Маълумоти охирин

САНЪАТШИНОСӢ

САНЪАТШИНОСӢ, ба маънои васеаш маҷмӯи фанҳои ҷамъяятиест, ки умуман санъат, маданияти бадеии ҷамъият ва намудҳои ҷудогонаи санъат, муносибати онҳоро ба воқеият, қонунияти инкишоф ва робитаи мутақобилаашонро бо ҳаёти иҷ- тимоӣ ва дигар зуҳуроти мухталифи тамаддун, инчунин ҳамаи масъалаҳои ба шаклу мазмуни асари бадеӣ алоқамандро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Санъатшоносӣ соҳаҳои адабиётшиносӣ дар доираи фанҳои филология, мусиқшиносӣ, театршиносӣ, кино- шиносиро дар бар мегирад. Ба маънои нисбатан маҳдудаш илмест, ки бо тадқиқ ва омӯзиши санъатҳои пластикӣ, яъне санъати тасвирӣ, графика, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ ва ороишию амалӣ машғул аст. Истилоҳи «Санъатшиносӣ» асосан бо маънои маҳдудаш истифода шуда, вобаста ба ҳамин се соҳаи узван алоқаманд — н а з а р и я и санъат, таърихи санъат ва танқиди бадеиро дар бар мегирад. Санъатшоносӣ роҳи эҷодии санъаткоронро мӯайян карда, асарҳои онҳоро таҳлилу тарғиб менамояд.

sanat

Вазифаҳои асосии соҳаҳои Санъатшоносӣ : назарияи Санъатшоносӣ нуқтаи назари иҷтимоӣ, фалсафии ҷамъият ва таъсири онро ба Санъатшоносӣ, масъалаҳои умдаи мундариҷаи ғоявӣ, метод ва шакли бадеӣ, воситаҳои тасвиру ифода, техникаю технологияи санъат, намуд ва жанрҳои онро меомӯзад. Таърихи санъат бо фанни таърих алоқа дошта, умуман таърихи санъати ягон мамлакат ё давраи муайян, инкишофи таърихии намуд ва жанрҳои санъат, тадқиқи эҷодиёти санъаткорони ҷудогона ва ғайраро дар бар мегирад. Танқиди бадеӣ санъат ва зуҳуроти нави онро таҳлилу тадқиқ намуда, ба жанр, намуд ва ҷараёнҳои санъати муосир, фаъолияти эҷодии як кас ё як гурӯҳ эҷодкорон баҳо медиҳад. Вазифаҳои муҳими соҳаҳо ва жанрҳои санъат тавассути рисолаҳои назариявӣ, дастуруламалҳо барои эҷод- корон, тадқиқоти назариявӣ ё таърихӣ (монография), мақола ё маърӯзаҳо оид ба проблемаҳои назариявӣ ё таърихии санъат, обзори тащқидӣ оид ба масъалаҳои рӯзмарраи Санъатшоносӣ ва ғайра муайян карда мешаванд. Таърих, назария ва танқиди санъат бо ҳам- дигар, бо эстетика алоқаи зич доранд.
Таърихи Санъатшоносӣ чун фанни алоҳида асрҳои 16—19 ташаккул ёфта бошад ҳам, унсурҳои Санъатшоносӣ то ин дам дар тар- киби таълимоти фалсафӣ, динӣ ва ғайра омада, маълумоти ҷудогона, тавсияҳо ва ғайраро дар бар мегирифт. Аввалин кӯшишҳои омӯзиши ҷиҳатҳои умдаи назария ва таърихи санъат дар Юнон (асри 4 то милод) сар шудааст. Дар эстетикаи Юнони Қадим санъатро чун воситаи тақлид ба табиат мешумурданд (Арасту санъатро чун маърифати эҷодкорона ва таъмим гирифтаи олам, Афлотун онро чун тарҳи хираи ашёҳо, ки дар навбати худ нусхаҳои идеяҳои мавҳуми ҷовиданд, тавсиф мекунад).

Дар Рими Қадим ба омӯзиши санъати Юнон рағбат доштанд, санъатро таҷассуми ҳиссии идеяҳо мепиндоштанд. Дар ибтидои милод дар мамлакатҳои Осиё оид ба меъморӣ ва санъат рисолае чанд таълиф карда шуданд. Ин рисолаҳо моҳияту таъиноти саноеъро кушода, чун дастуруламал ва сарчашмаи беэътмоди омӯзиш хизмат -мекарданд. «Читралакшана» (асри 1 милод), «Шилпашастра» (асри 5—12) барин рисолаҳои қадими ҳиндӣ, маҷмӯи афкори динию асотирӣ, фалсафию этекӣ ва ғайраро дар бар мегирифт, ки чун дастури дарки зебоӣ асосан барои рассомону санъаткорон таълиф шуда буд. Ба муқобилат ва мамониатҳои дини ислом нигоҳ накарда, дар Шарқи Наздик ва Миёна бисёр рисолаҳое навишта шуданд, ки онҳо чун нишондод ва дастуруламали меъморон, хаттотон ва минётурнигорон буда, анъанаҳои таърихӣ ва афкори гуманистиро талқин мекарданд. Дар «Қавоиди хутут»-и Султоналии Машҳадӣ, «Ҳолоти ҳунарварон»-и Дӯстмуҳаммад, «Гулистони ҳунар»-и Қозӣ Аҳ- мад, «Маноқиби ҳунарварон»-и Мустафо Алии Чалабӣ, «Қонун-ус-су- вар»-и Содиқбеги Афшор ва дигар рисолаҳои Санъатшоносӣ, ки асрҳои 16—17 таълиф ёфтаанд, оид ба просесси эҷодиёт, усул ва воситаҳои тасвир, маҳорати хаттотону минётурнигорони гузашта ва ғайра маълумоти пурқимат гирд оварда шудаанд. Ин рисолаҳо мавқею мақоми санъатро (хаттотӣ, минётурнигори, санъати ороишию-амалӣ ва ғайра) дар зиндагии одамон ва ҳаёти ҷамъият қаламдод намуда, санъатро воситаи дарки олам мешумурданд. Санъати асрҳои 16—17-и шарҳи мусулмонӣ аз ҷанбаи реалистӣ ва анъ- анаҳои санъати халқӣ баҳра мебардошт. Дар Европаи асрҳои миёна Санъатшоносӣ ба як қисми илоҳиёт (теология) табдил ёфта, ақидаеро талқин мекард, ки санъат симои материалии олами улвиро таҷассум мекунад. Усулҳои ороиш ва тавсифи калисою ибодатхонаҳо, дастуруламал ва маслиҳатҳо ба рассомон ва ҳайкалтарошон, нақ- қошон ва бинокорон моҳияти асосии асарҳои Санъатшоносии ин асрҳоро дар бар мегирифтанд. Дар давраи Эҳёи европоӣ барои ташаккули Санъатшоносӣ заминаи боэътимод пайдо шуд. Дар асрҳои 14— 16 баробари анъанаҳои гуманизм ва реализм саъю кӯшиш барои аз ҷиҳати илмӣ асоснок намудан ва аз таъсири калисо озод кардани санъат қувват гирифт. Дар рисолаҳои Санъатшоносии ин давра ба рассомону ҳайкалтарошон роҳу усулҳои гуногун пешкаш гардида, оид ба санъати пластикӣ, назария ва таърихи он асарҳои пур- қимат ба майдон меомад. Дар даврони Эҳёи европоӣ (асри 15) Леонардо да Винчи барин санъаткорон оид ба санъати тасвирӣ, асосҳои илмӣ ва имкониятҳои он, инъикоси ҳаёти маънавии инсон дар санъат ва ғайра фикрҳои амиқу пурарзиш баён кардаанд. Дар асри 16 афкори илми А. Дюрер (Германия) оид ба пропорсияҳо, талабҳои дар назди рассомон гузоштаи П. Аретино (Венесия) доир ба дуруст инъикос намудани воқеият ҳиссаи муқиме дар инкишофи Санъатшоносӣ гардид. Дар асри 17 оид ба санъати Италия ва Европа як қатор асарҳои ҷамъбастӣ, роҳнамоҳо, хроникаи фаъолияти эҷодӣ ва ҳаётии рассомон нашр шудаанд. Санъатшоносӣ дар охири асри 18 ҳамчун фанни алоҳида шакл гирифт. Барои ташаккули Санъатшоносӣ ҳамчун илм алалхусус ғояҳои маърифатпарваронаи Револютсияи буржуазии франсуз ва зиддиятқои тартиботи феодализм мусоидат намуд. Ривоҷи тафаккури иҷтимоии танқидӣ дар санъат боиси чун жанри алоқида шакл гирифтани этюди танқидӣ гардид, саъю кӯшиш барои мақоми реализм ва ғоянокӣ дар санъат авҷ гирифт. Г. Е. Лессинг дар Германия чун назариётчӣ ва тарғиботчии реализм ба майдон баромада, истилоқи «санъати тасвирӣ»-ро ба фанни Санъатшоносӣ дохил кард. Дар Россияи асри 18 тарҷумаи асарҳои санъатшиносии Ғарб (Витрувий, Винола, Палладио) авҷ гирифт, дар солҳои 30 асри мазкур оид ба меъморӣ аввалин рисолаҳои русии П. М. Еропкин, И. К. Коробов пайдо шуданд. Дар охири асри 18 М. В. Ломоносов, Н. И Новиков, В. И. Баженов доир ба соҳаи Санъатшоносӣ фикрҳои пурқимат баён карданд. Дар асри 19 Санъатшоносӣ асоси мустаҳками илмию таърихиро доро гардида, ба проблемаҳои санъати ҳамаи давраҳо ва мамлакатқо даст зад, ҳамчун илм методологияи худро соҳиб шуда, такомул ёфт. Тадқиқоти монументалии К. Ф. Румор (Германия), асарҳои тарғибкунандаи реализми Санъатшоносӣ Стендал, Г. Курбе (Франсия) ба инкишофи Санъатшоносӣ мусоидат намуданд. Доманаи тадқиқоти археологӣ васеъ гардид ва музейҳои бадеӣ кушода шуданд. Дар ин давра ғояҳои эстетикии И. Кант, Ф. В. Шеллинг, Г. Ф. Гегел, афкори диққатангези В. В. Стасов, И. Н. Крамской, Й. Е. Репин доир ба ҳаётӣ будани санъат ва масъулияти иҷтимоии санъаткор, ғояҳои иҷтимоию танқидии.В. Г. Бе- линский, А. И. Герсен, Н. Г. Чернишевский ва дигар барои мавқеъ пайдо кардани реализм дар Санъатшоносӣ заминаи устувор гардиданд. Бо ҷаҳонбинии марксистӣ-ленинӣ мусаллаҳ гардидани Санъатшоносӣ боиси пухта, мукаммал, аз ҷиҳати илмӣ ба диалектикаи материалистӣ мутобиқ шудани ин илм гардид. Карл Маркс ва Фридрих Энгелс ниҳоди эҷодиёти бадеиро ошкор сохта, алоқаи санъатро бо сохти иҷтимоию иқтисодии ҷамъият ва муборизаи синфҳо нишон дода, бо ҷаҳонбинии илми таъмин карданд, роли прогрессивии Санъатшоносиро дар таърих нишон доданд, намунаҳои таҳлили таърихии конкретиро оварданд. Таълимоти Владимир Илич Ленин дар бораи инъикоси ҳаёти иҷтимоӣ будани санъат ва партиявияти он асоси принсипҳои реализми сотсиалистӣ гардида, дар пешравии илми Санъатшоносии советӣ роли калон бозид. Илми Санъатшоносии советӣ дар асоси принсипҳои методологияи марксистию ленинӣ корҳои зиёдеро анҷом дод. Назарияи реализми сотсиалистӣ дар илми Санъатшоносии советӣ мавқеи муҳим дорад. Гарчанде дар асрҳои миёна доир ба Санъатшоносӣ ва ҷиҳатҳои гуногуни санъат рисолаҳои зиёде таълиф шуда бошанд ҳам, он ҳамчун илм дар Тоҷикистон дар солҳои Ҳокимияти Советӣ ривоҷ ёфт. Доир ба таърих ва назарияи санъати халқи тоҷик дар сектори таърихи санъати Институти таърихи Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, Институти давлатии санъати Тоҷикистон тадқиқоти илмӣ бурда мешаванд.
Адабиёт: Маркс Карл и Энгелс Фридрих, Об искусстве, Москва, 1957; Л е н и н Владимир Илич, О культуре и искусстве, Москва, 1956; Современное искусствознание за рубежом, Москва, 1964; П а в л о в П. А., Искусствоведение, дар китоби.: Союз Советских Социалисти- ческих Республик, Москва, 1967; История Европейского искусствознания, Вторая полоовина XIX века, Москва, 1966; История европейского искусствознания, вторая половина XIX века—начало XX века, том 1—2, Москва, 1969; Актуальные проблемы социалистического искусства, Москва, 1978; Вопросы теории социалистического искусства, Москва, 1980.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …