Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / САНЪАТИ ОРОИШИ САҲНА

САНЪАТИ ОРОИШИ САҲНА

САНЪАТИ ОРОИШИ САҲНА, санъати офариниши образи аёнии спектакл тавассути декоратсия, костюм, рӯшноӣ ва техникаи саҳнавй. Санъати ороиши саҳна бо ёрии воситаҳои саноеъи рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, меъморӣ ва дигар василаҳои ороишоти саҳна мазмун, мундариҷа ва услуби намоишро инъикос менамояд. Санъати ороиши саҳна аз ҷиҳози оддӣ (костюм, ниқоб ва ғайра) то воситаҳои мураккабтарини техникиро дарбар мегирад. Санъати ороиши саҳна таърихи тӯлонӣ дорад. Дар театри Юнони қадим (асри 5 то милод) намоишҳои театрӣ аввал дар саҳни скенаҳои оддӣ («сцена»-и русӣ аз ҳамин ҷост) ва баъдтар скенаҳои декорасиядор барпо мегардиданд.

oroishi-sahna

Театри Рими Қадим Санъати ороиши саҳнаи юнониёнро такмил дода, бори аввал пардаро истифода бурд. Намоишҳои театрии асрҳои миёна аввалҳо дар ибодатхона ва баъдтар дар назди намои он мегузаштанд. Асрҳои 15— аввали асри 16 дар Италия барои ороиши спектаклҳо декорасияҳон манзаравиро истифода мебурданд. Рассом ва мёъмори барҷаста С. Серлио барои намоишҳои гуногунхарактери театри Италия 3 навъи декорасияро ҷорь кард: барои фоҷиа — манзараи қасру саройҳо, барои мазҳака — майдони шаҳр, барои пасторал (асари драмавии аз ҳаёти чӯпонон) — манзараи ҷангалзор. Ин принсип дар давраи класссисиам мавқеи муҳим пайдо кард. Минбаъд механизмҳои саҳнаъӣ такмил ёфта телария (механизми давразанандаи бо матои мусавварадор рӯкашшуда) маъмул шуд, ки бо ёрии он декорасияро иваз мекарданд. Асрҳои 17—18 дар мамла- катҳои Осиё (алалхусус дар театри Кабукии Япония) воситаҳои техни- кии саҳна такмил ёфт. Театри Россия дар асри 18 Санъати ороиши саҳнаи Европаро истифода мебурдагӣ шуд. Дар асри 18 пайрави ҷараёни романтикии рус рассом А. Роллер дар ороиши саҳна муваффақият пайдо кард. Дар нимаи 2-юми асри 19 рассомони ороишгар ба се навъи ороишоти саҳна — «манзаранигорӣ», «меъморӣ» ва «ҷиҳози саҳнавӣ» пардохтанд. Дар ин давра рассомони намоёии рус В. Д. Поленов, В. М. Васнецов, И. И. Левитан, К. А. Коровин, В. А. Серов, М. А. Врубель ва дигар. Санъати ороиши саҳнаро такмил доданд. Рассомони маҳфили «Олами санъат» (А. Н. Бенуа, М. В. Добужинский, Н. К. Рёрих ва дигар) шӯҳрати Санъати ороиши саҳнаи русро ба миқёси ҷаҳон бароварданд. Револютсияи Ок- тябр ба пешрафти Санъати ороиши саҳнаи советӣ шароит фароҳам овард. Махсусан солҳои 30 дар инкишофи Санъати ороиши саҳна ҳиссаи рассомони советӣ Н. П. Акимов, Н. И. Альтмая, Б. И. Волков, П. В. Вилямс, П. П. Кончаловский, Ю. Н. ‘Пимепов, В. Ф. Рындин, Н. А. Шифрин, К. Ф. Юон, А. Ф. Босулаев, А. П. Василев, С. Б. Вирсаладзе, Н. Н. Золотарёв. В. Г. Шапорин, С. М. Юнович, Э. С. Кочергин, В. Я. Левенталь. О. Кочакидзе, В. Мазурас ва дигар калон аст. Аввалин рассомони театри тоҷик А. Дарченко, П. Жданов, А, Медведев, А. Дулевский, А. Упит, С. Ардон ва дигар бо вуҷуди ороишгар набуданашон спектаклҳои Театри драмаи ба номи Лоҳутиро хуб оро додаанд. Солҳои 1938—39 ба Тоҷикистон аввалин рассомони касбии театр — дастпарварони Академияи Рассомии Ленинград В. Фуфигин ва Е. Чемодуров ба кор омаданд. Дар эҷодиёти онҳо анъанаи Санъати ороиши саҳнаи советӣ бо анъанаи «миллӣ омезиш ёфт. Солҳои 1940—50 рассомон ҳангоми таҷассуми воқеа ба ҳақиқати таърихӣ ва хусусиятҳои этнографӣ истинод мекарданд. Ороиши спектаклҳои «Лола» (мусиқии О Паласанян ва С. Урбах, либреттон С. Саидмуродов), «Шӯриши Восеъ» (мусиқии Баласанян, либреттон М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ) дар Рӯзҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва (1941) баҳои баланд гирифтанд. Декорасияи спектаклҳои «Чашмаи гусфандон»-и Лопе де Вега, «Маллоҳони Каттаро»-и Ф. Волф, «Хонаи Надир»-и Ҷалол Икромӣ ва А. Файко (ороишгари ҳар се спектакл — Е. Чемодуров), ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба саҳна гузошта шуда буданд, мавзуи озодӣ ва озодихоҳӣ, мубориза барои истиқлолро равшан таҷассум кардаанд. Дар даҳсолаҳои баъдиҷангӣ намоишҳои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ — «Моткаи қаромашшоқ»-и П. И. Чайковский, «Кармен»-и Ж. Бизо, «Княз Игор»-и А. П. Бородин, «Лауренсия»-и А. А. Крейн, хусусан балети «Лайлӣ ва Маҷнун»-и С. Баласанян (саҳнанигор Е. Чемодуров) дорои ороишоти нафис, назаррабо ва рӯҳбаландкунанда буд. Офарандагони балети «Лайлӣ ва Маҷнун» сазовори Мукофоти давла-тии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР шуданд. Солҳои 60—70 дар таърихи Санъати ороиши саҳнаи тоҷик саҳифаи наве кушоданд. Дар ин давра Рассоми Халқии Тоҷикистон М. Мухин ҳангоми ороиши спектаклҳои «Рустам ва Сӯҳроб»-и Ғ. Абдулло, «Рӯдакӣ»-и Сотим Улуғзода ва ғайра ҳақиқати таърихиро боварибахш тасвир намуд. Ҳамчунин маҳорати рассомони ороишгар Р. Сафаров, И. Суслов, Г. Мирзохонов, Л. Карнеев ва дигар дар ороиши саҳнаи бисёр спектаклҳои театри тоҷик зоҳир гашт. Солҳои 70 сафи ороишгарони саҳна аз ҳисоби як қатор хатмкунандагони институт ва омӯзишгоҳҳои рассомӣ — 3. Собиров. Я. Муҳаммадқулов, Н. Қурбонқулов, В. Виданов, Ш. Шобутолибов ва дигар пурра шуд ва онҳо дар Санъати ороиши саҳна ба бозёфтҳои нав ноил гаштаанд. Л. Н. Винокурова.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …