Маълумоти охирин
Главная / Биология / САНГОБДАВАК

САНГОБДАВАК

САНГОБДАВАК , ҷинсн паррандаест аз оилаи сангобдавикиҳо. Дарозии танаш 16,5—18 сантиметр, думаш дароз, пойҳояш дарозу бориканд. Рангаш сафед ё зарди хокистарнамо ва сиёҳ. 11 намудаш дар Европа, Осиё, Африка паҳн шудааст.

sangobdavak
Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР 5, аз ҷумла дар Тоҷикистон 4 намудаш дида мешавад. Сангобдаваки сафед , Сангобдаваки кӯҳӣ , С.-и пуштсиёҳ ва Сангобдаваки зард. Сангобдавак бештар дар марғзорҳои сернам, ботлоқҳо, соҳили дарёҳо зиндагӣ мекунад. Ҳашарот ва дигар ҳайвонҳои майдаи бемӯҳраю тухми растаниҳоро мехӯрад. Дар замин лона сохта, 4—6 дона тухм мегузорад. Баъди 12—15 шаборӯз аз тухм чӯҷа мебарояд. Бисёр намудҳои Сангобдавак паррандаҳои кӯчӣ мебошанд. Онҳо ба Тоҷикистон баҳорон омада, тирамоҳ боз ба мам- лакатҳои гарм парида мераванд.
И. А. Абдусаломов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …