Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САНГСОР

САНГСОР

САНГСОР, як тарзи ҷазои феодалони Шарқ, ки «гунаҳкор»-ро то миён дар замин мегӯронанд ва аз ҳар тараф то вақте бо санг мезананд, ки мурад ва мурдааш дар зери сангҳо пинҳон шавад. Ин тарзи ҷазо раҷм номида мешуд ва мувофиқи таълимоти Қуръон фақат барои зи- но татбиқ мегардид. Дар баъзе ҷойҳо на фақат барои зинокорӣ, балки барои таҳқири дин низ Сангсор мекарданд. Мувофиқи ҳукме, ки қозӣ ё ҳоким мебаровард, одамон ба ҷои муайян ҷамъ омада «гунаҳкор»-ро Сангсор мекарданд.
Бино ба маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ҷазои Сангсор дар Осиёи Миёна низ маъмул будааст. Масалан, А. Вамбери овардааст, ки хонӣ Хева ба мақсади ҳомии дини ислом нишон додани худ барои андаке шаккокӣ нисбат ба дин одамонро сахт ҷазо медодааст. Агар марду зан ба зинокорӣ айбдор дониста шаванд, мардро ба дор мекашидаанд, занро дар зери дор то миён ба замин гӯронда Сангсор мекардаанд. Ҳодисаҳои дар Қӯқанд, Бухоро во дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна Сангсор карда куштани одамон дар дигар маъхазҳои таърихӣ низ нишон дода шудаанд. Садриддин Айнӣ дар 1 қисми IV «Ёддоштҳо»-и худ Сангсор карда шудани аробакашро тасвир кардааст. Мутаассибони дин шоири барҷастаи ӯзбек Ҳамза Ҳакимзода Ниёзиро Сангсор карда куштаанд.
Адабиёт: Айнӣ Садриддин, Ёддоштҳо, қисми 4, Сталинобод, 19 М; В а м б е р и А., Путешествие по Средней Азии…, Москва, 1807; Н а- л и в к и н В. П., Туземцы раньше и теперь, Ташкент, 1913; Садагдар М. И., Основы мусульманского прана, М., 19608.
Ш. Розиқов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …