Маълумоти охирин

САНДАЛӢ

САНДАЛӢ, воситаи гармшавӣ, чорпояест, ки фасли зимистон ба рӯи алавдон мегузоранду ба атрофаш мешинанд. Сандалӣ дар байни халқҳои Шарқ, аз ҷумла тоҷикон аз асрҳои миёна маълум буд. Он шаклан мураббаъ (70X70 сантиметр) буда, 60—70 сантиметр баландӣ дорад. Дар қисми поёнии пояҳои Сандалӣ барои пойҳоро гузошта нишастан, тахтачаҳоро ба шакли чиллик мустаҳкам мекунанд, ки онро «гурбадавак» меноманд.

sandali-xona-gahvora

Дар баъзе ноҳияҳо ба қисми болоии пояҳои Сандалӣ тахтачаҳоро тарзе пайваст мекунанд, ки барои зарфи хӯрокдор гузоштан мувофиқ буда, «ошмонак» ном дорад. Ба алавдон хока ва лахчаи ангишт ё ҳезум мегузоранд. Ба суфачаҳои алавдон оташкоб, оташгирак, кӯза, чойҷӯш, чойники об гузоштан мумкин аст. Ба болои Сандалӣ кӯрпа партофта пойҳои худро ба даруни он дароз карда, дар атрофаш бо либоси гарм мешинанд. Сандалӣ дар айни ҳол вазифаи мизро низ адо мекунад; ба болояш дастархон густурда таом мехӯранд. Дар чор тарафи кодокҳои Сандалӣ хобидан мумкин аст. Сандалӣ дар деҳоти Тоҷикистону Ӯзбекистон қисман боқӣ мондааст.
Адабиёт: Е р ш о в Н. Н. [ва дигар, Культура и быт таджикского колхозного крестьянства, Москав, 1954.
А. К. Писарчик.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …