Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САНГКОРӢ

САНГКОРӢ

САНГКОРӢ, корҳои бинокорнеро гӯянд, ки ҳангоми аз сангҳои табиӣ ё сунъӣ бунёд кардани биною иншоот ба иҷро мерасанд. Сангкорӣ аэ чидани хишт ё санг, соруҷрезӣ ва ғайра, инчунин аз сохтани чӯббасту хавозаҳои бинокорӣ, ба ҷои кор кашонда тайёр кардани масолеҳ ва ғайра иборат аст. Аз замонҳон қадим сар карда гилкорони моҳир биноҳои сангин ва иншооти инженерии мураккаб (манораҳо, пулҳои равоқдор, бомҳои гунбадшакл ва ғайра) месохтанд. Аммо ҳамаи корҳо дастӣ, ниҳоят суст ва фақат дар мавсимҳои гарми сол иҷро карда мешуданд.

sangkori

Устоҳои гилкор ҳамаи корҳои иловагӣ ва асосиро худашон мекарданд. Фақат аз ибтидои асри 20 сар карда дар мамлакатҳои мутараққӣ доир ба механиконидани просессҳои Сангкорӣ чораҳо андешида шуданд. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР технологияи Сангкорӣ аз солҳои 30 сар карда ба дараҷаи на- моён тағйир ёфт ва тадриҷан истифодаи тарзҳон самараноки кор, ас- бобу олоти нав ба роҳ монда шуд, усулҳои бригадавии ташкили меҳнат ҷорӣ гардид.
Деворҳо чанд намуд мешаванд: софсангӣ, сангию бетонӣ, яклухт, сабук, оташбардор ва ғайра. Девори сангию бетонӣ одатан аз 50% санг ва 50% бетон иборат буда, дар қолиб сохта мешавад. Девори я к л у х т аз навъҳои гуногуни хишт бардошта мешавад. Деворҳои с а б у к р о дар ошёнаҳои болои иморат истифода мебаранд. Девори оташбардор барои сохтани конструксияҳое истифода мешавад, ки дучори ҳароратҳои баланд мебошанд. Деворҳои хиштиро бо ғафсии 1, 1/2, 2,2 1/2 хишт ва беш аз он месозанд. Дар вақти иҷрои корҳои Сангкорӣ аз чӯббасту хавозаҳо, кранҳои борбардор ва дигар олоту механизмҳо истифода мебаранд.
А. Тешаев

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …