Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САНДАЛИИ ҒАЗНАВӢ

САНДАЛИИ ҒАЗНАВӢ

САНДАЛИИ ҒАЗНАВӢ Маҷдуддини Абӯшаҷарӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 12). Бино ба маълумоти тазкираҳо дар дарбори Хоразмшоҳиён умр ба сар бурда, дар қасидасароӣ маҳорати фавқулода доштааст. Дар ташбиби қасоиди ӯ васфи табиати афсункор, ишқи ёр, дарди ҳиҷрон хеле зиёд аст. Сандалии Ғазнавӣ қасидае дар мадҳи Паҳлавонҷаҳон Зиёуддин ном шахсе навиштааст, ки дар «Лубоб- ул-албоб»-и* Авфӣ сабт ёфтааст. Матнааш ин аст:
Эй чу дил рафта зи мо, чун ҷон бар мо омада,
Ҳамчу дил з-ин рӯй ҷонро бар ту савдо омада.
Сандалии Ғазнавӣ рубоиҳои зиёде низ навиштааст, ки аксар дар мавзӯи ишқанд: Гуфтам ба дили шикаста: «Чун дорӣ кор,
Бо зулфи шикастаи хам андар хами ёр?»
Дил гуфт: «Ту фориғӣ, зи мо даст бидор,
Мо ҳар ду шикастаро ба ҳам боз гузор».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …