Маълумоти охирин
Главная / Биология / САНО – кассия

САНО – кассия

САНО, санои Макка, санои ҳарам, кассия (Сазз1а), ҷинси гиёҳ, бутта ё дарахтони хурдест аз оилаи сезалпиниҳо (Саеза1р1шсеае). Баргаш мураккаб (иборат аз 5—10 ҷуфт баргчаҳост), паршакл, гулаш зард, баъзан сафед ё сурхтоб. Дар ноҳияҳои тропикӣ ва субтропикии ҳар ду нимкураи замин 500—600 намуди Сано мерӯяд.Баъзе намудҳои Сано аз қадим чун растаниҳои шифобахш маъмул аст.

senna-kassiya-e1523956555365
Абӯалии Сино Саноро чун мусҳил (исҳоловар) ва барои табобати иллати ҷигар, бӯғумдард, ниқрису гулӯзиндонак истифода бурдааст. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик ( КазоқистониҶанубӣ ва Осиёи Миёна 200—370 гектар) асосан Сано-и Маккаро, ки дар биёбони Африка ва нимҷазираи Арабистон месабзад, аз солҳои 30 ин ҷониб мепарваранд. Санои ҳ и нд ӣ низ баъзан парвариш мекунанд. Асосан баргу меваи Саноро (меғундоранд (аз ҳар гектар аз 3,8 то 10 сентнер) ва барои тайёр кар-дани доруи мушаҳҳӣ пстнфода мебаранд.
Адабиёт: В е х о в В. Н., Г у б а н о в И. А., Лебедева Г. Ф.. Культурные растения Союз Советских Социалистических Республик СССР, Москва., 1978.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …