Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / САНДУҚЛӢ

САНДУҚЛӢ

САНДУҚЛӢ, Сандиқлӣ, биёбони резгорест воқеи вилоятҳои Қашқадарё, Бухорои Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон ва вилояти Чорҷӯи Республикаи Советии Сотсиалистии Туркманистон. Сандуқлӣ давоми қисми ҷанубии биёбони Қизилқум буда, дар Шимол бо воҳаи Қарокӯл, дар Шарқ бо дашти Қаршӣ ва дар Ғарб бо дарёи Аму ҳамшафат мебошад. Аз Ғарб ба Шарқ ба масофаи 50—70 километр ва аз Шимол ба Ҷануб ба масофаи 70—90 километр тӯл кашидааст. Баландии мутлақаш 200— 290 метр. Аз таҳнишастҳои давраи чорумин (рег, гил, шағал) таркиб ёфтааст. Сандуқлӣ ба тарафи дарёи Аму каме нишеб буда, дар он регтеппаҳои ба самти меридианӣ тӯлкашида ва дар баннашон маҷроҳои хушк, шурзамину тақирҳо ва дар назди дарёи Аму барханҳои равон вомехӯранд. Ҳарорати миёнаи июл 28—29Селсия, январ 0,4°Селсия. Боришоти солона 120—140 миллиметр. Дар Сандуқлӣ саксавул, қандим, шӯра ва растаниҳои эфемерӣ мерӯянд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …