Маълумоти охирин
Главная / Техника / САНГЧИНАК

САНГЧИНАК

САНГЧИНАК, мошини сангчинӣ, мошини овеза ё приссипиест, ки ҳангоми тоза кардани замини хоҷагии қишлоқ, роҳсозӣ, сохтмони гидротехникӣ ва корҳои дигар барои чидани санг истифода мебаранд. Сангчинак санги вазнаш то 10 тоннаро бо қувваи трактор ё бо ёрии фишанги дукитфа кашида мебарорад.

sangchinak

Барои кофтану ба воситаҳои нақлиёт бор кардани санг сангковаки боркунандаеро ба кор мебаранд, ки санги вазнаш 10 тоннаро канда, 3 тоннаро ба воситаҳои нақлиёти баландиашон то 2 метр бор мекунад. Сангҳои андозаашон майда ва миёна (диаметрашон аз 12 то 65 сантиметр ва вазнашон 20—30 килограмм)-ро рӯи замин бо мошини УКГ1 —0,6 (расм) ва шонае меғундоранд, ки онҳоро гирифта ба бордони мошин мепартояд. Баъди пур шудани бордон мошинро ба ҷои борфурорӣ кашида мебаранд. УКП- 0,6 дар як соат 2—3 метр3 санг меғундорад. Санги вазнаш то 250 килограммро бо Сангчинаки УКС-0,7, ки ковши дандонадор дорад, ғундошта, аз саҳро берун кашондан мумкин аст. УКС-0,7 дар як соат 0,8—1,0 метр3 санг меғундорад. Сангҳои майда (диаметрашои 5—30 сантиметр)-ро бо мошини ҳаракаташ муттасилс меғундоранд, ки барои ҷудо кардани санг аз хок механизмҳои махсус дорад.

Барои аз замин кашондани санг аз лижаи борфарор ва присепсамосвал (иқтидораш то 6 тонна) истифода мекунанд.

Инчунин кобед

samosval

САМОСВАЛ

САМОСВАЛ, мошини худрез, автомобил, присеп ё нимприсепи боркашест, ки худ борашро холӣ мекунад. Самосвал барои …