Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САНГАР – баррикада

САНГАР – баррикада

САНГАР, баррикада, монеаи сунъӣ, истеҳкоми муваққатӣ, ки аз чӯбу тахта, халтаҳои пурхоку рег, санг, дарахтони ғалтонида ва дигдр ашёи дастрас ба тарвозаи (кӯндалангии) кӯчаю роҳҳо, назди пулҳо, дар ағба ва гузаргоҳҳои кӯҳӣ сохта мешавад. ‘Сангарро ҳанӯз дар асрҳои 13—14 барои(муҳофизат Москва, Рязан, Владимир ва ғайра аз ҳуҷуми муғулу тоторҳо сохта ва истифода карда буданд.

sangar

Дар Тӯронзамин низ Сангарро барои муҳофизат аз ҳамлаи истилогарон — аз ҳуҷуми лашкари Искандари Мақдунӣ, араб, чингизиён, қарахониён, бодиянишинони Шайбонӣ ва ғайра борҳо кор фармудаанд. Аз Сангар коргарон ва аҳолии шӯридаи Париж (1827, 1830, 1832, 1834), Брюосел (1830), Лион (1834), Прага ва Берлин (1848), Дрезден (1849) низ истифода кардаанд. Ҳангоми Коммунаи Париж дар Сангарҳо ҷангҳои шадид рӯй додаанд. Дар рӯзҳои Револютсияи соли 1905 ва Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр мардуми шӯрида ба муқобили қӯшунҳои подшоҳӣ Сангарҳо сохта буданд. Дар давраи Ҷанги гражданӣ (1918—1920) ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) барои муҳофизати баъзе шаҳрҳо аз Сангарҳо истифода намудаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …