Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САНОАТ – индустрия

САНОАТ – индустрия

САНОАТ, индустрия, соҳаи муҳимтарини истеҳсолоти моддист, ки истихроҷ, коркарди сарватҳои табиӣ ва маҳсулоти хоҷагии қишлоқро дар бар гирифта, тамоми соҳаҳои иқтисодиётро бо воситаҳои истеҳсолот таъмип мекунад, қисми зиёди молҳои ис-теъмолиро медиҳад. Саноат дар тараққии қувваҳои истеҳсолкунанда мавқеи асоси дорад. Саноат аз ҷиҳати таъиноти иқтисодӣ, истифодаи маҳсулоти истеҳсолшуда ва мавқеи маҳсулот дар такрористеҳсол ба гурӯҳи «А» (истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот) ва «Б» (истеҳсоли маҳсулоти истеъмолӣ) тақсим мешавад. Саноат аз рӯи марҳалаҳои истеҳсол ва истифодаи молҳои истеҳсолӣ ба Саноати истихроҷ (истеҳсоли ашёи хом ва сӯзишворӣ) ва коркард (коркарди ашёи хом ва масолеҳ, ннчунин маҳсулоти хоҷагии қишлоқ) ҷудо мешавад. Соҳаҳои муҳимтарини Саноат: энергетика, мошинсозӣ, саноати сабук, саноати хурокворӣ, саноати химия, саноати чубу тахта, саноати селлюлозаю коғаз, Саноати масолеҳи бинокорӣ, саноати асбобсозӣ.

sanoat
Саноат чун соҳаи мустақили истеҳсолоти ҷамъиятӣ дар давраи аз деҳқонӣ ҷудо шудани косибӣ ба вуҷуд омад. Косибӣ дар давраи феодализм дар шаҳрҳо ба шакли сехҳо ривоҷ ёфт. Дар мулкҳои феодалӣ саноати вотчинӣ вуҷуд дошт. Саноати капиталистӣ, ки дар давраи феодализм (асрҳои 14—15) пайдо шудааст, се марҳалаи тараққиёт — кооперасияи оддӣ, мануфактура ва фабрикаро аз сар гу-зарондааст. Дар натиҷаи табаддулоти саноатӣ ҷои меҳнати дастиро меҳнати мошинӣ гирифт. Индустрияи калони мошинӣ бори аввал дар Британияи Кабир рӯ ба тараққӣ ниҳод. Дар нимаи дуюми асри 19 суръати тараққии Саноати Британияи Кабир суст шуд ва баръакс Саноати Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва Германия босуръат тараққӣ карда, то ибтидои асри 20 аз ҷиҳати ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ аз Британияи Кабир пеш гузашт.
Саноати капиталистии Россия аз ибтидои асри 18 дар шакли мануфактураҳои калоп тараққӣ кард. Дар Россия дар ниман якуми асри 19 табаддулоти саноатӣ сар шуда, охири солҳои 70 ва аввали солҳои 80 асри 19 ба охир расид. Дар нимаи якуми асри 19 бисёр корхонаҳои калони саноатӣ сохта шуданд. Суръати тараққии истеҳсолоти мошинӣ хусусан баъди барҳам хӯрдани ҳуқуқи крепостноӣ (1861) хеле афзуд. Дараҷаи тараққӣ ва консентрасияи истеҳсолоти мошинӣ дар Россия назар ба Европаи Ғарбӣ баланд буд. Соли 1890 дар корхонаҳон калони Россия 46%коргарон кор мекарданд ва 43% тамоми истеҳсолотро муттаҳид карданд. Аммо Россияи тореволютсионӣ мамлакати аз ҷиҳати нқтисодиёташ қафомондаи аграрӣ буд. Соли 1913 маҳсулоти Саноат 42% ва маҳсулоти хоҷагии қишлоқ 58% ҳаҷми истеҳсолоти мамлакатро ташкил медод. Дараҷаи тараққии техникии Саноат хеле паст буд. Саноат бештар маҳсулоти истеъмолӣ мебаровард. Россия, ки дар ҷаҳон аз ҷиҳати масоҳат ҷои 1-ум ва аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ ҷои 3-юмро ишғол мекард, то соли 1914 аз рӯи ҳаҷми маҳсулотн саноатӣ дар ҷаҳон ҷои 5-ум ва дар Европа ҷои 4-умро мегирифт. Соли 1913 Саноати Россия назар ба Штатҳои Муттаҳидаи Америка 8, Германия тақрибан 3,5, Британияи Кабир 3, Франсия 1,5 баробар кам маҳсулот баровард. Саноат дар ҳудуди мамлакат нобаробар ҷойгир буд, 3/4 ҳиссаи ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба ноҳияҳои Москва, Иваново, Петербург ва Украина рост меомад, дар ноҳияҳои шарқӣ ва ҷанубии мамлакат Саноат ниҳоят қафо монда буд.
Соли 1913 Россияи подшоҳӣ бештар аз 4% маҳсулоти саноатии ҷаҳонро медоду бас.
Дар давраи империализм консентрасияи истеҳсолоти саноатӣ авҷ гирифт, қисми зиёди маҳсулоти ин соҳа ба гурӯҳи хурди монополияҳо тааллуқ дошт. Соҳаҳои бо истеҳсолоти ҳарбӣ алоқаманди Саноати мамлакатҳои капиталистӣ, хусусан баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ босуръат тараққӣ карданд. Дар натиҷаи милитариза- сияи иқтисодиёт комплекси ҳарбию саноатӣ ба вуҷуд омад. Барои бозори фурӯши маҳсулоти саноатӣ ва манбаи ашёи хом байни мамла- катҳои капиталистӣ мубориза тезу тунд мешавад. Ҳоло Штатҳои Муттаҳидаи Америка 40,8%, Япония 9.4%, Республикаи Федеративии Германия 8,5%, Британияи Кабир 3.2%-и маҳсулоти саноатии дунёи капиталистиро мебарорад. Бӯҳронҳои иқтисодӣ, бо иқтидори пурра кор накардани корхонаҳо ва торафт пастшавии қобилияти молхарии меҳнаткашон суръати тараққии Саноати мамлакатҳои капиталистиро суст мекунад.
Саноати сотсиалистӣ аз Саноати капиталистӣ ба кулли фарқ дорад. Моликияти ҷамияти будани воситаҳои истеҳсолот асоси Саноати сотсиалистиро ташкил медиҳад, ки он мувофиқи план тараққӣ карда, ба ҳарчи пурра қонеъ гардондани талаботи моддию маънавии нигарониди шудааст. Истеҳсолоти сотсиалистӣ дар асоси пешрафти прогресси илмию техникӣ мунтазам инкишоф меёбад.
Тараққии Саноати сотсиалистӣ бо пешрафти сектори давлатии хоҷагии халқ сахт алоқаманд аст. Дар давраҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, Ҷанги гражданӣ ва интервенсияи ҳарбӣ Саноати бе ин ҳам қафомондаи Россия вайрон шуда буд. Соли 1920 истеҳсоли маҳсулоти Саноати калон назар ба соли 1913 тақрибан 7 маротиба кам шуд. Дав- латҳои капиталистӣ ҳама гуна робитаи иқтисодиро аз Республикаи Советӣ канданд. Бинобар ин Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР Саноатро бояд бо қувваи худ барқарор мекард ва тараққӣ медод. Декабри 1920 бо ташаббуси Владимир Илич Ленин дар Съезди 8-уми Советҳо Плани давлатии электриконии Россия — ГОЭЛРО муҳокима ва тасдиқ карда шуд. Ин план на танҳо электриконӣ, инчунин ҳама соҳаҳои асосии хоҷагиро дар бар гирифта, дар ҷобаҷогузорни Саноат тағйироти куллӣ пешбинӣ кард. Сиёсати нави иқтисодӣ (НЭП, 1921) давом ва инкишофи плани ленинии барпо намудани асоси иқтисодиёти сотсиалистӣ буд. Ҳанӯз солҳон аввали НЭП истеҳсолоти саноатӣ рӯ ба тараққӣ ниҳода, аз соли 1921 то 1923 ҳаҷми он тақрибан 2 баробар афзуд.
