Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / САНЪАТИ ОРОИШИ КИТОБ

САНЪАТИ ОРОИШИ КИТОБ

САНЪАТИ ОРОИШИ КИТОБ, яке аз навъҳои эҷоди бадеӣ, ороиши дастхатҳо. Санъати ороиши китоб— маҳсули ранҷи кол- лективонаи қоғазрезон, хушнависон, наққошон, музоҳҳнбон, акссозон, афшонгарон, рангомезон, саҳҳофон ва дигар ҳунарварони асрҳои миёна. Дар меҳнати якҷояи устодони ин ҳунарҳои шево, ки ҳар яке вазифа ва мавқеи хос дошт, пайдарҳамь ва ҳамкории муайяне дида мешавад. Дар асрҳои 15—16 барои китобат бештар коғазҳои аълосифати Самарқанду Бухоро (абрешимӣ ва нимкатонь) истифода мешуд. Барои суфтаву ҷилодор шудан коғазро оҳар медоданд (баъзан барои хушбӯ шуданӣ авроқ онро дар маҳлули гулоб нигоҳ ме- доштанд).

books

Дар тайёр кардани нусхаҳо хушнавис (хаттот ё котиб) мав- қеи аввалиндараҷа дошт. Вай мебоист дар усули хафӣ ва ҷалӣ маҳорат дошта, камаш бо се навъи хат—насх, настаълиқ ва сулс хуб менавишт, ки мувофиқан барои китобати сураҳои Қуръон, ҳадисҳо, матнҳои му- қаррарӣ, инчунин барои навиштани унвон ва фаслу бобҳо зарур буд. Асбоби китобати вай сиёҳӣ, қалам, мистар, қаламтарош ва қаламқатъ буда, ҳама дар қаламдон нигоҳ дошта мешуд. Хушнавис дар айни за- мон сюжетеро интихоб карда, барои мусаввараҳо ҷой мегузошт. Вақте ки нусха бо хати зебои хушнавис китобат мешуд, вай ба дасти лаввоҳ мегузашт ва ӯ тамоми матнро ба дохили чоркунҷае мегирифт, ки он ҷадвал номида шуда, одатан бо хати сурх, баъзан бо рангҳои кабуд ё гилобӣ оро меёфт. Лаввоҳ инчунин сарлавҳа ва унвони нусха, номи фаслу бобҳо, ҳошия ва хотимаи онро меорост. Дар аввали китоб лаввоҳ барои унвон ё сарлавҳа ҷой мегузошт, ки он бештар бо зарҳал ё рангҳои дигар навишта мешуд. Намунаи олии ороиши унвон ва ҳо- шия нусхаи «Силсилат уз-заҳаб»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ (китобаташ соли 1549, дар Китобхонаи давлатии оммавии Ленинград ба номи М. Б. Салтыков-Щедрин), «Тамҳидот»-и Айнулқузот (соли 1479, дар ҳамон китобхона) ва «Хамса»-и Низомӣ (1543, дар Музеи Британия, Лондон) ба ҳисоб меравад. Баъди лаввоҳ мусаввир ё наққош дар ҷойҳои холии асар бо мӯқалами борик аввал тарҳи мусаввараро мекашид, ки он устухон ном дошт. Баъд бо ёрии қалами нозук бо зарҳал ва дигар рангҳо мусаввараро ба анҷом мерасонд. Вай инчунин дар ҳошия ҳар гуна расмҳои зебову боназокати ҳайвоноту паррандаҳо ва набототро мекашид. Ороиши китоб бо кори саҳҳоф ё муқовасоз ба анҷом мерасид. Саҳҳоф нусхаро аввал ҷузъбандӣ мекард, баъд ба он муқова месохт. Коғази хоссаи муқовасозиро мағзӣ меномиданд. Ба рӯи мағзӣ чарми ҳамадонӣ мекашиданд ва онро пеш аз хушк шуданаш нақшбандӣ мекарданд. Беҳтарин намунаи ин гуна муқоваро дар нусхаи «Соқинома»-и Саноӣ (асри 15), ки дар Китобхонаи давлатии оммавии Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон маҳфуз аст, дидан мумкин аст. Санъати ороиши китоби асрҳои миёна дар натиҷаи инкишофи минбаъдаи китобчопкунӣ, санъати полиграфӣ ва нашри оммавии китобҳо мавқеи худро аз даст дод. Нигаред, низ Китоб, Лаввоҳӣ, Хаттотӣ, Чопхонафои тореволютсионии Осиёи Миёна. Э. Оқилов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …