Главная / Биология / САНГИ ДАНДОН

САНГИ ДАНДОН

САНГИ ДАНДОН, карахшест иборат аз моддаҳои органикӣ ва намакҳо, ки дар рӯи дандонҳо пайдо шуда сахт мешавад. Асосан дар гарданаи дандон ҷойгир мешавад. Баъзан қисми зиёди ғилофак ва решаи дандонро фаро мегирад. Санги дандон аз мунтазам тоза накардани дандонҳо пайдо мешавад.

zubnoy_nalet
П е ш г и р ӣ: мӯътадил хоидани хӯрок, тоза нигоҳ доштан ва ҳар сари вақт ба духтури дандон нишон додани дандонҳо.

Инчунин кобед

saharoza

САХАРОЗА

САХАРОЗА, қанди найшакар ё лаблабу, яке аз муҳимтарин дисахаридҳост, ки дар ҳамаи растаниҳои фотосинтезкунанда мавҷуд …