Соли 1925 Съезди 14-уми ВКП (б) роҳи индустронии мамлакатро (нигаред Индустронӣ) муайян кард. Аз солҳои 1928—29 сар карда иқтисодиёти советӣ дар асоси планҳои панҷсола инкишоф ёфт (нигред Планҳои панҷсолаи тараққии хоҷагии халқи Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР). Дар давоми ланҷсолаҳои пеш аз ҷанг дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР 9 ҳазор корхонаҳои
калони саноатии давлатӣ ба кор даромаданд. Бисёр корхонаҳо аз нав сохта шуданд. Соҳаҳои нави Саноат— тракторсозӣ, автомобил, авиатсия ва ғайра ба вуҷуд омаданд. Кадрҳои баландихтисоси коргару коркунони инженерию техникӣ тайёр карда шуданд, Соли 1937 зиёда аз 80% маҳсулоти саноатиро корхонаҳои нав истеҳсол карданд. Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР дар арафаи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз ҷиҳати ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар Европа ба ҷои якум ва дар ҷаҳои ба ҷои дуюм баромад. Соли 1940 ҳаҷми умумии маҳсулоти Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР назар ба соли 1913-ум 7,7, аз он ҷумла маҳсулоти Саноати мошинсозӣ ва коркарди металл 30 баробар афзуд. Саноат ба соҳаи асосии хоҷагии халқ мубаддал гашт. Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР ба мамлакати индустриалӣ табдил ёфт. Заминаи мустаҳками моддие, ки тараққии Саноат таъмин карда буд, дар солҳои Ҷанги Буаурги Ватанӣ барои торумори фашистони истилогари немис хизмат кард. Ҷанг ба иқтисодиёти Иттифоқи Советӣ зарари калон расонд. Мамлакат қариб 30% боигарии миллиро аз даст дод. Фашистони истилогари немис 31850 корхонаҳои саноатиро вайрои карда, заводҳои металлургиро, ки дар онҳо қариб 60% пӯлоди мамлакат гудохта мешуд, аз кор бароварданд. Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР соли 1945-ум 92% маҳсулоти умумии соли 1940-ро истеҳсол намуд. Баъди ҷанг Саноати Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР махсусан Саноати мошинсозӣ, химия, энергетика, радиоэлектроника ва ғайра босуръат тараққӣ кард. Дар ҷобаҷогузории Саноат тағйироти калон ба амал омад. Дар но- ҳияҳои Щимоли Ақсо, Сибир, Шарқи Дур, Осиёи Миёна марказҳои нави саноатӣ сохта шуданд. Соли 1979 дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР ҳаҷми умумии маҳсулоти саноат назар ба соли 1913-ум 157 ма- ротиба афзуд. Дар давраи ҳозира барои бомуваффақият тараққӣ кар- дани Саноат интенсивонии истеҳсолот, беҳтар намудани сохти он, тараққии соҳаҳои муҳим, такмили роҳбарии Саноат, интеграсияи иқтисодии мамлакатҳои- иттиҳоди сотсиалистӣ ва ғайра аҳамияти калон доранд (нигаред низ фасли Хоҷагии халқ дар мақолаи Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ).
Дар истеҳсолоти саноати ҷаҳонӣ ҳиссаи Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР торафт меафзояд. Суръати тараққии истеҳсолоти Саноати Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР назар ба мамлакатҳои мутараққии капиталистӣ, аз ҷумла Штатҳои Муттаҳидаи Америка хеле баланд аст. Солҳои 4951—79 суръати солонаи афзоиши маҳсулоти саноат ба ҳисоби миёна дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР 8,9%, дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка бошад, 4,3% буд.
Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР истеҳсоли навъҳои му- ҳимтарини маҳсулоти саноатӣ сол то сол меафзояд.
Дар тараққии индустрияи Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси техникӣ аҳамияти калон до- рад. Соли 1980 дар корхонаҳои саноатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР 7236 ҳазор мутахассиси дорои маълумоти олӣ ва миёнаи махсус (соли 1965-ум 2525 ҳазор нафар) кор мекарданд. Бо техникаи нав таҷҳизонидани Саноати ҳозиразамон, афзоиши ихтисоснокшавии кадрҳо ва ташкили илмии истеҳсолот ба суръати баланди афзоиши ҳосилнокии меҳнат замина гузошт. Дараҷаи ҳосилнокии меҳнати коргарони Саноаи Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР соли 1945назар ба соли 1940-ум 1,1; 1950-ум 1,5; 1965-ум 3,7; 1970-ум 4,9; 1975-ум 6,6 ва 1979-ум 7,5 баробар афзуд.
Базаи ашёи хоми Саноати Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР бу- зург аст. Бо вуҷуди афзоиши роли масолеҳи синтетикию сунъӣ дар за- минаи ашёи хоми Саноати Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР мисли пештара захираҳои табиӣ мавқеи асосиро ишғол мекунанд.
Индустронӣ ҳамаи республикаҳои иттифоқиро фаро гирифт. Онҳо дар солҳои Ҳокимияти Советӣ ба ноҳияҳои тараққикардаи саноатӣ табдил ёфтанд ва дар тақсимоти меҳнати ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд. Афзоиши Саноати республикаҳои иттифоқӣ ба тараққии комплексии хоҷагии халқи онҳо, баландшавии устувори некӯаҳволии моддӣ ва дараҷаи мадании аҳолӣ кӯмак расонд. Суръати тараққии Саноати республикаҳои иттифоқӣ дар ҷадвали 2 нишон дода шудааст.
Вазифаи асосии Саноат минбаъд васеъ намудан ва такмил додани базаи индустриалии иқтисодиёти сотсиалистӣ мебошад.
Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС ва Ҳукумати Советӣ ба мутаносибан тараққӣ кард Саноати республикаҳо ва ноҳияҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР эътибори калон дода ба онҳо барои тезонидани индустронии хоҷагии халқ мадад мерасонанд. Саноати Тоҷикистон соҳаи калонтарини истеҳсолоти моддӣ буда ба дараҷаи тараққии қувваҳои истеҳсолӣ, ки аз маҷмӯи корхонаҳо (заводу фабрикаҳо, иттиҳодияҳо, конҳо, стансияҳои электрӣ) иборат аст, таъсири калон мерасонад. Саноати Тоҷикистон танҳо дар солҳои Ҳокимияти Советӣ ба вуҷуд омад. То ғалабаи Револбтсияи Октябр То- ҷикистон фақат саноати косибӣ дошт, ки он асосан дар шимоли рес- публика тараққӣ мекард. Соли 1913 дар ҳудуди республика якчанд корхонаҳои хурд кор мекарданд. Дар натиҷаи ёрии беғаразонаи халқҳои бародари Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР дар республика дар зарфи панҷсолаҳои пеш аз ҷанг чунии соҳаҳои саноатӣ рӯ ба тараққӣ ниҳоданд: Саноати равғанкашӣ, консерв, майкашӣ, дӯзандагӣ ва чармгарӣ. Баробари тараққии саноати сабук ва хӯрокворӣ саноати вазнин ҳам инкишоф ёфт. Аввалин стансияҳои электрии олавӣ, корхонаҳои саноати масолеҳи бинокорӣ, заводҳо, сехҳои таъмири механикӣ сохта шуданд.
Соли 1940 маҳсулоти умумии Саноати Тоҷикистои назар ба соли 1913-ум 8,8 маротиба афзуд. Солҳои ҷанг Саноат барои эҳтиёҷоти фронт маҳсулот баровард ва аввалин корхонаҳои мошинсозӣ ба вуҷуд омаданд. Навбати 1-уми Комбинати бофандагии Душанбе ба кор даромад. Солҳои баъди ҷанг (то соли 1960) маҳсулоти умумии Саноати Тоҷикистон назар ба соли 1940-ум 4,3 маротиба афзуд. Солҳои охир истеҳсоли маҳсулоти умумии республика 2 баробар (назар ба соли 1940-ум 17) зиёд шуд. Махсусан дар зарфи 10—15 соли охир дар натиҷаи тадбирҳои партия ва ҳукумат ба саҳми Саноат 58,7% маҳсулоти ҷамъиятӣ, 36,0% даромади миллӣ ва қисми зиёди коргарону арзиши фондҳои асосии истеҳсолии хоҷагии халқи республика рост меояд.
Дар солҳои панҷсолаҳои 9-ум, 10- ум ва 11-ум мувофиқи қарорҳои съездҳои 24—26-уми Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС роҳи таш- кил намудани иттиҳодияҳои истеҳсолӣ пеш гирифта шуд. Ҳоло дар республика зиёда аз 50 иттиҳодияҳои гуногун амал мекунанд (нигаред ҷадвали 3).
Қариб 400 корхонаҳои саноатии республика дар баланси мустақил мебошанд, Танҳо дар даҳ соли охир миқдору саҳми корхонаю сехҳои бакордаромада назар ба солҳои ҳамаи панҷсолаҳои гузашта зиёд аст. Саноати республика сол то сол босуръат тараққӣ мекунад (нигаред ҷадвали 4).
Тоҷикистон намудҳои гуногуни маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мекунад. Соли 1979-ум 10 563 миллион килоВатт-сония энергияи электр, 213 миллион метрэ газ, садҳо ҳазор тонна ангишт, 379 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ (ба ҳисоби воҳиди шартӣ), 6,3 миллион сӯмина қисмҳои эҳтиётии трактор, 4,7 миллион сӯмина қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ истеҳсол карда шуд. Саноати республика мас- нуоти кабелӣ, таҷҳизоти техникию рӯшноӣ, мошинҳои ресандагӣ,
аппаратҳои электрии пастшиддат, консруксияҳои оҳану бетони васлшаванда, яхдон, нахи пахта, қолин, мебел ва як қатор маҳсулоти Саноати хӯрокворӣ низ истеҳсол мекунад. Саноати республика дар як рӯз (соли 1978) 23,3 миллион килоВатт.-сония энсргияи электр (1940, 0,2 миллион кило Ватт.-сония), 7,3 ҳазор трансформатори қуввагӣ (1940, истеҳсол нашудааст), 24,7 насоси марказгурез (1940, истеҳсол нашудааст), 0,8 ҳазор тонна нахи пахта (1940, 0,2 ҳазор тонна), 258,1 тонна равғани растанӣ, 12,1 ҳазор либосҳои трикотажии рӯ (1940, 0,03 ҳазор адад) истеҳсол мекунад. Маҳсулоти Саноати Тоҷикистон на танҳо ба республикаҳои бародарӣ, инчунин ба 45 мамлакати хориҷӣ фиристода мешавад. Маҳсулоти иттиҳодияи «Гидроизол», қолин дастгоҳҳои заводи «Тоҷиктекстилмаш»-и ба номи Дзержинский ба 20 мамлакати хориҷӣ фиристода мешавад. Ба Саноати Тоҷикистон аф- зоиши фоидҳои асосии саноатию истеҳсолӣ хос аст. Фондҳои асосии саноатию истеҳсолии Саноати Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1978 назар ба соли 1965-ум 3,9 баробар афзуд. Соли 1978 фондҳои асосии саноатию истеҳсолии электроэнергетика 5,4, сӯзишворӣ 3,7, мошинсозию коркарди металл 3,2, масолеҳи бино- корӣ 2,3 ва хӯрокворӣ 3,3 маротиба зиёд шуданд. Ҳосилнокии меҳнат дар Саноати Тоҷикистон босуръат меафзояд. Аз ибтидои солҳои 60 дар структураи соҳаҳои Саноат тағйироти калон ба амал омад. Соҳаҳои Саноати вазнин — электроэнергетика, металлургияи ранга, мошинсозӣ, масолеҳи бинокорӣ босуръат тараққӣ карданд. Ба ин- кишофи соҳаҳое, ки ба махсусгардонии истеҳсолоти хоҷагии қишлоқи республика—матоъҳои пахтагин, матоъҳои абрешимӣ, меваю сабзавот, равғанкашӣ ва ғайра алоқаманданд, диққати махсус дода шуд. Хусусияти хоси структураи сохти Саноати ҳозиразамони Тоҷи- кистон Тоҷикистон босуръати соҳаҳои Саноати вазнин мебошад.
Тағйироти структураи Саноати Тоҷикистон (аз ҷиҳати таиноти иқтисодии маҳсулоти истеҳсолшуда) барои солҳои 1961—78 дар ҷадвали 5 нишон дода шудааст.
Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти республика бартарии тараққии истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот, ҳамчунин зиёдшавии навъҳои гуногуни маҳсулоти соҳаҳои Саноат—мошинсозӣ, электроэнергетика, металлургияи ранга, химия ва ғайра, ки воситаҳои истеҳсолот истеҳсол мекунанд, мушоҳида мешавад. Структураи истеҳсолии молҳои истеҳсолӣ низ тағйир ёфтааст. Динамикаи структураи со- ҳавии Саноати республика дар ҷадвали 6 акс ёфтааст.
Соҳаҳо •1060 1965 1970 •1075
Саиоати ваэнин Маҳсулоти умумй 17,5 23.7 25.5 29.3
Фондҳой асосии ис- теҳсолй . . 63,0 68.6 09.3 76,3
Коркунони саноатию истеҳсолй . . . . 41.4 41,5 43.2 45,5
Сапоатм сабук Маҳсу.юти умумй 50,5 50.5 48.3 44.0
Коркӯнони саноа- тию истеҳсолй . . 40,2 42.3 41,0 33.8
Саноати хӯрокворн Маҳсулоти умумй . 22,3 24.9 25,6 25,0
Фондҳои асосии ис- теҳсолй 10.8 11.4 12.2 9.7
Коркунони саноа- тию истеҳсолй . 15,7 13,7 1 13.4 12,7
Дар Саноати Тоҷикистон саҳми Саноати вазнин торафт меафзояд. Саноати вазнин аз соҳаҳои электроэнергетика, сӯзишворӣ, металлургияи ранга, химия, мошинсозӣ ва коркарди металл, Саноати масолеҳи бинокорӣ иборат аст. Баъди пурра ба кор даромадани Стансияи электрии обии Норак, Заводи алюминийи Тоҷикистон, ком- бинатҳои маъдантозакунии Анзоб ва электрохимиявии Ёвон электроэнергетика, металлургияи ранга ва химия боз ҳам тараққӣ кард. Соҳаҳои асосии Саноати сабук — пахтатозакунӣ, матоъҳои пахтагин, матоъҳои пашмин шоҳибофӣ, трикотаж, дӯзандагӣ, чарму пойафзол. Дар Саноати республика ба сабаби васеъ шудани захираи ашёи хом вазни қиёсии Саноати хӯрокворӣ зиёд шудааст. Соҳаҳои асосии Саноати хӯрокворӣ Саноати орду ярма, равғанкашӣ, майкашӣ, меваю сабзавот, гӯшт мебошанд. Барои мукаммал шудани структураи соҳавии Саноат комплекси минтақавию истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ аҳамияти калон дорад. Захираи энергетикаи комплекси минтақавии истещсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ хеле калон аст ва Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон дар байни республпкаҳои бародарӣ аз ҷиҳагти захираи энергияи электр ҷои дуюмро мегирад. Саноати Тоҷикистон дар солҳои панҷсолаи 10- ум боз ҳам тараққӣ кард. Нигаред низ Планҳои панҷсолаи тараққии хоҷа- гии халҷи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон.
Адабиёт: Материалы 26 съезда Коммунистическая Партия Советского Союза. Москва, 1981; Рахимов Р. К., Проблемы эф- фективности и пути развития экономики Таджикистана, Душанбе, 1976; х а м о н м уа ллиф, Промышленность Таджикистана: проблемы развития и резервы повышения эффективности, Душанбе, 1977; К л е ц е л ьм а н У. X., Формирование и развитие промышленных комплексов в Таджинской Советской Социалистической Республики , Душанбе. 1977; Бобосодиқова Г. Б., Опыт работы производственного объединении в промышленности Таджикистана. Душанбе, 1979; Народное хозяйство Таджикской Советской Социалистической Республики в 1978 год. Статистический ежегодник, Душанбе„ 1980.
Г. В. Бобосодиқова.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …