи чӯбӣ пурратар таъмин кар- дани эҳтиёҷи рӯзафзуни хоҷагии халқ (бе тезонидани дарахтбурӣ) им- кон медиҳад. Соли 1980 ҷангалзори Тоҷикистон 364,8 ҳазор гектар (2,9% масоҳати умумӣ) буд. Дар се соли охири панҷсолаи 10-ум дар республика 15 ҳазор гектар ҷангалзор бунёд карданд. Дар солҳои 1960—1982 адади корхонаҳои Саноати ҷангал ва саноати чӯбу тахта аз 215 ба 279 расид, маҳсулоти онҳо 4,3 баробар афзуд. Соли 1982 хоҷагиҳои ҷангали республика 3 миллион сӯмина маҳсулот бароварданд. Н. Бердиева.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …