Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САНДИНО Аугусто Сесар

САНДИНО Аугусто Сесар

САНДИНО Аугусто Сесар (18. 5. 1895, Никиноомо, департаменти Масая — 21. 2. 1934, Манагуа), қаҳрамони миллии халқи Никарагуа, генерал (1926). Аз оилаи деҳқон. Борҳо касб иваз намуда, ниҳоят дар ҷустуҷӯи кор ватанро тарк ва дар конҳон Гондурас, Гватомала, саноати нефти Мексика кор кард. Соли 1926 ба ватан бозгашза, ба муборизаи «миллии озодихоҳии зидди империалистони америкоию реаксионерони маҳаллӣ ҳамроҳ шуд. Муборзаи партизание, ки бо сардории Сандино ба муқобили қӯшунҳои ИМА дар Никарагуа давом дошт, дар миёнаҳои соли 1927 ба ҷанги гражданӣ табдил ёфт, ки дар натиҷа мамлакат аз истилогарон озод гардид (январи 1933). Феврали 1934 Сандино, ки барои гуфтушуниди расмӣ бо ҳукумат (оид ба бас кардани ҷанги гражданӣ) ба Манагуа рафта буд, аҳдшиканона кушта шуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …