Маълумоти охирин
Главная / Илм / САНГИ ЧАҚМОҚ

САНГИ ЧАҚМОҚ

САНГИ ЧАҚМОҚ, чақмоқсанг, минералест, ки аз дуоксиди силисии кристаллӣ ва аморфӣ (опал, халседон ё кварс) таркиб ёфтааст. Дар байни оҳаксанг ва таҳнишастҳои давраи табошир дар шакли конкресия ва қабатҳо вомехӯрад.

336_kremen

Санги чақмоқ дар натиҷаи диагенези таҳнишастҳо, категенези ҷинсҳои кӯҳӣ ва фарсоиш ба вуҷуд меояд. Сахтиаш 7. Бинобар қирраҳои тез доштанаш Санги чақмоқро аз асри санг то асри оҳан барои тайёр кардани олоти сангӣ истифода мебурданд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …