Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / САНЪАТИ ТАСВИРӢ

САНЪАТИ ТАСВИРӢ

САНЪАТИ ТАСВИРӢ, як соҳаи санъати пластикист, ки санъати рассомӣ, графика, ҳайкалтарошӣ ва суратгириро (манзара, портрет, фотоэтюд ва ғайра) дар бар мегирад. Санъати тасвирӣ воқеияти реалию предметҳои мавҷударо тавассути образҳои аёнию идашаванда ва дар шақли табииашон (мувофиқи аслаш) тасвир менамояд, барои ифодаи онҳо аз методи умумикунонӣ, типикунонӣ, инчунин им-кониятҳои гуногуни ҳаҷм, фазо, масофа, ранг ва ғайра истифода мебарад. Асари Санъати тасвирӣ одатан зуҳуроту воқеа ва ҳаракату ҳолати яклаҳзаинаи предмети тасвиршавандаро ифода намояд ҳам, дар асоси он оид ба инкишофу моҳияти воқеа ё симои маънавӣ, ҳолати рӯҳӣ, омолу афкор ва хислату характери одамон тасаввуроти муайяне ҳосил мекунонад.

rassomi-sanati-tasviri

Асарҳои Санъати тасвирӣ инчунин предмету зуҳуроти ғаиривоқеӣ (маҳсули тахайюлоти инсон) ё ягон ҷиҳати чизи воқеиро яктарафа ва аз будааш бештар нишон дода метавонад. Санъати тасвирӣ чун дигар намудҳои санъат як шакли дарки воқеият буда, ҳодисаву воқеаҳои зиндагиро ба таври бадеӣ ифода мекунад ва ғояҳои сиёсӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ ва эстетикиро талқин менамояд. Санъати тасвирӣ ҳодисаҳои ҳаёти иҷтимоиро инъикос намуда, ба онҳо баҳои муайян медиҳад ва аз ин ҷиҳат ҳамчун омили муҳими ташаккули идеали иҷтимоию эстетикии давр ва тарбияи ғоявии ҷамъият хизмат меку над. Зеро айнияти образҳои Санъати тасвирӣ ба санъаткор имкон медиҳад, ки муносибати худро ба зуҳуроту ҳодисаҳои ҳаёт ифода намуда, бо ҳамин васила онро ба тамошобин талқин намояд. Аз ин ҷост, ки Санъати тасвирӣ баробари пайдоишу инкишофи ҷамъияти синфӣ чун яроқи идеологии синфи ҳукмрон ва воситаи талқини системаи муайяни афкору ҷаҳонбинии онҳо дар байни омма хизмат кардааст. Дар натиҷаи худшиносӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии хоси омма Санъати тасвирӣ ба васоити ифодаи идеалҳои умумихалқӣ ва эътирози иҷтимоӣ табдил ёфт. Муборизаи тамоюлҳои ғоявӣ дар соҳаи Санъати тасвирӣ , алалхусус, дар давраи капитализми мутараққӣ тезутунд шуда, дар шароити ҳозира ба яке аз қисматҳои муборизаи умумии идеологии ду система — капитализм ва сотсиализм мубаддал гардидааст.
Т а ъ р и х и Санъати тасвирӣ аз ҷамъияти ибтидоӣ оғоз ёфтааст. Намунаҳои ин санъат (расмҳо, ҳайкалчаҳои аз гил, санг ва устухон сохташуда) меҳнату фаъолияти инсонро акс намудааст. Дар ҷамъияти ғуломдорӣ офаридани симои инсон (дар тимсоли худоён, ҳокимон, қаҳрамонҳо ва дигар) мавқеи хос пайдо кард. Санъати тасвирии Мисри Қадим бо инъикоси лавҳаҳои ҳаёти реалӣ ва асарҳои санъати тасвирию ҳайкалтарошиаш сазовори диққат аст. Дар осори Санъати тасвирии Юнон ва Рими Қадим баробари симои зоҳирӣ олами маънавию ҳолати рӯҳии одамон моҳирона ифода шудаанд, ки ба ин боқимондаҳои нигоришоти рӯидевориву хотамкории биноҳо, шикастапораҳои релефу ҳайкалҳо ва ғайра далолат мекунанд. Бозёфтҳои осори рассомӣ ва ҳайкалтарошии Тупроққалъа, Варахша ва Панҷакент аз инкишофи Санъати тасвирии Осиёи Миёна ва алалхусус мардуми тоҷик дар давраи то ислом шаҳодат медиҳанд. Давраи Эҳё дар таърихи Санъати тасвирӣ саҳифаи нав кушод. Саромадони Санъати тасвирии ин давр Леонардо да Винчи, Рафа-эл, Микеланҷело, Тисиан ва дигар дар асарҳои худ қудрату зебоӣ, бузур-гию заковати инсон, тантанаи адолат ва ғояҳои инсондустиро талқин намудаанд. Дар давраи феодализм Санъати тасвирии Европаи Ғарбӣ ба қуллаи олии худ — готика расид. Дар ин давра дар Ҳиндустон, Хитой, Ҳиндухитой, Индонезия, Япония Санъати тасвирӣ ниҳоят ин-кишоф ёфт; маъбаду қасрҳо бо тасвиру тазйиноти бошукӯҳ ва релефу ҳайкалҳои боҳашам оро ёфт. Асрҳои 17—19 дар Европа як қатор равияву услубҳои эҷодӣ — барокко, рококо, классисизм ба майдон омаданд. Дар асри 19 академизм ривоҷ ёфта, ҳамчунин бо таъсири ҳаракатҳои револютсионии буржуазӣ-демократӣ ва рӯҳияи миллии озодихоҳӣ романтизм васеъ паҳн шуд. Аз охири асри 16 сар карда реализм чун воситаи эътимодбахши ифодаи воқеаҳоя муҳими иҷ-тимоӣ ва ҳолату рӯҳияи инсон ба миён омад ва бартарии худро нисбат ба дигар услубу равияҳои эҷодӣ исбот намуд. Дар асрҳои 19—20 ба туфайли инқирози умумии маданияти буржуазӣ як қатор ҷараёнҳои формалистӣ — абстраксионизм, шаклпарастӣ, футуризм, кубизм ва ғайра пайдо шуданд, ки баръакси реализм ҳаётро яктарафа нишон дода, тамоюлот ва ғоянокии санъатро ошкор мекарданд.
Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар таърихи Санъати тасвирӣ саҳифаи нав кушода, методи реализми сотсиалистиро ба вуҷуд овард. Санъати тасвирии сермиллати советӣ ба принсипҳои партиявият ва халқияти санъат такя намуда, аз беҳтарин анъанаву бозёфтҳои Санъати тасвирии рус ва ҷаҳонӣ баҳравар мегардад. Дар заминаи методи реализми сотсиалистӣ мактабҳои миллӣ ва услубҳои нави эҷодӣ пайдо шуда, Санъати тасвирии республикаҳои иттифоқӣ ба пояи баланд мерасанд (нигаред, низ Санъати рассомӣ, Графика, Ҳайкалтарошӣ ва қисмати Санъати тасвирии мақолаҳои ба ҳамаи мамлакатҳо, Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР, республикаҳои иттифоқӣ ва Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон бахшидашуда).
Адабиёт: Маркс Карл и Энгельс Фридрих, Об искусстве том 1—2, Москва, 1967; Л е н и н Владимир Илич, О литературе и искусстве, Москва, 1969; Всеобщая история искусств, том 1—6, Москва, 1956—1966; Недошивин Г. А., Беседы об искусстве, Москва„ 1970; ҳамон муаллиф, Теоретические проблемы современного изобразительного искусства, Москва. 1972; Кантор А. М., Изобразительное исскуство XX века, Москва, 1973.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …